Добавить новость
ru24.net
World News in Tajik
Ноябрь
2020

Новости за 06.11.2020

Ҳошим Точӣ, президенти Косово истеъфо дод

Ozodi.org 

Ҳошим Точӣ, раиси ҷумҳури Косово рӯзи панҷшанбеи 5-уми ноябр аз мақомаш канор рафт. Ин тасмим пас аз он гирифта шуд, ки Додгоҳи байналмилалии Гаага ӯро ба даст доштан дар ҷинояти ҷангӣ муттаҳам кард. Ҳошим Точи рӯзи панҷшанбе дар як нишасти хабарӣ дар пойтахти Косова эълон кард, ки ба ҳадафи ҳифозат аз ҷойгоҳи раёсати ҷумҳурӣ, аз мақоми худ истеъфо додааст. Тарҳи иттиҳоми иртикоби ҷинояти ҷангӣ ва ҷиноят алайҳи башария алайҳи Ҳошим Точи ба ҳодисаҳои солҳои 90-уми қарни гузашта рабт мегирад. Тачӣ... Читать дальше...

Узбекистон ба ҷуз аз ваксинаи чинӣ чанд доруи дигарро озмоиш мекунад

Ozodi.org 

Вазири рушди инноватсионии Узбекистон Иброҳим Абдураҳмонов гуфт, барои таъмини узбекистониҳо бо ваксинаи зидди коронавирус бояд чанд озмоиши мухталиф гузаронида шавад. "Ин озмоишҳо метавонанд, ваксинаҳои русӣ, аврупоӣ, амрикоӣ ва ё чинӣ бошанд",-афзуд вазир. Ба гуфтаи Иброҳим Абдураҳмонов, дар ҳоли ҳозир дар Узбекистон якбора чанд ваксина озмоиш мешавад. "Анҷоми озмоиши чанд ваксина ҳамзамон талаботи вақт аст", - гуфт Иброҳим Абдураҳмонов. Пештар аз ин хабар расида буд, ки дар Узбекистон... Читать дальше...

Дар Қазоқистон кормандон вазифадор шуданд, ҳар субҳ машқи бадан кунанд

Ozodi.org 

Вазири тандурустии Қазоқистон Алексей Сой бо имзои фармоне қоидаи баргузор кардани машқи баданро дар маҳалли кор тасдиқ ва ҳамаи корхонаҳоро вазифадор кард, ки онро ҳамарӯза анҷом диҳанд. Ба корхонаҳо амр шудааст, ки машқи баданро дар нимаи аввали рӯз 10-15 дақиқа баргузор кунанд, зеро тавре дар фармони вазири тандурустии Қазоқистон омадааст, он "барои ворид шудан ба кор кумак мекунад". "Ҳадафи машқи бадан рафъи хастагии фикрӣ, барқарор кардани нерӯ, боло бурдани тавонмандии корӣ ва ҳифзу тақвияти саломатӣ аст", - гуфта шудааст дар фармон. Читать дальше...

Қирғизистон аз Қазоқистон нерӯи барқ мехарад

Ozodi.org 

Муовини сарвазири Қирғизистон Равшанбек Собиров хабар дод, ки ин кишвар соли 2020 аз Қазоқистон 500 млн киловатт-соат нерӯи барқ харидорӣ мекунад. Собиров 5 ноябр дар ҷаласаи порлумони Қирғизистон изҳор дошт, ки ба иллатӣ кам шудани об дар обанбори Токтогул ниёзи харидории барқ аз Қазоқистон пеш омадааст. "Феълан дар обанбори Токтогул 14,7 млрд метри мукааб об ҷамъ шудааст, ки назар ба ҳаҷми захирашудаи соли гузашта 2 млрд метри мукааб камтар аст. Бар асоси қарори ҳукумат, бо Қазоқистон 300 млн кВт/соат нерӯи барқ табодул шудааст. Читать дальше...

Панҷ чизи донистанӣ дар бораи Қонуни асосии Тоҷикистон

Ozodi.org 

Қонуни асосии Тоҷикистон, ки аксарият онро санади хубу муҳим мешуморанд, вале мухолифон баъзан аз иҷро нашудани бандҳои он нигаронанд, 26 сол пеш қабул шудааст. Дар ин муддат чанд дафъа ба Қонуни асосӣ тағйирот ворид шуд.


Спорт в России и мире

Новости спорта


Новости тенниса
Андрей Рублёв

Теннисисты Рублев, Хачанов и Самсонова не сыграют на Олимпиаде-2024






МБМ поможет московским предпринимателям с маркировкой товаров

Блиновская задействовала 18 организаций и трех ИП, чтобы уйти от налогов

В Тверской области искали карантинные объекты

Педагоги получили менее 500 рублей за проведение ЕГЭ в регионах