Мы в Telegram
Добавить новость
ru24.net
World News in Tajik
Февраль
2022

Новости за 25.02.2022

Мақомоти Бадахшон гуфтанд, дар тазоҳуроти моҳи ноябр наврасон низ иштирок карданд

Ozodi.org 

Мақомот дар Бадахшон мегӯянд, дар тазоҳуроти чоррӯзаи моҳи ноябр дар шаҳри Хоруғ наврасони мактабхон ҳам ширкат кардаанд. Тазоҳурот дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон дар пайи кушта шудани сокини Роштқалъа, Гулбиддин Зиёбеков, сурат гирифта буд. Алишер Мирзонаботов, раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон дар як ҷаласа аз ҷинояткорӣ ва вазъи тарбияи наврасон танқид кардааст. Дар ин бора нашрияи расмии "Ҷумҳурият" хабар дод. Масъулин дар вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон аз он нигаронӣ кардаанд... Читать дальше...

Ҳаҷвнигори тоҷик гуфт, бо ташвиқи набераи президент Ҳоҷӣ шуд

Ozodi.org 

Дӯстмурод Шарифов, як ҳаҷвнигори маҳаллӣ дар Тоҷикистон, ки дар шабакаҳои иҷтимоӣ бештар ӯро бо номи “Дон-Жуани тоҷик” мешиносанд, гуфт, бо ташвиқи Исмоили Маҳамдзоир, набераи президент ба зиёрати хонаи Худо рафтааст. Ӯ эълон кард, ки аз ин пас ӯро Ҳоҷӣ Дӯстмурод ном баранд ва ӯ касби ҳаҷвнигориро тарк мекунад. Дар наворе, ки рӯзи 21-уми феврал дар Ютуб нашр шудааст, Дӯстмурод Шарифов мегӯяд, ӯро Исмоили Маҳамдзоир, набераи Эмомалӣ Раҳмон ташвиқ кард, ки ба зиёрати Каъба равад. Ба гуфтаи ӯ, азбаски орзуи Ҳаҷро дошт... Читать дальше...

Қосим Раҳбар гуфт, ҳисоби бонкиро дар Швейтсария “як қаллоб” боз кардааст 

Ozodi.org 

Қосим Раҳбар, раиси ноҳияи Ҳисор ва вазири пешини ҳукумати Тоҷикистон дар суҳбат бо нашрияи “СССР” будани ҳисоби бонкиро ба номаш дар як бонки Швейтсария тасдиқ кардааст, вале гуфтааст, онро нохудогоҳ ва бо миёнаравии як соҳибкор боз кардааст.

СММ ба қабули 4 миллион паноҳҷӯи украин омода мешавад

Ozodi.org 

СММ гуфт, ки ба қабули 4 миллион паноҳандаи украинии фирории ҷанги Русия омода мешавад. Шабиа Манту, сухангӯи идораи паноҳандагони СММ  дар нишасти хабарии 25-уми феврал дар Женева гуфт, ки то ҳол дастикам 100 ҳазор сокини Украина хонаҳои худро тарк карда чанд ҳазор нафар аллакай хоки ҳамсоякишварҳои Молдова, Руминия ва Полшаро убур кардаанд. Ин идораи СММ гуфт, ки барои ёрӣ ба фирориҳои украинӣ омода мебошад.   Аз ҷумла, ба иттилои ҳукумати Молдова, дар сарҳади ин кишвар 16 ҳазор ва Руминия 10 ҳазор паноҳҷӯи украиниро қабул кардаанд. Читать дальше...

Муҳоҷирони тоҷик аз аҳволи мардуми Украина мегӯянд

Ozodi.org 

Аз дохили Украина муҳоҷирони тоҷик ҳам бо Радиои Озодӣ тамос мегиранд ва дар бораи вазъ дар ин кишвар хабар медиҳанд ва аз ҷумла дар бораи онки ҷанг дар куҷо ҷараён дорад ва аҳволи мардум чӣ гуна аст.

Яке мегӯяд, Русия кори бад кард, дигарӣ баръакс

Ozodi.org 

Ҳамкорони Радиои Озодӣ аз раҳгузарон дар Душанбе ва Хуҷанд пурсиданд, ки дар бораи ҳамлаи Русия ба Украина чӣ назар доранд ва оё ҳамла ба кишвари дигар кори дуруст аст? Посухҳояшонро худатон бубинеду бигӯед, ки дуруст мегӯянд, ё не?



