Мы в Telegram
Добавить новость
ru24.net
World News in Tajik
Январь
2023

Новости за 18.01.2023

Сармо маҳсулоти бозорҳои Душанберо "хӯрд"

Ozodi.org 

Сардиҳои охир дар Тоҷикистон, ки ба зиндагии сокинон таъсир гузошт, кишоварзону тоҷирони меваю сабзавотро низ ғофилгир кард. Онҳое, ки натавонистанд, маҳсулоти полезии худро дар ҷойҳои гарм нигоҳ доранд, аз талаф ёфтани он нигарон ҳастанд.

Оксфам мегӯяд, сарвати зиёди ҷаҳон дар дасти чанд нафар аст

Ozodi.org 

Бо идомаи Форуми Ҷаҳонии Иқтисодӣ дар Давоси Швейтсария, ОКСФАМ, як муассисаи имдодӣ, гуфт, теъдоди афроди фавқулода доро ва фавқулода қашшоқ дар ҷаҳон дар 25 соли гузашта ҳамзамон зиёд гардидааст.

Имомхатиб раҳбари дастаи футболи Восеъ шуд. ВИДЕО

Ozodi.org 

Бозигарон ва мураббии дастаи "Ҳулбук"-и ноҳияи Восеъ, дар ҷануби Тоҷикистон, имомхатиби масҷидро раҳбари даста интихоб карданд. Онҳо умед доранд, ки Саидакрам Сироҷев барои пешрафти даста ва роҳ ёфтани он ба мусобиқаҳои баланд мусоидат мекунад. Назарҳо ба кори ӯ яксон нест.

Домулло раҳбари дастаи футбол шуд

Ozodi.org 

Бозигарон ва мураббии дастаи "Ҳулбук" дар ҷануби Тоҷикистон имомхатиби масҷидро раҳбари даста интихоб карданд. Онҳо умед доранд,ки Саидакрам Сироҷев, барои пешрафти даста ва роҳ ёфтани он ба мусобиқаҳои баланд мусоидат мекунад.

Игор Черевченко сармураббии "Истиқлол" шуд

Ozodi.org 

Дастпарвари футболи тоҷик Игор Черевченко, фарзанди бозигари маъруфи “Помир”-и Душанбе Геннадий Черевченко, сармураббии дастаи “Истиқлол”-и Душанбе таъйин гардид.



Падараш гуфт, Абдуллоҳи Шамсиддин эҳтимол аз Олмон ба Тоҷикистон ихроҷ шудааст

Ozodi.org 

Абдуллоҳи Шамсиддин, писари Шамсиддин Саидов, яке аз фаъолони мухолифини тоҷик, ба наздиконаш хабар додааст, ки мақомоти Олмон ӯро дубора ба фурудгоҳ оварданд ва эҳтимол ба Тоҷикистон фиристанд.

Иштироки варзишгарони ҷавони тоҷик дар қаҳрамонии бокси Осиё

Ozodi.org 

Варзишгарони тоҷик дар мусобиқаи қаҳрамонии бокси Осиё миёни муштзанҳои то 22-сола, ки имрӯз, 18-уми январ, дар шаҳри Бангкоки Тайланд оғоз ёфта, то рӯзи 26-уми январ идома хоҳад кард, ширкат меварзанд.

Қирғизистон гуфт, музокираҳо бо Тоҷикистон "суръати бештар гирифтаанд"

Ozodi.org 

Вазири корҳои хориҷии Қирғизистон Жээнбек Кулубоев хабар додааст, ки гуфтугӯҳои марзии кишвараш бо Тоҷикистон дар соли 2023 низ идома мекунанд. Ба иттилои вазир, соли 2022 дар муносибатҳои ду кишвар соли "сахт" буд. Ҷониби Тоҷикистон дар ин маврид чизе нагуфтааст.

Санҷиш: Зарбу тақсим дар нотариусҳои Тоҷикистон

Ozodi.org 

Ҳар сол дар Тоҷикистон беш аз ним миллион амалиёти нотариалӣ анҷом медиҳанд. Аз хариду фурӯши хонаву мошин гирифта то иҷозаи ба хориҷ бурдани кӯдакон, тасдиқи тарҷумаҳо ва тақсими мерос. Таҳқиқот собит кард, ки нотариусҳо дар Тоҷикистон аз корафтодаҳо беш аз миқдори муайяншудаи боҷ "ҳақ" мегиранд

Шикоятҳо аз бебарқӣ ва таъсиси телефони боварии "Шабакаҳои тақсимоти барқ"

Ozodi.org 

Мақомот гуфтанд, барои назорати таъминоти барқ дар кишвар телефонҳои боварӣ таъсис доданд. Ҷамъияти саҳҳомии "Шабакаҳои тақсимоти барқ" дар як хабарномае гуфт, "телефонҳои мазкур бо мақсади кӯмак ба аҳолӣ бобати эътимоднокии таъминоти барқ, муносибати кормандони соҳаи тақсимоти барқ бо муштариён ва шаффофияти кор ташкил шудаанд".   Рақамҳои телефонҳои боварии "Шабакаҳои тақсимоти барқ" -- 778886021 ва 2-50-33-01 будаанд.  Ин рақамҳои боварӣ дар ҳоле фаъол шудаанд, ки шикоятҳо аз хомӯш шудани барқ дар кишвар зиёд аст. Читать дальше...

