Мы в Telegram
Добавить новость
ru24.net
World News in Tajik
Февраль
2022

Новости за 19.02.2022

Раҳбарони минтақаҳои ҷудоиталаб ба басиҷи нирӯҳо дар шарқи Украина амр доданд

Ozodi.org 

Раҳбарони ҷудоиталабон дар шарқи Украина, ки аз Русия ҳимоят мешаванд, дастури басиҷи комили низомиро доданд ва бо ин нигарониҳо  афзоиш ёфт. Денис Пушилин ва Леонид Пасечник, ки раҳбарони амалии минтақаҳои ҷудоиталаби Донетск ва Луҳанск мебошанд, дар изҳороти ҷудогонаашон рӯзи 19 феврал ба басиҷ кардани ҳама нирӯҳо амр дода аз нирӯҳои захиравӣ талаб карданд, ки ба идораҳои низомӣ ҳозир шаванд. Ин таҳаввулот дар ҳолест, ки дар хати тамоси артиши Украина ва ҷудоиталабон афзоиши хушунат мушоҳида мешавад. Читать дальше...

Президенти Тоҷикистон ИМА-ро “шарики муҳим дар арсаи байналмилалӣ" номид

Ozodi.org 

Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар барқияи табрикӣ ба унвонии президенти ИМА ҷо Байден ба муносибати 30-солагии барқарории равобити дипломатии миёни ду кишвар ИМА-ро “шарики муҳим дар арсаи байналмилалӣ" номид. Матни барқияҳои табрикии ду раҳбар ба ҳамдигар рӯзи 19-уми феврал дар вебсайти президенти Тоҷикистон нашр шуд. Дар барқияи раҳбари Тоҷикистон аз ҷараёни ҳамкориҳову «рушди равобити дӯстонаи» Душанбеву Вашингтон изҳори қаноатмандӣ шудааст. Раҳмон, аз ҷумла, изҳори омодагӣ кардааст, ки... Читать дальше...

HRW: мақомоти Қазоқистон ҳодисаҳои моҳи январро пурраву ҳамаҷониба таҳқиқ намекунанд

Ozodi.org 

Созмони Дидбони ҳуқуқи башар Human Rights Watch мегӯяд, тадбирҳои андешидаи ҳукумати Қазоқистон барои таҳқиқи ҳодисаҳои фоҷеабори моҳи январи имсол дур аз меъёрҳои “як таҳқиқоти мустақил” мебошанд. Дар ҳоле ки, ба навиштаи ин созмон, ҷомеаи баналмилалӣ ва СММ аз мақомоти Қазоқистон таҳқиқи фарогири ҳодисаҳоро интизор ҳастанд. Ҳю Уилямсов, раиси бахши Аврупо ва Осиёи Марказӣ дар Human Rights Watch рӯзи 18 феврал дар изҳороте гуфт, худи ҳукумати Қосимҷомарт Тоқаев бояд манфиатдор бошад, ки тамоми ҳодисаҳои... Читать дальше...

Камола Ҳаррис гуфт, дар сурати ҳуҷуми Русия ба Украина бахшҳои шарқии нирӯҳои НАТО тақвият меёбанд

Ozodi.org 

Муовини президенти ИМА Камола Ҳаррис дар конфронси амниятии Мюнхен, ки кишварҳои узви НАТО-ро ба ҳам овардааст, гуфт, ки агар Русия ба Украина ҳамла кунад, НАТО марзҳои шарқиашро дар Аврупо тақвият мебахашад. Дар шаҳри Мюнхени Олмон рӯзи 19 феврал конфронси кишварҳои узви паймони низомӣ шурӯъ шуд ва мавзӯи Украинаву таҳдиди Русия ба ҳуҷуми ин кишвар дар меҳвари он қарор дорад.  Дабири кулли НАТО Йенс Столтенберг аз Русия тақозо кард, ки  «омодагӣ ба ҷангро бас кунад» ва барои ҳалли бӯҳрони эҷодшуда дар Украина аз паи роҳи дипломатӣ биравад.

