Мы в Telegram
Добавить новость
ru24.net
World News in Tajik
Февраль
2022

Новости за 27.02.2022

Путин нерӯҳои боздорандаи ҳастаиро дар ҳолати омодабош қарор дод

Ozodi.org 

Раисиҷумҳури Русия дар пасманзари авҷ гирифтани таниш бо Ғарб, дар пайванд ба ҳамлаи беасосаш ба Украина, ба нерӯҳои боздорандаи ҳастаии кишвараш дастур дод, ки дар ҳолати омодабош қарор гиранд.

Украина ва Русия розӣ шудаанд, ки дар наздикии марз бо Беларус гуфтугӯ кунанд, аммо бе ҳеч шарт

Ozodi.org 

Дафтари президент Владимир Зеленский хабар дод, ки мақомоти Киеву Маскав дар як маконе дар марзи Беларус бо Украина мулоқот хоҳанд кард, аммо сана ва вақти онро нагуфтаанд.

"Ба мошинам тир заданд." Нақли муҳоҷирони тоҷик аз тирпарронӣ ва фирор ба марзи Лаҳистон. ВИДЕО

Ozodi.org 

Дар ҳоле ки мақомоти Тоҷикистон дар бораи сарнавишти шаҳрвандони кишвар дар Украина хабаре надодаанд, яке аз онҳо мегӯяд, мавриди ҳамла қарор гирифт. Чандеи дигар шаби гузашта ба минтақаи наздик ба марзи Лаҳистон фирор кардаанд. Шумори расмии шаҳрвандони Тоҷикистон дар Украина маълум нест.

Муҳоҷирони тоҷик дар Украина гуфтанд, ки чӣ ҳол доранд

Ozodi.org 

Дар ҳоле ки мақомоти Тоҷикистон дар бораи сарнавишти шаҳрвандони кишвар дар Украина хабаре надодаанд, яке аз онҳо мегӯяд, мавриди ҳамла қарор гирифт. Чандеи дигар шаби гузашта ба минтақаи наздик ба марзи Лаҳистон фирор кардаанд. Теъдоди тахминии тоҷикон дар Украина 8 ҳазор нафар гуфта мешавад.



Путинро аз раҳбарии IJF маҳрум карданд

Ozodi.org 

Владимир Путин, раисиҷумҳури Русияро муваққатан аз мақоми президенти фахрии Федератсияи байнулмилалии дзюдо (IJF) барканор кардаанд. Шӯрои ҷаҳонии дзюдо 27-уми феврал тасмими худро ба ҳуҷуми Русия ба Украина пайванд дод.

Низоъ дар марз тиҷорати тоҷикону қирғизҳоро кам кардааст. ВИДЕО

Ozodi.org 

Наздик ба як сол баста мондани марзи Тоҷикистону Қирғизистон таъсири худро ба иқтисоди шимоли кишвар гузоштааст. Гардиши мол байни Тоҷикистону Қирғизистон дар соли 2021 ба поинтарин сатҳ расида, мақомот мегӯянд, мумкин аст, ба сифр баробар шавад. Ин ҳолат бесобиқа номида мешавад.

Нерӯҳои Русия вориди Харков шудаанд. Киев мегӯяд, ба муқобила омода аст

Ozodi.org 

Нерӯҳои Русия ба Харков, дувумин шаҳри бузурги Украина, даромадаанд. Сокинони пойтахти Украина субҳи 27-уми феврал аз як таркиши бузург ва чанд инфиҷори дигар хабар доданд. Дар ҳоле ки Ғарб Маскавро барои таҷовуз ба хоки ҳамсояаш ҷазои сахттар медиҳад, ҷанги Русия бо Украина шиддат гирифтааст.

Олмон ба Украина "Стингер" ва мушаки зиддитонкӣ мефиристад

Ozodi.org 

Ҳукумати Олмон гуфт, дар муқобили ҳамлаи беасоси нерӯҳои Русия, ба Украина 1000 мушаки зиддитонкӣ ва 500 мушаки зидди ҳавоии "Стингер" мефиристад. Ин тасмим дар сиёсати Берлин дигаргунии қобили мулоҳиза аст.


Спорт в России и мире

Новости спорта


Новости тенниса
Андрей Рублёв

Рублев о победе на "Мастерсе" в Мадриде: у меня нет слов






Оркестр «Серебряные трубы» выступил в Чехове в преддверии 9 Мая

Сотрудники Росгвардии обеспечили безопасность граждан в период празднования Светлого Христова Воскресения

Захватывающий фестиваль K-POP танцев CoverLand прогремел в ТРЦ «Нора»

Президент ДР Конго объяснил британцу, почему в Африке любят Россию