Мы в Telegram
Добавить новость
ru24.net
World News in Tajik
Февраль
2022

Новости за 14.02.2022

Интихоботи зудҳангом дар Туркманистон. Номзадии Сардор Бердимуҳаммадов пешниҳод шуд

Ozodi.org 

Бино ба гузоришҳо, писари Қурбонқулӣ Бердимуҳаммадов, раиси ҷумҳурии Туркманистон, ният дорад, барои дарёфтии курсии падараш вориди корзор бишавад. Сардор Бердимуҳаммадови 40-сола то ин дам дар чанд мансаби давлатӣ, аз ҷумла раиси вилояти Ахал кор кардааст.

Хушунати хонаводагӣ бештар шудааст ё камтар? Омори духелаи ВКД ва Кумитаи занон. ВИДЕО

Ozodi.org 

Ба иттилои Кумитаи кор бо занон ва оила, дар як соли охир дар Тоҷикистон "хушунати хонаводагӣ бештар шудааст". Аммо омори Вазорати корҳои дохилӣ, баръакс, аз камтар шудани он мегӯяд. Омори духела рӯзи 14-уми феврал дар нишасти матбуотии раиси Кумитаи кор бо занон садо дод.

Мақомот: Қарзи аҳолӣ аз барқ 41 миллион сомонӣ афзуд. Шубҳаву гумонҳо боқист

Ozodi.org 

Мақомот мегӯянд, соли гузашта қарзи аҳолӣ аз истифодаи барқ 41 миллион сомонӣ зиёд шуд. Ба гуфтаи намояндагони “Шабакаҳои тақсимоти барқ”, қарзи умумии аҳолӣ 1 миллиарду 384 миллион сомонӣ мебошад. Вале шубҳаву гумонҳо дар бораи қарздории аҳолӣ аз барқ зиёд аст.

Кумакхоҳии муҳоҷирони узбекистонӣ дар Русия

Ozodi.org 

Як гуруҳ аз шаҳрвандони Узбекистон, ки тавассути Вазорати меҳнат ва муносибатҳои кории ин кишвар барои кор ба вилояти Смоленски Русия фиристода шуда буданд, мегӯянд, бе ҷои кор ва бе пул мондаанд.

Таҷлил аз "Рӯзи ошиқон" дар Тоҷикистон. Ҷонибдорону мухолифон чӣ мегӯянд?

Ozodi.org 

Бо вуҷуди мухолифатҳо, таҷлил аз "Рӯзи ошиқон" дар Тоҷикистон ба монанди кишварҳои дигар "муд" шудаааст. Тарафдорон онро рӯзи хурсандӣ ва изҳори муҳаббат медонанд. Мухолифон мегӯянд, ин ҷашн ҷузъи фарҳанги бегона аст. Бархеи дигар бовар доранд, ошиқӣ санаву сарҳад ва фарҳанг надорад. Таърихи "Рӯзи ошиқон" ба давраҳои аввали масеҳият бармегардад ва ба номи роҳиби насронӣ Валентини Муқаддас пайвандӣ дорад, ки бо фармони императори Рим Клавдийи 2 барои даъвати динӣ дар байни ҷавонон ба қатл маҳкум шуд. Читать дальше...

Захираи сармояи Афғонистон дар ИМА ба ду тақсим мешавад

Ozodi.org 

Захираи сармояи Афғонистон дар ИМА ба ду тақсим мешавад. Президенти ИМА тасмим гирифт, ки сармояи Афғонистонро, ки ба 7 миллиард доллар баробар аст, барои ёрӣ ба мардуми афғон ва ҷуброни қурбониҳои ҳамлаҳои моҳи сентябри соли 2001 болои шаҳрҳои ИМА тақсим кунад.



Шикасти мунтахаби футзали ҷавонони Тоҷикистон аз Узбекистону Эрон

Ozodi.org 

Дастаи мунтахаби футзали ҷавонони Тоҷикистон (U-19) дар мусобиқаи қаҳрамонии CAFA (Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ), ки дар Бишкеки Қирғизистон ҷараён дорад, аз тимҳои Узбекистон (1:3) ва Эрон (1:2) мағлуб шуд.

"Толибон ба шимоли Афғонистон 10 ҳазор нерӯ мефиристанд". Ихтилофи дохилӣ ё идомаи баҳс бо ҳамсояҳо?

Ozodi.org 

Як намояндаи Толибон гуфтааст, ба шимол ва шимолу шарқи Афғонистон даҳ ҳазор нерӯ мефиристанд, вале далели чунин тасмимро шарҳ надодааст. Шимоли Афғонистон бо Тоҷикистон ва Узбекистон ҳамсарҳад аст.