Боздошти як блогер дар Душанбе барои "паҳн кардани наворҳои таҳқиромез"

Ozodi.org 

Раёсати корҳои дохилии Душанбе аз боздошти як блогери дигар хабар дод. Ин ниҳод рӯзи 17-уми январ дар хабарномае гуфт, Ҳабибулло Ҳимматзода, як блогери 21-сола "дар шабакаи иҷтимоии "Инстаграм" саҳифаи худро кушода, пайваста ба паҳн намудани наворҳои таҳқиромезу пур аз дашном ва алфози қабеҳ машғул аст". Назари Ҳимматзода ва наздиконаш ба иттиҳоми мақомот маълум нест. Маълум нест, ки ӯ дар саҳифаи худ дар "Инстаграм" чӣ гуфтааст. Мақомот дар ин бора ҷузъиёт надоданд. Ба иттилои расмӣ, Додгоҳи ноҳияи... Читать дальше...

Талоши Ҷаҳонгир Маҷидов барои дарёфти имтиёзҳо дар радабандии ҷаҳонии ҷудо

Ozodi.org 

Ҷаҳонгир Маҷидов, варзишгари тоҷик, ба ҳаққи иштирок дар мусобиқаҳое, ки таҳти сарпарастии Федератсияи байналмилалии ҷудо (IJF) баргузор мешаванд, даст ёфт ва акнун барои гирифтани имтиёзҳо ҷиҳати дарёфти роҳхати олимпӣ мубориза хоҳад бурд.

Кореяи Ҷанубӣ барои пешгирӣ аз ҷанҷоли дипломатӣ бо Эрон изҳорот нашр кард

Ozodi.org 

Вазорати корҳои хориҷии Кореяи Ҷанубӣ пас аз изҳороти ҷанҷолии президенти ин кишвар дар бораи Эрон, ба хотири пешгирӣ аз ҷанҷоли дипломатӣ миёни Теҳрон ва Сэул, изҳорот пахш намуд.

Боздошти 2 мард дар Қирғизистон, ки аз Тоҷикистон ҳашиш "интиқол медодаанд"

Ozodi.org 

Вазорати умури дохилии Қирғизистон аз боздошти ду узви гуруҳи ҷиноие хабар додааст, ки гӯиё аз Тоҷикистон ба он кишвар маводи мухаддир интиқол медоданд. Хадамоти матбуотии вазорат мегӯяд, аз боздоштшудаҳо беш аз 12 кило ҳашиш дарёфт ва мусодира шудааст. "Рӯзи 13 январ, соати 19:00 дар назди яке аз масҷидҳои ноҳияи Сокулуқи вилояти Чуй ҳангоми кушиши фурӯши ҳашиш ду мард дастгир карда шуд", - омадааст дар иттилоия. Ин ду мард 54 ва 58 сол дошта, мехостаанд, 12 кило ва 170 грамм ҳашишро фурӯшанд. Читать дальше...

Шойгу дар бораи ислоҳоти артиши Русия ва афзоиши низомиён гуфт

Ozodi.org 

Вазири дифои Русия Сергей Шойгу дар нишасти марбут ба ислоҳоти артиш бо иштироки муовинон ва фармондеҳонаш гуфт, теъдоди нерӯҳои ин кишвар бояд дар давоми се сол ба якуним миллион нафар расонида шавад. Тибқи маълумоти ахир, шумори нерӯҳои Русия дар ҳоли ҳозир ҳудуди як миллион нафарро ташкил медиҳад. Қариб ду миллион каси дигар дар ҳайати захиравӣ қарор доранд. Вазорати дифои Русия дар доираи ин ислоҳот нақша дорад, ки дар Карелия як қисми низомӣ ташкил карда, ҳамчунин "ду иттиҳодияи нави стратегии... Читать дальше...

Узбекистон таътили зимистонаи донишомӯзонро дароз кард

Ozodi.org 

Мақомоти баъзе аз минтақаҳои Узбекистон тасмим гирифтаанд, ба далели идома ёфтани сардиҳо таътили зимистонаро дар мактабҳо то 23 январи имсол дароз кунанд. Расонаҳои маҳаллии Узбекистон хабар додаанд, ки дарс дар мактабҳои Қарақалпоқистон, шаҳри Тошканд, вилоятҳои Тошканд, Андиҷон, Бухоро, Сурхандарё ва Хоразм рӯзи душанбеи ҳафтаи оянда оғоз мешавад. Вазорати таҳсилоти томактабӣ ва мактабии Узбекистон гуфтааст, масъалаи муваққатан ҷорӣ намудани омӯзиши онлайниро баррасӣ мекунад. Таътили зимистона... Читать дальше...


Спорт в России и мире

Новости спорта


Новости тенниса
Елена Рыбакина

Камбэком обернулся матч вундеркинда из России перед стартом Еленой Рыбакиной в Мадриде






Беспроводной сканер штрих-кодов Heroje S-H29W

Суд снова оштрафовал авиакомпанию «Сибирь» за овербукинг

В Москве строители-мигранты напали на защитников детской площадки

Проект из Архангельской области стал победителем четвертого сезона Всероссийского конкурса спортивных проектов «Ты в игре»