Лавров гуфт, Украина "фурсати" музокираро "аз даст дод"

Ozodi.org 

Вазири корҳои хориҷии Русия Сергей Лавров гуфт, ки президенти Украина Владимир Зеленский “ҳама фурсатҳои” баррасии масоили амниятиро бо Маскав  аз даст дод. Изҳороти Лавров дар ҳоле садо дод, ки ҳуҷуми низомиёни русӣ алайҳи шаҳру минтақаҳои Украина идома дорад. Дар як нишасти матбуотии 25-уми феврал Лавров гуфт, Зеленский дар бораи омодагиҳо ба музокирот бо Маскав ба хотири роҳ надодан ба талафоти бештар “дурӯғ” мегӯяд. Ӯ гуфт, Русия   дар сурати  ба даъвати президенти Русия Владимир Путин гӯш дода... Читать дальше...

УЕФА Русияро аз мизбонии финали Лигаи қаҳрамонҳои Аврупо маҳрум кард

Ozodi.org 

УЕФА (Созмони футболи Аврупо) рӯзи 25 феврал эълон кард, ки бозии ниҳоии Лигаи қаҳрамонҳо дар моҳи май ба далели ҳамлаи Русия ба Украина аз Санкт-Петербурги Русия ба Пориси Фаронса интиқол дода мешавад. Қароре, ки ҳамагон интизор буданд, дар ҷаласаи фаврии ташкилнамудаи кумитаи иҷроия пас аз камтар аз 36 соати вуруди нерӯҳои Русия ба Украина гирифта шуд. "УЕФА мехоҳад ба президенти Ҷумҳурии Фаронса Эммануэл Макрон барои дастгирии шахсӣ ва ӯҳдадориаш дар интиқоли бонуфузтарин бозии футболи бошгоҳҳои... Читать дальше...

Вазирони хориҷаи Аврупо ҷаласаи изтирорӣ барпо мекунанд

Ozodi.org 

Вазирони корҳои хориҷии 27 кишвари узви Иттиҳоди Аврупо рӯзи 25-уми феврал барои ширкат дар як ҷаласаи изтирории вобаста ба ҳуҷуми Русия ба Украина ҷамъ мешаванд. Ҷаласа соати 15:00 ба вақти Брюссел шурӯъ мешавад ва дар ҷараёни он кӯмакҳои бештар ба Украина ва тарзи бархӯрд бо Русия баррасӣ хоҳад шуд. Ин ҷаласа дар ҳоле даъват шудааст, ки рӯзи 24 феврал раҳбарони Иттиҳоди Аврупо ба таҳмили таҳримҳои нав дар бахшҳои молӣ, энержӣ, нақлиёти Русия ва ҳам маҳдудият дар содироту маблағгузорӣ розӣ шуданд. Читать дальше...

Як навраси тоҷик ба Академияи футболи "Реал Мадрид" шомил шуд

Ozodi.org 

Як футболбози навраси тоҷик фаъолияти варзишии худро дар Академияи футболи "Реал" идома медиҳад. Зафар Баҳруллозода ахиран ба Академияи футболи дастаи "Реал Мадрид" воқеъ дар Узбекистон шомил шудааст. Сомонаи Спорт тҷ, бо нашри ин хабар мегӯяд, Зафар баъди супурдани имтиҳон дар назди муттахассисони испанӣ ба ин муваффақият даст ёфт. Барои ворид шудан ба Академияи "Реал Мадрид" рақобат сахт ва довталаб зиёд будааст. Футболбози навраси тоҷик то ин замон дар Академияи Федератсияи футболи Тоҷикистон воқеъ дар Алмосӣ тамрин мекард. Читать дальше...

Дариға Назарбоева курсии узви парлумони Қазоқистонро тарк кард

Ozodi.org 

Духтари калонии президенти собиқи Қазоқистон, Дариға Назарбоеваи замоне бонуфуз эълон кард, ки мақомашро дар парлумон тарк мекунад. Ин яке дигар аз тасмимҳоест, ки аз кам шудани қудрати оилаи Назарбоевҳо дар ҳукумати ин кишвари ғанӣ аз нафт баъди беназмиҳои моҳи январи имсол дарак медиҳад. Дар изҳороте, ки Назарбоева рӯзи 25-уми феврал нашр кард, гуфтааст, “акнун мехоҳам сари масоили иҷтимоӣ, башарӣ, фарҳангӣ ва хайркорӣ тамаркуз кунам”. Ӯ ҳеҷ шарҳи дигаре надода, вале навиштааст, ки хушунатҳое,... Читать дальше...