Штайнмайер дубора президенти Олмон интихоб шуд

Ozodi.org 

Франк-Валтер Штайнмайер рӯзи 13-уми феврал дигарбора президенти Олмон интихоб шуд. Ба ҷонибдорӣ аз вай аксари аъзои Маҷлиси федералӣ раъй доданд, ки президенти Олмонро ҳамин Маҷлис интихоб мекунад.

Посухи Русия ба Украина: "Фаъолияти ғайриодии низомӣ анҷом намедиҳем"

Ozodi.org 

Русия дар посух ба Украина гуфтааст, ки дар қаламрави худ ҳеч гуна "фаъолияти ғайриодии низомӣ" анҷом намедиҳад. Маскав, баръакс, Киевро барои омодагӣ ба амалиёте дар Донбасс гунаҳкор кардааст.

Вокуниши сафорати Саудӣ ба "монополия ва монеаҳои сафари ҳаҷҷи умра дар Тоҷикистон"

Ozodi.org 

Сафорати Арабистони Саудӣ дар Душанбе иддаои ситондани 500 доллар барои боҷу раводид ё визаи сафар ба ҳаҷҷи умраро рад кард. Сафорат дар вокуниш ба матлаби Радиои Озодӣ дар бораи монеаҳои сафар ба ҳаҷҷи умра навишт, раводид ё виза ба Арабистони Саудӣ, ба хоҳишмандони сафари ҳаҷ ройгон дода мешавад.

Қарзи "Барқи тоҷик" аз "Сангтӯда-1" ба беш аз 2 миллиард сомонӣ расид

Ozodi.org 

Қарзи ширкати "Барқи тоҷик" аз нерӯгоҳи "Сангтӯда -1" дар як соли 2021 тақрибан 500 миллион сомонӣ афзоиш ёфтааст. Дар умум, ҳоло қарзи ширкат дар назди нерӯгоҳи барқи обӣ ба беш аз 2 миллиард сомонӣ расидааст.

Комила Валиева барои иштирок дар Бозиҳои олимпӣ иҷоза гирифт

Ozodi.org 

Додгоҳи ҳакамии варзишӣ дархости Кумитаи байналмилалии олимпӣ ва Оҷонсии ҷаҳонии зиддидопингиро қонеъ накард ва бо ин ба Комила (Камила) Валиева, раққосаи рӯи ях аз Русия иҷоза мешавад, ки дар мусобиқаҳо иштирок кунад. Рақобати раққосони рӯи ях дар Олимпиада аз 15-уми феврал шурӯъ мешавад. Кумитаи байналмилалии олимпӣ ва Оҷонсии ҷаҳонии зиддидопингӣ дар аризаи худ ба додгоҳ гуфтанд, ки озмоиши тиббӣ вуҷуди триметазидин - як маводи тиббии манъшуда дар хуни варзишгари русро ҳанӯз пеш аз шурӯи бозиҳои Олимпии Пекин ошкор кардаанд. Читать дальше...

Новости России
Москва

Открытие ХХIII Московского Пасхального фестиваля: Воскресение и Музыкальное Созвучие


Олаф Шолтс ба Украина меравад

Ozodi.org 

Рӯзи 14-уми феврал қарор аст  дар шаҳри Киев мулоқоти садри аъзами Олмон Олаф Шолтс бо президенти Украина Владимир Зеленский баргузор шавад. Нигарониҳо аз тавсеаи нирӯҳои Русия дар сарҳад бо Украинаву хатар аз ҳамла ба ин ин кишвар мавриди нигаронии Ғарбу Аврупо  мебошад. Фардо,  15-уми феврал Шолтс ба Маскав меравад ва бо президенти Русия Владимир Путин дидору гуфтугӯ мекунад. Шолтс дирӯз гуфт, ки аъзои НАТО ва Иттиҳоди Аврупо аллакай феҳристи таҳримҳои сахту сангинеро омода кардаанд, ки дар сурати ҳуҷуми Русия ба Украина татбиқ мешавад. Читать дальше...

"Барқи тоҷик": Афғонистон пули барқро саривақт пардохт накард

Ozodi.org 

Соли гузашта Тоҷикистон ба кишварҳои ҳамсоя беш аз 2,4 миллиард киловат соат барқ фурӯхтааст, ки назар ба як соли пеш 911,6 млн. кВт. бештар аст. Аммо ба гуфтаи ширкати "Барқи тоҷик", ҳаҷми пуле, ки аз ҳисоби фурӯши барқ ба хориҷ ба даст омад, назар ба як соли пеш 20 миллион доллар камтар аст.

