Мы в Telegram
Добавить новость
ru24.net
World News in Tajik
Январь
2023

Новости за 09.01.2023

Аз як курсӣ ба курсии дигар. Дар таъйин ба мансаб садоқат ба назар гирифта мешавад ё лаёқат? ВИДЕО

Ozodi.org 

Дар Тоҷикистон мавсими тағйироти кадрӣ оғоз шуд. Муовини аввали нахуствазир ва ду вазир рӯзи панҷуми январ аз мансаб барканор шуда, баъзеи онҳо зуд ба мақоми дигар таъин гардиданд. Чанд ҳамсуҳбати Радиои Озодӣ гуфтанд, тағйироти кадрӣ бештар ба ҷойивазкунии мансабдорон табдил шудааст.

Дар таъйин ба мансаб садоқат ба назар гирифта мешавад ва ё лаёқат?

Ozodi.org 

Соли 2023 чун солҳои қабл бо тағйироти кадрӣ дар ҳукумати Тоҷикистон оғоз шуд. Охири ҳафтаи гузашта муовини аввали нахуствазир барканор ва раиси вилояти Хатлон, калонтарин вилояти Тоҷикистон интихоб шуд. Мансабдоронро аз як мансаб гирифтанду ҷойи дигар таъйин карданд. Ҳосили ин таъйинот чист?

"Мо ба вакилону раисон кор надорем"

Ozodi.org 

Дар Тоҷикистон, ҳар панҷ сол як бор мардум вакилони худро дар порлумон интихоб мекунанд. Вакилон намояндаи мардум ҳисоб мешаванд ва бояд манфиату ҳуқуқи сокинонро ҳимоят кунанд. Оё ин корро мекунанд ва мардум вакилонашонро мешиносанд?

Ҷӯра Ҳошимӣ: "Ба истиқлол расидем, вале бачаҳои мо ҳанӯз шеъри русӣ мехонанд" ВИДЕО

Ozodi.org 

Шоир Ҷӯра Ҳошимӣ, барандаи ҷоизаи ба номи Рӯдакӣ, мегӯяд, адабиёти бачаҳо бояд аз сиёсат ва маҳдудият орӣ бошад. “Дар мавзӯи Модару Ватан менависам. Бидуни ин номумкин аст. Дар бораи ҳукуматдорон шеър навиштан ба хотирам наомадааст,” -- гуфт ӯ дар суҳбат бо Радиои Озодӣ.

Ҷӯра Ҳошимӣ: Шоири кӯдакон шоири кӯчак нест

Ozodi.org 

Шоир Ҷӯра Ҳошимӣ, барандаи ҷоизаи ба номи Рӯдакӣ, мегӯяд, адабиёти бачаҳо бояд аз сиёсат ва маҳдудият орӣ бошад. “Дар мавзӯи Модару Ватан менависам. Бидуни ин номумкин аст. Дар бораи ҳукуматдорон шеър навиштан ба хотирам наомадааст,” -- гуфт ӯ дар суҳбат бо Радиои Озодӣ.



61 қитъаи роҳро дар Қазоқистон бастаанд

Ozodi.org 

Вазорати ҳолатҳои фавқулодаи Қазоқистон хабар додааст, ки дар натиҷаи боридани барфи зиёд ва яхбандӣ 61 қитъаи роҳи мошингард дар саросари ин кишвар баста шуд. Аз ин миён, 21 қитъаи роҳ хусусияти ҷумҳуриявӣ доранд.

Иштироки тоҷикон дар эътирозҳои Қазоқистон. Ҳақ бо кист?

Ozodi.org 

Намояндаи дафтари матбуоти Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон 6-уми январ гуфт, “дар бораи иштироки шаҳрвандон аз роҳҳои расмӣ аз Қазоқистон маълумот нагирифтем.” Додситонии кулли Тоҷикистон рӯзи 7-уми январ иштироки шаҳрвандони кишварро дар эътирозҳои Қазоқистон рад кард.

