Добавить новость
ru24.net
World News in Tajik
Ноябрь
2020

Новости за 13.11.2020

Дар шаҳри Ӯш як додситонро боздошт карданд

Ozodi.org 

Рӯзи 12 ноябри соли ҷорӣ Кумитаи давлатии амнияти миллии Қирғизистон (КДАМ) хабар дод, ки дар шаҳри Ӯши он кишвар аз рӯи далели эҳтимоли ғасби рейдерии кони ангишт додситон Улуғбек Омурзақов, бародари муовини вазири корҳои дохилии Қирғизистон Суйун Омурзақов боздошт шудааст. Ҳамроҳ бо Омурзақов 4 тани дигарро боздошт кардаанд. Ба иттилои КДАМ, онҳо бо арзиши 970 ҳазор доллар ғайриқонунӣ ва бе пардохти андоз ангишт истихроҷ кардаанд. КДАМ хабар медиҳад, ки ин ҳодиса дар моҳи январи соли 2020 рух додааст. Читать дальше...

Дар Ереван чанде аз роҳбарони боздоштшудаи мухолифинро раҳо карданд

Ozodi.org 

Дар Арманистон намояндагони 17 ҳизби сиёсии мухолиф, ки талош доранд, сарвазир Никол Пашинянро ба истеъфо фиристанд, рӯзи панҷшанбе то назди бинои Хадамоти амнияти миллӣ дар шаҳри Ереван роҳпаймоӣ ва ба ин тартиб раҳоии роҳбарони худро талаб карданд. Наира Зограбян, вакили порлумон аз ҳизби "Арманистони шукуфон" боздоштҳои ахирро "таъқиби сиёсӣ" унвон кард. Шоми 12 ноябр хабар расид, ки мақомот чанде аз роҳбарони боздоштшудаи мухолифинро раҳо кардаанд. Пештар аз ин хадамоти махсуси тафтишотии Арманистон иттилоъ дод... Читать дальше...

ВКД Узбекистон хабари худкушии Гулнора Каримоваро рад кард

Ozodi.org 

Муовини сардори Раёсати пешгирӣ аз ҷинояткории Вазорати умури дохилии Узбекистон Умеда Абдуллоева гуфт, хабари бад шудани вазъи сиҳатии Гулнора Каримова, духтари президенти нахустини ин кишвар Ислом Каримов дар зиндони Зангиота асос надорад. Ин нуктаро Абдуллоева 12 ноябр дар нишасти хабарии Комиссия оид ба таъмини баробарии ҷинсӣ дар Узбекистон баён кард. Раиси Сенати Узбекистон Танзила Норбоева низ дар нишасти хабарии 12 ноябр дар Тошканд хабари мубталошавии Гулнора Каримома ба коронавирус, бад шудани вазъи сиҳатии ӯро "овоза" номид. Читать дальше...

Мунтахаби Тоҷикистон бозии дувуми дӯстонаро ҳам дар Дубай бохт

Ozodi.org 

Дастаи мунтахаби футболи Тоҷикистон дар бозии дувуми дӯстона дар Дубай аз тими миллии Имороти Муттаҳидаи Арабӣ бо ҳисоби 2:3 шикаст хӯрд. Ин бозӣ шоми панҷшанбеи 12-уми ноябр дар варзишгоҳи "Зобил" доир гардид. То дақиқаи 29-уми бозӣ ҳисоб 2:0 ба нафъи футболбозони тоҷик буд. Ҳисобро Давронҷон Эргашев дар дақиқаи 10-ум кушод. Голи дувуми меҳмононро Комрон Турсунов дар дақиқаи 20-ум ба самар расонид. Вале баъдан Алӣ Аҳмад Мабҳут дар дақиқаҳои 29-ум ва 63-юм (аз пеналтӣ) ба дарвозаи мунтахаби Тоҷикистон ду гол зада, ҳисобро баробар кард – 2:2.

Рустое бо зебоии фиребанда ва мушкилоти дарднок дар наздикии Кӯлоб. ВИДЕО

Ozodi.org 

Дар 20 километрии шаҳри Кӯлоб яке аз бузургтарин шаҳрҳои Тоҷикистон деҳаи зебое ҷойгир аст ва бо номи Лойоба. Агар табиату манзараи дилкаши тасхиркунандаро дидан хоҳед, баҳорон ба дидани ин деҳа биравед.

Рустое бо зебоии тасхиркунанда ва мушкилоти дарднок дар Муъминобод

Ozodi.org 

Деҳаи Лойобаи ноҳияи Мӯъминобод бо 20 хоҷагӣ дар 20 километрии шаҳри Кӯлоб воқеъ аст. Барои нафаре, ки ин ҷо меояд, манзара ин мавзеъ ӯро тасхир мекунанд. Аммо сокинони деҳа мушкилоти зиёде доранд. Худатон дар ин филми Радиои Озодӣ бубинед.


Спорт в России и мире

Новости спорта


Новости тенниса
ATP

Лучший теннисист Казахстана узнал позицию в обновленном рейтинге ATP






Филиал № 4 ОСФР по Москве и Московской области информирует: В Московском регионе более 62 тысяч семей распорядились материнским капиталом через банки

Бизнес-омбудсмен Москвы оказывает поддержку НМСП

Работа юного колымчанина вошла в число «175 лучших работ о России» VI Международного конкурса «Расскажи миру о своей Родине»

Российские ученые показали, как метеоритный дождь влияет на поверхность Марса