СҶТ бӯҳрони башарӣ дар Украинаро пешбинӣ кард

Ozodi.org 

Созмони ҷаҳонии тандурустӣ (СҶТ) дар робита бо ҳуҷуми Русия  ҳолати изтирории беҳдоштӣ дар Украинро пешбинӣ кардааст. Дар изҳороти дафтари аврупоии ин идораи вобаста ба СММ рӯзи 24-уми феврал омадааст, ки “дар шароити таҳаввулоти бисёр тунд дар Украина дафтари аврупоии СҶТ аз амният, сиҳҳатӣ ва вазъи сиҳҳатии тамоми мардуми мулкии осебдида аз бӯҳрон дар ин кишвар ва ҳам берун аз он изҳори нигаронии амиқ мекунад”. Ин созмон пешбинӣ кардааст, ки таҳаввулоти баъдӣ метавонад боиси пеш омадани фоҷеаи башарӣ шавад. Читать дальше...

Пас аз эълони таҳрим. Мақомдори рус бо президенти Қазоқистон додугирифтҳоро баррасӣ кард

Ozodi.org 

Президенти Қазоқистон Қосимҷомарт Тоқаев ва нахуствазири Русия Михаил Мишустин дар шаҳри Нурсултон, пойтахти Қазоқистон роҳҳои ҳифзи равобити иқтисодӣ ва тиҷоратӣ дар пасманзари таҳримҳои ҷоришудаи Ғарб болои Русияро баррасӣ карданд. Пас аз ҳамлаи Русия ба хоки Украина дар рӯзи 24-уми феврал кишварҳои ғарбӣ алайҳи Русия таҳримҳои иқтисодӣ ҷорӣ карданд. Дафтари матбуоти президенти Қазоқистон рӯзи 25-уми феврал гуфт, ки Тоқаев ва Мишустин, дар баробари масоили дигар, “талошҳои муштарак барои пешгирӣ... Читать дальше...

Ҷавонони тоҷикро дар бораи баробарии ҷинсиятӣ огоҳ карданд

Ozodi.org 

Дар Тоҷикистон барои созмонҳои ҷамъиятиву ҷавонон дар минтақаҳои Суғд ва Хатлон дар мавзӯи баробарии ҷинсиятӣ як силсила давраҳои омӯзишӣ барпо шуд.  Дафтари тоҷикистонии Иттиҳоди Аврупо (ИА),  ки ташаббускори ин барнома аст, дар хабарномааш рӯзи 25-уми феврал гуфт, ин давраҳои омӯзишӣ аз ҷониби барномаи “Рушди ҷомеаи шаҳрвандӣ”-ии ин ниҳод ва Агентии Рушди Австрия маблағгузорӣ шудааст. Лоиҳае бо номи "ProYouth - Созмонҳои устувори ҷомеаи шаҳрвандӣ ва мушорикати бисёрҷониба ба хотири ҷавонони фаъол... Читать дальше...

Дар гирдиҳамоиҳои зидди ҷанг дар Русия бештар аз 1700 кас боздошт шуд

Ozodi.org 

Дар даҳҳо шаҳри Русия рӯзи панҷшанбе гирдиҳамоиҳои зидди ҷанг бо Украина ташкил шуд. Ин гирдиҳамоиҳо бо мақомот ҳамоҳанг нашуда буданд. Дар бисёре аз шаҳрҳо ширкатдоронро боздошт карданд. Ба иттилои сомонаи ОВД-инфо, дар саросари Русия бештар аз 1700 кас боздошт шудааст. Гирдиҳамоиҳо бо шумори зиёдтари иштирокдорон дар Москва ва Петербург баргузор шуд. Дар майдони Пушкини Москва ҳангоми баргузории гирдиҳамоӣ се хабарнигори Радиои Озодӣ боздошт шуд. Расонаҳо аз боздошти хабарнигорони дигар низ иттилоъ медиҳанд. Читать дальше...

Новости России
Москва

Галина Янко: главные традиции и приметы Пасхи


Матвиенко гуфтааст, “президенти Тоҷикистонро дар бораи вазъи атрофи Украина огоҳ кард” 

Ozodi.org 

Хабаргузории русии ТАСС рӯзи 25-уми феврал гуфт, раиси Шӯрои федератсияи Русия Валентина Матвиенко, ки дар Душанбе қарор дорад, дар мулоқот бо президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ӯро "дар бораи вазъи кунунӣ атрофи Украина огоҳ кардааст".

Зеленский гуфт, дар Украина 137 нафар кушта шуд

Ozodi.org 

Владимир Зеленский, раиси ҷумҳури Украина, гуфт, дар натиҷаи ҳамлаи Русия ба кишвараш аз дирӯз то кунун 137 нафар низомӣ ва ғайринизомиён кушта шудаанд. Ӯ бо нашри як видео субҳи 25-уми феврал қурбониёни ҷангро “қаҳрамон” номид ва гуфт, бештар аз 300 каси дигар захм бардоштаанд. Ба гуфтаи Владимир Зеленский, бо вуҷуди талафот, артиш “Украинаро дар баробари як кишвари қудратмандтарини дунё ба таври дурахшон муҳофизат мекунад.” Ӯ инунин шикоят кард, ки Украинаро дар ҷанг бо Русия танҳо гузоштаанд ва афзуд, “Кӣ омода аст, дар канори мо биҷангад? Читать дальше...

