Добавить новость
ru24.net
World News in Tajik
Ноябрь
2018

Новости за 22.11.2018

Як бурд ва як бохти мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон дар Алматӣ

Ozodi.org 

Ҷамъомади таълимиву тамринии дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон оид ба футзал, ки аз ҳисоби бозигарони то 20-сола таркиб ёфтааст, дар доираи омодагӣ ба мусобиқаи интихобии қаҳрамонии Осиё-2019 дар шаҳри Алматии Қазоқистон ба анҷом расид.

"Ота Макон" бозбинии парвандаи раҳбарашро дархост кард

Ozodi.org 

Ҳизби мухолифи "Ота Макон"-и Қирғизистон бо ирсоли як муроҷиатнома аз президенти ин кишвар Сооронбой Ҷеенбеков бозбинии парвандаи раҳбари худ Омурбек Текебоевро дархост кард. Дар ин бора рӯзи 22 ноябр бахши Қирғизии Радиои Озодӣ хабар дод. Ба гуфтаи аъзои ҳизб, қарори додгоҳ зидди раҳбари онҳо, ки дар асоси баёноти шаҳрванди Русия Леонид Маевский содир шуд, ғайриқонунӣ аст. "Ота Макон" мегӯяд, Маевский 16 ноябр бо гумони тамаъҷӯӣ дар шаҳри Москва боздошт шуд. Ӯ аз 31 октябр то 8 ноябри соли равон... Читать дальше...

"Ота Макон" аз президенти Қирғизистон бозбинии парвандаи раҳбарашро дархост кард

Ozodi.org 

Ҳизби мухолифи "Ота Макон"-и Қирғизистон бо ирсоли як муроҷиатнома аз президенти ин кишвар Сооронбой Ҷеенбеков бозбинии парвандаи раҳбари худ Омурбек Текебоевро дархост кард. Дар ин бора рӯзи 22 ноябр бахши Қирғизии Радиои Озодӣ хабар дод. Ба гуфтаи аъзои ҳизб, қарори додгоҳ зидди раҳбари онҳо, ки дар асоси баёноти шаҳрванди Русия Леонид Маевский содир шуд, ғайриқонунӣ аст. "Ота Макон" мегӯяд, Маевский 16 ноябр бо гумони тамаъҷӯӣ дар шаҳри Москва боздошт шуд. Ӯ аз 31 октябр то 8 ноябри соли равон... Читать дальше...

Миннатдории Трамп ба Арабистони Саудӣ барои коҳиши нархи нафт

Ozodi.org 

Президенти ИМА Доналд Трамп ба Арабистони Саудӣ барои поин рафтани арзиши нафт миннатдорӣ баён кард. Ӯ дар Твиттер коҳиши арзиши нафтро бо кам шудани андозҳо муқоиса кард. Ба гуфтаи ӯ, ба шарофати Риёз нархи як бушка нафт аз 82 то ба 54 доллар арзон шуд. 20 ноябр арзиши як бушка нафти Brent то ба 62,5 ва нафти WTI то ба 53,5 доллари амрикоӣ поин омад. Худи он рӯз Трамп бо вуҷуди он ки ИМА ва як қатор кишварҳои ғарбӣ мақомоти Саудиро дар куштори рӯзноманигор Ҷамол Хошуқчӣ айбдор мекунанд, алоқамандии... Читать дальше...

Трамп ба Арабистони Саудӣ барои коҳиши нархи нафт миннатдорӣ баён кард

Ozodi.org 

Президенти ИМА Доналд Трамп ба Арабистони Саудӣ барои поин рафтани арзиши нафт миннатдорӣ баён кард. Ӯ дар Твиттер коҳиши арзиши нафтро бо кам шудани андозҳо муқоиса кард. Ба гуфтаи ӯ, ба шарофати Риёз нархи як бушка нафт аз 82 то ба 54 доллар арзон шуд. 20 ноябр арзиши як бушка нафти Brent то ба 62,5 ва нафти WTI то ба 53,5 доллари амрикоӣ поин омад. Худи он рӯз Трамп бо вуҷуди он ки ИМА ва як қатор кишварҳои ғарбӣ мақомоти Саудиро дар куштори рӯзноманигор Ҷамол Хошуқчӣ айбдор мекунанд, алоқамандии... Читать дальше...

