Мы в Telegram
Добавить новость
ru24.net
World News in Tajik
Февраль
2022

Новости за 18.02.2022

Дӯсти дурдаст. Сӣ соли робитаҳои дипломатии Тоҷикистон ва Амрико

Ozodi.org 

Тоҷикистон ва Амрико 30-умин солгарди барқарории робитаҳои дипломатии худро ҷашн мегиранд. Дар ин муддат байни ин ду кишвар ҳамкориҳои зиёде ба роҳ монда шудааст ва Амрико дар маҷмуъ ҳудуди 2 миллиард доллар ба Тоҷикистон кумак кардааст.

Ахбори Озодӣ аз 18-уми феврали соли 2022 (Пахши зинда)

Ozodi.org 

Дар натиҷаи муҳокимаи нав ҳабси Хӯҷа Каримов ба 21 соли зиндон баробар шуд, вакилони мудофиа мегӯянд, дар бораи макони боздошти Амриддин Аловатшоев маълумот надоранд, Тоҷикистон мунтазири иҷозати Қирғизистон буда, ҳозир аст роҳи Хоҷаи Аъло-Ворухро бунёд кунад, ҳиҷрати табибон аз Тоҷикистон ва матолиби дигар.

Дар Хатлон шаҳрванди Эрону дӯсти тоҷикашро ба зиндон андохтанд

Ozodi.org 

Дар Тоҷикистон як шаҳрванди Эронро бо гуноҳи пошидани кислота ба рӯи як зани тоҷик ва талош барои қатли ҳамсари собиқи тоҷикаш ба солҳои тӯлонии зиндон маҳкум кардаанд. Додситонии кулли Тоҷикистон рӯзи 18-уми январ бо нашри як баёнияи расмӣ, хабар дод, ки муҳокимаи Саидҳусейн Ризвониёни 49-сола дар додгоҳи вилояти Хатлон рӯзи 8-уми январ ба поён расидааст ва додгоҳ ӯро бо гуноҳи талош барои Гулбаҳор Ашӯрзодаи 30-сола ба 17 соли зиндон маҳкум кардааст. Дар баёнияи додситонӣ омадааст, ки ин ду... Читать дальше...

Маъданҳои Тоҷикистонро кадом кишвар бештар истихроҷ мекунад?

Ozodi.org 

Саридораи геологияи назди ҳукумати Тоҷикистон эълом дошт, ки феълан дар кишвар 17 ширкат иҷоза дорад, то омӯзишҳои геологӣ ва иктишофи маъданро анҷом диҳанд. Ба иттилои намояндагони ин ниҳод, аксари онҳое, ки чунин санад гирифтаанд, ширкатҳои муштараки Тоҷикистону Чин мебошанд.

Геологҳои тоҷик тавсия додаанд, даҳҳо оила ба ҷойи амн кӯч дода шаванд

Ozodi.org 

Як таҳқиқоти геологӣ дар Тоҷикистон 51 мавзеи хатарнок барои зиндагиро ошкор кардааст ва бояд хонаводаҳо ба ҷойҳои амн кӯч дода шавад. Ин пажӯҳиш дар 886 ноҳияву деҳа ва маҳаллаҳои кишвар гузаронида шудааст. Масъулини саридораи геологияи Тоҷикистон мегӯянд, маконҳои хатарнок бештар аз ҳама дар ноҳияи Масчоҳи куҳӣ ошкор шудаанд. Муттахассисон ҳушдор додаад, ки аз 18 мавзеи ин ноҳия бояд 94 оила кучонида шавад. Соли гузашта ба ҳамин далел 375 оила дар Вилояти Хатлону Суғд ва Вилояти Мухтори Куҳистони... Читать дальше...



Украина Русияро ба барангехтани иғво муттаҳам кард

Ozodi.org 

Мақомоти Украина рӯзи 18-уми феврал гуфтанд, ки дар 24 соати гузашта, нақзи зиёди созиши оташбас аз тарафи ҷудоиталабони таҳти ҳимояти Русияро сабт кардааст. Айни замон Амрико мегӯяд, ки Русия барои барангехтани иғво ҷиҳати ҳамла ба Украина дар чанд рӯзи оянда омодагӣ мегирад. Артиши Украина дар як гузорише гуфт, ки дар як шабонарӯзи гузашта 60 мавриди нақзи созиши оташбасро сабт кардааст ва аз ҷумла як сарбози онҳо маҷруҳ шудааст. Ба гуфтаи фармондеҳони украинӣ, ҷудоитабалон ба бештар аз 10 маҳалла бо истифода аз тӯпхона... Читать дальше...

Ба Тоҷикистон кумак карданд, то ба паноҳҷӯёни афғон кумак кунад

Ozodi.org 

Дафтари Комиссариати Олии Созмони Милали Муттаҳид дар Умури Паноҳандагон дар Тоҷикистон барои омодагӣ ба эҳтимоли вуруди муҳоҷирони афғон ба кишвар 20 тонна кумаки башарӣ гирифтааст. Намояндагии созмон рӯзи 18-уми феврал бо нашри як баёнияи расмӣ гуфт, кӯмакҳои башарӣ иборат аз 104 сарпаноҳи муваққатӣ барои паноҳҷӯён, рахти хобу васоили пухту пазо ва дигар маводи зарурӣ барои зиндагӣ иборат аст. Кумаки мазкурро Иттиҳодияи Аврупо ва ҳукумати Ҷопон ба Тоҷикистон фиристодаанд. Мулугета Зевдие, мудири... Читать дальше...