Вазъи Украина дар тасвири муҳоҷирони тоҷик. ВИДЕО

Ozodi.org 

Муҳоҷирони тоҷик дар Украина мегӯянд, пас аз ҳамлаи Русия ба ин кишвар зиндагии онҳо ба ҳам задааст. Ҳоло онҳо талоши бозгашт ба ватанро доранд, вале роҳҳои заминӣ ва ҳавоӣ баста аст. Намояндагони сафорати Тоҷикистон дар Киев гуфтанд, ки омодаи кумак ба шаҳрвандони кишвар дар Украина ҳастанд. Аз ҷумла, номи онҳоеро ба рӯйхат мегиранд, ки нияти аз Украина берун рафтанро доранд. Теъдоди умумии шаҳрвандони Тоҷикистон дар Украина 8 ҳазор нафар тахмин зада мешавад. Тибқи иттилои Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон... Читать дальше...

Петр Сегрт: "Вазифаи мунтахаби Тоҷикистон роҳ ёфтан ба марҳилаи ниҳоии Ҷоми Осиё-2023 аст"

Ozodi.org 

Петр Сегрт, сармураббии дастаи мунтахаби миллии футболи Тоҷикистон, натиҷаи қуръакашии мусобиқаи интихобии Ҷоми Осиё-2023-ро дар гурӯҳи «F» шарҳ дод, хабар медиҳад сомонаи Федератсияи футболи Тоҷикистон. Мунтахаби Тоҷикистон бар асоси қуръакашӣ, ки 24-уми феврал дар қароргоҳи AFC (Конфедератсияи футболи Осиё) дар шаҳри Куала-Лумпури Малайзия доир гардид, дар гурӯҳи «F» бо тимҳои миллии Қирғизистон, Мянмар ва Сингапур рақобат мекунад. Дастаи мунтахаби миллии Тоҷикистонро ба мусобиқаи интихобии... Читать дальше...

Варзишгарони ҷавони тоҷик барои ширкат дар мусобиқаи қаҳрамонии бокси Осиё ба Урдун мераванд

Ozodi.org 

Варзишгарони тоҷик дар мусобиқаи қаҳрамонии бокси Осиё миёни наврасону ҷавонон, ки аз 27-уми феврал то 15-уми март дар пойтахти Урдун - шаҳри Уммон баргузор мешавад, иштирок хоҳанд кард. Дар рақобатҳо миёни ҷавонон варзишгарони солҳои таваллудашон 2004-2005 ва дар рақобатҳо миёни наврасон варзишгарони солҳои таваллудашон 2006-2007 ширкат меварзанд. Ба иттилои Федератсияи бокси Тоҷикистон, ба ҳайати мунтахаби кишвар 27 варзишгар дохил аст, ки 5 нафари онҳо духтарон мебошанд. Чаҳор нафар -– Фариза Ёқубова (50 кг)... Читать дальше...

Ҳалокати ду нафар дар даргирӣ миёни Толибони афғон ва марзбонони Покистон

Ozodi.org 

Дар натиҷаи даргирӣ миёни Толибон ва неруҳои Покистон дар шаҳри Спин Булдаки Афғонистон 2 нафар кушта ва 13 тани дигар захмӣ шудаанд. Дар ин бора мақомоти тандурустии вилояти Қандаҳор рӯзи 24-уми феврал ба Радиои Озодӣ хабар доданд. Маҳмуд Аъзам, яке аз сухангӯёни Толибон даргирӣ дар байни ду тарафро тасдиқ кард, вале ҷузъиёт надод, аммо дар бемористони вилоятии Қандаҳор ба хабарнигори Радиои Озодӣ гуфтанд, ки аз маҳалли муноқиша ду ҷасад ва 13 захмиро овардаанд. Спин Булдак як шаҳр дар марзи... Читать дальше...


Спорт в России и мире

Новости спорта


Новости тенниса
Андрей Рублёв

Рублёв стал победителем «Мастерса» в Мадриде






Хельга Рай высказалась о скоропостижной смерти актрисы Галины Давыдовой

КАЛМЫКИЯ. В Москве презентовали первый калмыцкий парфюм

«Динамо» – на первом месте. Перед заключительным днем 27-го тура таблица ЧР приобрела уникальный вид

Адвокат Тимура Иванова хочет обжаловать решение суда для смягчения приговора