Назарбоев: Қазоқистон омодааст, минбари гуфтугӯҳои халъи силоҳи ҳастаӣ шавад

Ozodi.org 

Нурсултон Назарбоев, президенти Қазоқистон 21 ноябр дар мулоқот бо дипломатҳои хориҷӣ дар шаҳри Остона гуфт, ки кишвараш омода аст, барои гуфтугӯҳои халъи силоҳи ҳастаии Русия, ИМА ва Кореяи Шимолӣ минбар таҳия кунад. "Абарқудратони ҳастаӣ бояд масъулияташонро ба намоиш гузоранд, собит кунанд, ки ба идеяҳо ва принсипҳои паҳн нашудани силоҳи ҳастаӣ содиқанд. Имрӯз, ман фикр мекунам, ки инсоният бидуни донистани ояндааш, ҳоли парешоне дорад. Аз ҳамин хотир ман пешниҳод кардам, ки кишварҳое мисли ИМА... Читать дальше...

Дар Узбекистон як кишоварз баъди мусодираи амволаш худкушӣ кард

Ozodi.org 

Дар Узбекистон як кишоварз баъди мусодираи амволаш худкушӣ кард. Хешовандони Санҷар Баротови 33-сола аз вилояти Ҷиззахи Узбекистон рӯзи 21 ноябр ба бахши Узбекии Радиои Озодӣ гуфтанд, вай баъди он худкушӣ кард, ки амволаш мусодира шуд. Санҷар Баротов шаби 6 ноябр дар назди манзилаш худро овехт. Ҷасади вай як рӯз баъд пайдо шуд. "Хешовандон фикр мекарданд, ки вай ба меҳмонӣ рафтааст. Додситони ноҳия ба тафтиши ҳодиса машғул аст", - гуфт як корманди пулис. Рабим Баротов, падари Санҷар мегӯяд, чанд рӯз пеш аз худкушии писараш... Читать дальше...

Насби шитобкоронаи ҳисобкунакҳо дар Ишқобод боиси ихроҷи газ мешавад

Ozodi.org 

Дар ҳоли ҳозир насби ҳисобкунакҳо дар манзили сокинони Ишқобод шитобкорона сурат мегирад, ки мумкин аст, дар оянда боиси ихроҷи газ шавад. Бино бар ҳаҷми зиёди кор дар ҳоли ҳозир ба ҷуз аз хадамоти "Ишқободгаз", идораи манзилҳо ҳам ба фурӯш ва насби ҳисобкунакҳо машғул аст. "Баъди насби ҳисобкунакҳо аз сӯи онҳое, ки мутахассис нестанд, газ аз қубур хориҷ мешавад. Сокинон барои ислоҳи нуқсҳо кормандони "Ишқободгаз"-ро даъват мекунанд. Вале онҳо баъди соатҳои даъват ҳозир мешаванд, мо маҷбурем тирезаҳоро боз кунем... Читать дальше...



Додситони қазоқ барои Мухтор Аблязов ҳабси якумрӣ талаб кард

Ozodi.org 

Дар Қазоқистон айбдоркунандаи давлатӣ барои мухолифи қазоқ Мухтор Аблязов, ки дар хориҷ ба сар мебарад, дар доираи парвандаи "куштори фармоишӣ"-и молик ва мудири пешини бонки "ТуранАлем" Ержан Татишев ҳабси якумрӣ талаб кард. "Гуноҳи ӯ пурра исбот карда шуд. Аблязов аз соли 2009 дар хориҷ ба сар мебарад, бинобар ин ҷамъоварии маълумот дар борааш номумкин аст. Додситон талаб дорад, ки вайро дар ғайбаш ба ҳабси умрбод маҳкум кунанд", - иқтибос овардаанд расонаҳои маҳаллӣ аз суханони додситон. Вакили дифои мухолифи қазоқ Жанар Кисикова... Читать дальше...