Дар Тоҷикистон ширкату муассисаҳо барои нақзи қонуни забон 48,6 ҳазор сомонӣ ҷарима шудаанд

Ozodi.org 

Кумитаи забон ва истилоҳоти Тоҷикистон мегӯяд, ки муассиса ва ширкатҳо дар соли гузашта барои риоя нагардидани муқаррароти қонуни забон, ба маблағи 48 ҳазору 660 сомонӣ ҷарима шудаанд. Масъулини ин ниҳод рӯзи 14-уми феврал дар нишасти хабарӣ гуфтанд, ки дар ин робита 57 парвандаи ҳуқуқвайронкунӣ боз шуда, мавриди таҳқиқ қарор гирифт. Ҳамчунин дар соли гузашта ин ниҳод ба 1184 муроҷиати шаҳрвандон оид ба номгузории фарзанд хулоса пешниҳод намудааст, ки аз он 74 муроҷиат аз ҷониби аққалиятҳои миллӣ буда... Читать дальше...

Мунтахаби Тоҷикистон дар "Ҷоми Рушд-2022" бе медал монд

Ozodi.org 

Дастаи мунтахаби футболи наврасони Тоҷикистон (U-16) дар мусобиқаи 18-уми байналмилалии «Ҷоми рушд-2022», ки рӯзи якшанбеи 13-уми феврал дар шаҳри Мински Беларус ба поён расид, аз медали биринҷӣ бенасиб монд. Футболбозони навраси тоҷик бо раҳбарии сармураббӣ Зайниддин Раҳимов дар рӯзи охирини мусобиқа дар Минск дар бозӣ барои ҷойи сеюм бо дастаи наврасони Беларус (U-17) рақобат карда, бо ҳисоби 0:4 шикаст хӯрданд. Қаблан мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-16) дар сабқати гурӯҳии “Ҷоми рушд-2022)”... Читать дальше...

Дар Олимпиадаи зимистонаи Пекин-2022 боз Норвегия пешсафиро ба даст гирифт

Ozodi.org 

Дар Бозиҳои XXIV зимистонаи олимпӣ, ки дар Пекини Чин ҷараён доранд, баъди натиҷагирии нӯҳ рӯзи мусобиқот мунтахаби Норвегия бо касби 21 медал (9 тилло, 5 нуқра ва 7 биринҷӣ) дар ҳисоби умумидастаӣ бо дарназардошти ҳам сифати медалҳо ва ҳам теъдоди онҳо дар ҷойи аввал аст. Мунтахаби Олмон бо касби 14 медал (8 тилло, 5 нуқра ва 1 биринҷӣ) мақоми дуюмро азони худ кардааст. Мунтахаби Иёлоти Муттаҳидаи Амрико бо касби 14 медал (7 тилло, 6 нуқра ва 1 биринҷӣ) мақоми сеюмро соҳиб шудааст. Дар байни даҳгонаи аввал... Читать дальше...

Гази моеъ дар Тоҷикистон арзон шуд

Ozodi.org 

Нархи гази моеъ дар Тоҷикистон каме пойин рафтааст. Агар як ҳафта пеш арзиши як литр гази моеъ 7 сомону 40 дирам буд, пас рӯзи 13-уми феврал арзиши он то 6 сомону 80 дирам пойин омад. Бархе аз фурӯшандаҳо арзон шудани ин навъи сӯзишвориро ба афзоиши воридоти он аз Қазоқистон рабт доданд. Бештари нақлиётҳои сабукрав дар Тоҷикистон аз гази моеъ истифода мекунанд ва болову пойин рафтани нархи ин навъи сӯзишворӣ ба ҷайби аксар мардуми миёнҳол дар кишвар таъсир дорад. Соли гузашта нархи гази моеъ дар Тоҷикистон ба таври бесобиқа боло рафта... Читать дальше...


Спорт в России и мире

Новости спорта


Новости тенниса
WTA

Павлюченкова и Потапова не смогли выйти в финал турнира WTA в Мадриде в парном разряде






«Коммерсант»: экс-офицер ФСБ Фролов просил суд закрыть дело о мошенничестве

Асфальтирование услуги Санкт-Петербург

Увидеть производство шоколада, лифтов и микрочипов: ...

Российско-египетский языковой лагерь открылся в Каире