Пойгоҳи 201-и Русия барои Тоҷикистон мутахассис омода мекунад

Ozodi.org 

Нерӯҳои пойгоҳи 201-уми Русия дар Тоҷикистон дар соли 2023 барои қувваҳои мусаллаҳи кишвар ҳазор мутахассис омода хоҳанд кард. Дар ин бора дафтари матбуоти Ҳавзаи марказии низомии артиши Русия хабар додааст. Ба навиштаи манбаъ, таълими сарбозони тоҷик якбора дар ду размоишгоҳ -- Лоҳур ва Сумбулӣ аз рӯйи 14 ихтисос баргузор мешавад: аз ҷумла ронанда, командири экипажи мушакандози чандгона, тирандози БТР-80 ва БМП-2, афсари иттилоотӣ ва норинҷакандоз. Пас аз анҷоми давраи омӯзиши семоҳа мутахассисони... Читать дальше...

Бишкек, Остона ва Тошканд тарҳи бунёди неругоҳи "Қамбарота"-ро имзо карданд

Ozodi.org 

Вазирони энержии Қирғизистон, Қазоқистон ва Узбекистон рӯзи 6-уми январ дар шаҳри Бишкеки Қирғизистон харитаи роҳи амалисозии тарҳи сохтмони неругоҳи Қамбарота-1-ро имзо карданд. Вазорати энержии Қазоқистон хабар медиҳад, ки дар доираи харитаи роҳ ҷонибҳо дар бораи шартҳои асосии амалисозии тарҳ ба созиш расиданд ва қадамҳои баъдиро барои сари вақт ба кор даровардани неругоҳ муайян карданд. "Қамбарота-1 бояд бузургтарин неругоҳи Қирғизистон шавад. Ин неругоҳ имкони бо барқ таъмин кардани кишварҳои... Читать дальше...

Дар солрӯзи ҳодисаҳои январӣ дар Қазоқистон фаъолонро боздошт карданд

Ozodi.org 

Дар Қазоқистон дар рӯзи ёдбуди қурбониёни ҳодисаҳои январии соли 2022 пулис чанд касро боздошт кард. Дар шаҳри Алмато фаъолон Асет Абишев, Бибигул Имонгалиева ва Айдар Мубораков боздошт шуданд. Боздоштшудаҳо баъди чанд соати нигаҳдорӣ дар идораҳои пулиси шаҳр раҳо шуданд. Дар шаҳри Остона дасти кам чаҳор кас боздошт шудааст. Дар шаҳрҳои дигари Қазоқистон низ фаъолонро боздошт кардаанд. Эътирозҳои оммавӣ дар Қазоқистон рӯзи 4-уми январи соли 2022 шуруъ шуданд. Эътирозҳо нахуст зидди болоравии... Читать дальше...

Дар эътирозҳои зидди пойгоҳи Русия дар Арманистон 100 кас боздошт шуданд

Ozodi.org 

Бештар аз 100 касро дар эътирозҳои зидди пойгоҳи низомии Русия дар шаҳри Гюмрии Арманистон боздошт карданд. Дар ин бора ташкилкунандаи эътирозҳо - ҳаракати сиёсии "Қутби миллии демократӣ" хабар дод. Эътирозгарон роҳи мошингарди назди пойгоҳи низомии Русияро бастанд ва шиори "Роҳбандӣ ба хотири роҳкушоӣ" сар доданд. Онҳо талаб карданд, ки неруҳои посдори сулҳи Русия роҳи мошингарди долони Лочинро ба сӯи Қарабоғи Куҳӣ боз кунанд. Эътирозгарон гуфтанд, агар неруҳои посдори сулҳи Русия барои кушодани роҳ талош накунанд... Читать дальше...


Спорт в России и мире

Новости спорта


Новости тенниса
WTA

Россиянка Андреева стала рекордсменкой на турнирах WTA-1000






Дональд Трамп допустил использование армии для выдворения нелегалов в случае своей победы

Яхтсмен из Московской области стал победителем этапа Кубка России

Авиалайнер из Москвы 1 мая прилетает в аэропорт Владивосток на 20 минут раньше

Не хотела при нем мерить джинсы. Абьюзер в Москве при всех покромсал бывшую