Барои поккории партовгоҳҳои радиоактивии Осиёи Марказӣ $85 млн лозим аст

Ozodi.org 

Мудири барномаи Комиссияи Аврупо Мартин Андерсен дар суҳбат бо рӯзноманигорон гуфт, барои безараргардонии партовгоҳҳои уран ва маводи радиоактивии Осиёи Марказӣ, аз ҷумла онҳое, ки дар деҳаи Минқуш ва шаҳри Майлуу-Сууи Қирғизистон ҷойгиранд, 85 миллион доллар лозим аст. Ба гуфтаи ӯ, як қисми маблағ - ҳудуди 30 миллион доллар аллакай ҷамъоварӣ шудааст. "Боз 50 миллиони дигар лозим аст. Вале мунтазир намемонем, ки ин маблағ кай ҷамъ мешавад. Нақшаҳо омодаанд. Мехоҳем, сармоягузорони байналмилалӣ масъулиятеро ба зимма гиранд. Читать дальше...

Ягона зан дар парвандаи қатли сайёҳон: "Ҳусейн мехост, бо хоҳарам издивоҷ кунад"

Ozodi.org 

Додгоҳи олии Тоҷикистон ягона зан дар парвандаи қатли сайёҳони хориҷиро “барои хабар надодан аз ҷиноят” ба як соли зиндон маҳкум кард, вале ба хотири ду кӯдаки ноболиғаш иҷрои ҳукмро ба таъхир гузошт.

Порлумони Тоҷикистон буҷети соли 2019-ро баррасӣ мекунад

Ozodi.org 

Порлумони Тоҷикистон дар иҷлосияи навбатӣрӯзи 23 ноябр тарҳи буҷети соли 2019-ро баррасӣ хоҳад кард. Муҳаммадато Султонов, сухангӯи Маҷлиси Намояндагон, рӯзи 22-юми ноябр дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, вакилон инчунин тарҳи барномаи қарзи хориҷӣ дар соли ояндаро ба баҳс мекашанд. Тарҳи буҷети кишвар пас аз таҳия шудан аз сӯи Вазорати молия ва тасдиқ шудан дар маҷлиси ҳукумати Тоҷикистон вориди порлумон шудааст. Тибқи тарҳи буҷети соли 2019, ки Вазорати молияи Тоҷикистон таҳия кардааст, бахши... Читать дальше...

Трамп аз Саудӣ барои коҳиши нархи нафт қадрдонӣ кард

Ozodi.org 

Президенти ИМА Доналд Трамп ба Арабистони Саудӣ барои поин рафтани арзиши нафт миннатдорӣ баён кард. Ӯ дар "Твиттер"-и худ коҳиши арзиши нафтро бо кам шудани андозҳо муқоиса кард. Ба гуфтаи ӯ, бо шарофати Риёз нархи як бушка нафт аз 82 то ба 54 доллар арзон шуд. 20 ноябр арзиши як бушка нафти Brent то ба 62,5 ва нафти WTI то ба 53,5 доллари амрикоӣ поин омад. Худи он рӯз Трамп бо вуҷуди он, ки ИМА ва як қатор кишварҳои ғарбӣ мақомоти Саудиро дар куштори рӯзноманигор Ҷамол Хошуқчӣ айбдор мекунанд... Читать дальше...

Эрон пойгоҳҳои низомӣ ва киштиҳои Амрикоро таҳдид кард

Ozodi.org 

Амиралӣ Ҳоҷизода, фармондеҳи нерӯҳои ҳавоии Сипоҳи посдорони Инқилоби исломии Эрон рӯзи чаҳоршанбеи 21-уми ноябр гуфтааст, пойгоҳҳои Амрико дар Афғонистон, Имороти Муттаҳидаи Араб ва Қатар ва ҳамчунин киштиҳои ҳавопаймобари ин кишвар дар Халиҷи Форс ва баҳри Уммон дар тирраси мушакҳои Эрон қарор доранд. Мақомҳои ғарбӣ, аз ҷумла Амрико ва Фаронса барномаи мушакии Эронро таҳдиде барои суботи минтақа медонанд. Ба гузориши хабаргузории нимарасмии "Тасним", фармондеҳи нерӯҳои ҳавоии Сипоҳи посдорон гуфтааст... Читать дальше...


Спорт в России и мире

Новости спорта


Новости тенниса
WTA

Касаткина проиграла Хаддад-Майе в финале турнира WTA 500 в Сеуле






Урок по оказанию первой медпомощи провели для пенсионеров в Котельниках

Бронзовые медали взяла команда Удмуртии на Всероссийских соревнованиях по лапте

Велнес-фестиваль SOUL Festival на Мальдивах по инициативе отелей Soneva

Трамп не будет баллотироваться в 2028 году в случае поражения на выборах