Мы в Telegram
Добавить новость
ru24.net
World News in Tajik
Февраль
2022

Новости за 20.02.2022

Олимпиадаи Пекин ба анҷом расид

Ozodi.org 

Дар Бозиҳои XXIV зимистонаи олимпӣ, ки 20-уми феврал дар Чин ба анҷом расид, баъди натиҷагирии шонздаҳ рӯзи мусобиқот мунтахаби Норвегия бо касби 37 медал (16 тилло, 8 нуқра ва 13 биринҷӣ) дар ҳисоби умумидастаӣ бо дарназардошти ҳам сифати медалҳо ва ҳам теъдоди онҳо дар ҷойи аввал қарор гирифт.

Блинкен мегӯяд, "Русия дар остонаи ҳамла ба Украина аст"

Ozodi.org 

Вазири корҳои хориҷии Амрико рӯзи 20-уми феврал гуфт, ба назар мерасад, Русия дар остонаи ҳамла ба Украина қарор дорад. Энтони Блинкен афзуд, тамдиди машқҳои муштараки Русияву Беларус дар наздикии марз бо Украина низ нигарониҳоро бештар мекунад.

"Ба муҳоҷират рафтанд". Сафи довталабони таҳсил дар донишгоҳҳои Тоҷикистон кам шудааст. ВИДЕО

Ozodi.org 

Намояндагони Маркази миллии тестӣ тасдиқ карданд, ки сафи довталабон ба мактабҳои олии Тоҷикистон камтар шудааст, вале сабаби асосии онро ба "муҳоҷират" пайванд доданд. Қаблан баъзе аз коршиносон гуфта буданд, ки ин вазъ ҳосили ба иҷро даромадани қонуни нав дар бораи хидмати сарбозӣ аст.

"Талабгорон"-и донишгоҳҳои Тоҷикистон кам шудааст

Ozodi.org 

Намояндагони Маркази миллии тестӣ тасдиқ карданд, ки сафи довталабон ба мактабҳои олии Тоҷикистон камтар шудааст, вале сабаби асосии онро ба “муҳоҷират” рабт доданд. Қаблан баъзе аз коршиносон гуфта буданд, ки ин вазъ ҳосили ба иҷро даромадани қонуни нав дар бораи хидмати сарбозӣ аст.

"Гоҳ компютерро мекофтанд, гоҳ варақҳоро." Чанд суоле, ки бепосух монд. ВИДЕО

Ozodi.org 

Нишасти хабарӣ дар Идораи маорифи минтақаи Кӯлоб баҳсбарангез шуд. Намояндагони он барои посух додан ба пурсиши хабарнигорон гоҳ компютерро мекофтанд ва гоҳ варақҳоро тагурӯ мекарданд. Баъзан рақаму маълумотро бо ҳам омехта менамуданд.



Кумитаи дини Тоҷикистон: "Раводиди ҳаҷ ва умра бепул аст, аммо…"

Ozodi.org 

Кумитаи дини Тоҷикстон дар вокуниш ба як матлаби Радиои Озодӣ гуфтааст, раводид ё визаи ҳаҷ ва умра бепул аст, вале довталабон барои дастрас кардани он бояд "заминпулӣ, маблағи хобгоҳ, хидматрасонии нақлиёт, ғизо, суғуртаи тиббӣ ва амсоли инро пардохт намоянд."

Сӯзишворӣ, гӯшт, орд... Соли гузашта бо болоравии нархҳо дар ёд монд, имсол чӣ? ВИДЕО

Ozodi.org 

Дар як соли охир дар Тоҷикистон нархи сӯзишворӣ тақрибан ду баробар боло рафтааст. Мақомот мегӯянд, ин вазъ сабаби афзоиши нархи маҳсулот ва хидматрасонӣ шуд. Сокинон шикоят доранд, ки маошу нафақа барои харидани маҳсулот кофӣ нест. Масъулони бозорҳо мегӯянд, дар фикри поин оврадани нарх ҳастанд.

Бозиҳои зимистонаи олимпӣ дар Чин бо пирӯзии Норвегия ба поён мерасад

Ozodi.org 

Дар Бозиҳои XXIV зимистонаи олимпӣ, ки  20-уми феврал дар Пекини Чин ба анҷом мерасад, баъд аз натиҷагирии понздаҳ рӯзи мусобиқот мунтахаби Норвегия бо касби 36 медал (15 тилло, 8 нуқра ва 13 биринҷӣ) дар ҳисоби умумидастаӣ бо дарназардошти ҳам сифати медалҳо ва ҳам теъдоди онҳо дар ҷойи аввал аст.

Садҳо танбеҳ ва се парванда ба зидди нозирони андоз. Қонун нав шуд, мушкил монд? ВИДЕО

Ozodi.org 

Масъулони Идораи молиёт ё андоз дар вилояти Суғд гуфтанд, ки дар як соли охир ба садҳо корманди худ танбеҳ дода, даҳҳо нафарро аз кор ронданд. Дастикам ба зидди се нафари онҳо парвандаи ҷиноӣ боз шудаст. Баъзе аз соҳибкорону сокинон аз шеваи рафтори онҳо шикоят доштанд.


Спорт в России и мире

Новости спорта


Новости тенниса
WTA

Павлюченкова и Потапова не смогли выйти в финал турнира WTA в Мадриде в парном разряде






Тайны профессии. Восемь историй о том, когда нотариусы спасают людей

В России увеличивается количество жалоб на таксистов-извращенцев

Открытие ХХIII Московского Пасхального фестиваля: Воскресение и Музыкальное Созвучие

Панда Катюша из Московского зоопарка прогулялась по уличному вольеру