Видеоҳои ҷудоиталабони украинӣ бо даъват ба тарки минтақа "ду рӯз пеш сабт шудаанд"

Ozodi.org 

Як таҳқиқи фаннӣ нишон дод, ки наворҳои видеоии ҷудоихоҳони рӯ ба Русия дар Украниа, ки ба тарки изтирории макон амр медиҳанду рӯзи 18 феврал нашр шудааст, дар асл рӯзи 16-уми феврал сабт шуда буданд. Таҳқиқи метадатаи наворҳои видеоӣ бар асоси нашрҳои ин сабтҳо дар Телеграм канал аз ҷониби Бахши русии радиои Озодӣ анҷом шудааст. Дар як навори видеоие, ки онро рӯзи 18 феврал Денис Пушилин, раҳбари амалии минтақаи ҷудоиталаби Донетск дар Телеграм канал нашр кард, иддао мекунад, ки шумори низомиёни... Читать дальше...

Раҳбари НАТО аз Русия хост, ки омодагӣ ба ҷангро "бас кунад"

Ozodi.org 

Дабири кулли НАТО Йенс Столтенберг аз Русия тақозо кард, ки  «омодагӣ ба ҷангро бас кунад» ва барои ҳалли бӯҳрони эҷодшуда дар Украина аз паи роҳи дипломатӣ биравад. Бӯҳрон ва таҳдид ба ҷанг баъди он эҷод шуд, ки Русия дар хати марз бо Украина беш аз 100 ҳазор нирӯяшро мустақар кард. Столбенберг бо чунин суханҳо  рӯзи 19-уми феврал аз минбари Конфронси амниятии Мюнхен муроҷиат кард. Як рӯз пеш аз ин  президенти ИМА Ҷо Байден гуфт, ки «мутмаин аст» президенти Русия Владимир Путин қарори ҳуҷум ба Украинаро дар ҳафтаҳои наздик қабул кардааст. Читать дальше...

Байден: ИМА мутмаин аст, ки Путин қарори ҳамла ба Украинаро қабул кардааст

Ozodi.org 

Президенти ИМА Ҷо Байден гуфт, ки «мутмаин аст» президенти Русия Владимир Путин қарори дар ҳафтаҳои наздик ҳуҷум кардан ба Украинаро  қабул кардааст, вале умедвор аст, ки кор аз роҳи дипломатӣ ҳал мешавад. Байден, ки  рӯзи 18 феврал дар як нишасти хабарӣ дар Кохи Сафед  сӯҳбат мекард, гуфт, ки «То ҳамин лаҳза, бовар дорам, ки ӯ қарори худро қабул кардааст», то ба Украина ҳамла кунад. Байден гуфт, 24-уми феврал котиби давлатии ИМА Энтони Блинкен дар Аврупо бо вазири корҳои хориҷии Русия Сергей Лавров... Читать дальше...

Оши оштии тоҷикону қирғизҳо дар Бобоҷон Ғафуров. Як қадам ба пеш ду қадам ба қафо?

Ozodi.org 

Субҳи 19 феврал  дар наздикии ҷамоати Хистеварзи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров маъракаи "Оши оштӣ"-ии  навбатӣ бо ширкати намояндагони мақомоти сокинони деҳоти наздимарзии Қирғизистон баргузор шуд.

Сокини Душанберо бо иттиҳоми таҳқири модараш ба муддати 15 рӯз ҳабс карданд

Ozodi.org 

Мақомоти милисаи шаҳри Душанбе аз боздошту муҷозоти як ҷавон бо иттиҳоми таҳқиру озори модараш хабар доданд. Сокини 31-солаи пойтахт Ш.Ш. бар асоси шикояти  модараш дастгир ва ба ҷавобгарӣ кашида шудааст. Раёсати корҳои дохилии шаҳри Душанбе рӯзи 18-уми феврал хабар дод, ки  Ш.-ро бо иттиҳоми озори лафзии пайвастаи модараш ба ҷавобгарӣ кашидаанд. Маълум нест, ки оё худи Ш. дар ин бора чӣ назар дорад. Вале дар хабари расмӣ омадааст, ки  сокини Душанбе рӯзи 16 феврал дар назди хонааш баъди ҳодисаи... Читать дальше...


Спорт в России и мире

Новости спорта


Новости тенниса
Андрей Рублёв

Российский теннисист Рублев вышел в финал турнира «Мастерс» в Мадриде






КАЛМЫКИЯ. В Москве презентовали первый калмыцкий парфюм

Обратная сторона жизни Петра Кулешова

Саша Илич привез в Россию автобус! «Пари» НН с новым тренером добыл нулевую ничью со «Спартаком»

Яд в банках: в популярных марках кофе Росконтроль выявил фальсификаты