Норвегия ҳамчунон пешсафи Бозиҳои Олимпӣ дар Чин

Ozodi.org 

​Дар Бозиҳои XXIV зимистонаи олимпӣ, ки дар Пекини Чин ҷараён доранд, баъди натиҷагирии сездаҳ рӯзи мусобиқот мунтахаби Норвегия бо касби 29 медал (14 тилло, 7 нуқра ва 8 биринҷӣ) дар ҳисоби умумидастаӣ бо дарназардошти ҳам сифати медалҳо ва ҳам теъдоди онҳо мисли пешин дар ҷойи аввал аст.

Як шаҳрванди Русияро дар Тоҷикистон ба 28 соли зиндон маҳкум карданд

Ozodi.org 

Додгоҳе дар Тоҷикистон як шаҳрванди Русияро ба 28 соли зиндон маҳкум кард. Додситонии кулли Тоҷикистон рӯзи 17-уми феврал бо нашри як баёния дар сомонаи расмиаш дар ин бора хабар додааст.  Сергей Проскуряков, ки ба таҷовуз ва куштори як кӯдаки 6-сола гунаҳкор дониста шудааст, дар маҳбаси дорои низомаш сахт адои ҷазо хоҳад кард.  Бино ба иттилои ин ниҳод, шаҳрванди Русия, Сергей Проскуряков, ки дар ноҳияи Дӯстии Вилояти Хатлон зиндагӣ мекардааст, моҳи сентябри соли гузашта, дар ҳолати мастӣ кӯдаки... Читать дальше...

Иттиҳомҳои нав зидди Хӯҷа-командир. Додгоҳ ӯро ба 21 сол зиндон маҳкум кард

Ozodi.org 

Додгоҳи олии Тоҷикистон Хӯҷа Каримов, маъруф бо номи Хӯҷа-командир, фармондеҳи пешини Фронти Халқиро дар доираи парвандаҳои наваш ба 21 сол маҳкум ба зиндон кард. Қаблан ӯро ба 14 сол зиндон маҳкум карда буданд.

Русия муовини сафири Амрикоро ихроҷ кард

Ozodi.org 

Ҳукумати Русия рӯзи панҷшанбеи 17-уми феврал муовини сафири Амрико дар Маскаваро ихроҷ кард. Ба гузориши хабаргузории русии "Спутник", Вазорати корҳои хориҷии Русия аз Бартл Горман хост то хоки Русияро тарк кунад. Сафорати Амрико дар Маскав бо таъйиди ин хабар, амалкарди Русия барои берун кардани дипломати баландпояи худро "ноодилона" хонда ва гуфтааст, оқои Горман визаи дипломатии сесола дорад ва берун кардани ӯ қабл аз тамом шудани муҳлати раводиди вай, вокуниши мутақобили ҳукумати Амрикоро дар пай хоҳад дошт. Читать дальше...

Эътилофи зидди шиканҷа: Аловатшоевро пайдо карда наметавонем. ВКД мегӯяд, дар СИЗО аст

Ozodi.org 

Эътилофи созмонҳои ҷамъиятии зидди шиканҷа аз тақдири Амриддин Аловатшоев нигаронӣ карда, мегӯяд, вакили дифоъ дар ягон боздоштгоҳ ӯро пайдо карда наметавонад. Вале мақомот ин изҳоротро рад карда мегӯянд, Аловатшоев дар Боздоштгоҳи муваққатии рақами 1-и Душанбе нигоҳдорӣ мешавад.

Ҳалокати беш аз 100 нафар дар селобҳои Бразил

Ozodi.org 

Шумораи қурбониёни сел ва лағзиши замин дар минтақаҳои куҳистонии Бразил рӯзи панҷшанбе ба 105 нафар расид. Хабаргузории "Рейтерз" бо нашри гузорише мегӯяд, интизор меравад шумораи қурбониёни борандагиҳои ҳафтаи ҷорӣ афзоиш ёбад. Тибқи ин гузориш, ҳудуди 500 нафар аз аъзои гурӯҳҳои наҷотдиҳанда якҷо бо мардуми маҳаллӣ дар ҳоли ҷустуҷӯи афроде ҳастанд, ки эҳтимол меравад дар миёни сел ва хоку лой монда бошанд. Аммо манбаъҳои маҳаллӣ гуфтаанд, ки ба хотири лой ва гил ва низ низ торикии шаб, амалиёти наҷот ба кундӣ пеш меравад. Читать дальше...

Дар мактабҳои Қазоқистон дарсеро, ки ҳамсари Назарбоев ҷорӣ карда буд, бекор карданд

Ozodi.org 

Вазорати маориф ва илми Қазоқистон аз барномаи ҳатмии мактабӣ дарси "Худшиносӣ"-ро бекор кард, ки Соро - ҳамсари президенти пешини Қазоқистон Нурсултон Назарбоев онро ҷорӣ карда буд. Ин дарс тӯли 11 соли таҳсили мактаби миёна дар Қазоқистон таълим дода мешуд. Ҳамакнун мумкин аст, дарси мазкур ҳамагӣ 1 сол таълим дода шавад, на 11 сол. Ин дарс дар барномаи ҳатмии мактабӣ, бо ташаббуси Соро Назарбоева, соли 2009 ҷорӣ шуд. Ҳадаф аз он "ташаккули комил, рушди маънавии инсон - шаҳрванди Олам, ки имкон дорад... Читать дальше...


Спорт в России и мире

Новости спорта


Новости тенниса
Даниил Медведев

Чех Легечка пожелал здоровья россиянину Медведеву, который снялся с их матча






Туктамышева рассказала, что у нее грандиозные планы на отпуск

Стоп, снято: мошенники придумали новые схемы с фейковыми фотосессиями

В СК рассказали подробности нападения на бойца СВО в поезде под Пермью

Мужчину госпитализировали после стрельбы в Калужской области