Мы в Telegram
Добавить новость
ru24.net
World News in Tajik
Октябрь
2022

Новости за 10.10.2022

Қирғизистон "не" гуфт, нерӯҳои СПАД ба Тоҷикистон меоянд

Ozodi.org 

Созмони Паймони Амнияти Дастҷамъӣ хабар дод, ки тамрини нерӯҳояш аз 10-ум то 21-уми октябр дар Тоҷикистон хоҳад гузашт. Ин машқи низомӣ бояд дар ҳудуди Қирғизистон баргузор мешуд, аммо Бишкек як рӯз пеш онро бекор кард.

Дар Қазоқистон онҳоеро меҷӯянд, ки Путинро "президенти худ" номиданд

Ozodi.org 

Департаменти Кумитаи амнияти миллии Қазоқистон ба баррасии изҳороти сокинони эҳтимолии вилояти Қазоқистони Шимолӣ шуруъ кардааст, ки Владимир Путинро раисиҷумҳури худ номиданд. Дар ин бора хабаргузории ҚазТАГ иттилоъ дод.

Саъдӣ мехоҳад, низоми забономӯзиро дар Тоҷикистон дигар кунад. Чӣ гуна? ВИДЕО

Ozodi.org 

Чанд ҷавони тоҷик талош доранд, бо тарзи нав ба мардум забони англисӣ ёд бидиҳанд. Ин дарсҳо бепул аст ва асосан тавассути шабакаҳои иҷтимоӣ сурат мегирад. Баъзе аз омӯзгорони ҷавон мегӯянд, усули таълими англисӣ дар мактабҳои Тоҷикистон куҳна шуда, бояд тағйир ёбад.

Саъдӣ мехоҳад, тарзи забономӯзиро дигар кунад

Ozodi.org 

Чанд ҷавони тоҷик талош доранд, бо тарзи нав ба мардум забони англисӣ ёд бидиҳанд. Ин дарсҳо бепул аст ва асосан тавассути шабакаҳои иҷтимоӣ сурат мегирад. Баъзе аз омӯзгорони ҷавон мегӯянд, усули таълими англисӣ дар мактабҳои Тоҷикистон куҳна шуда, бояд тағйир ёбад.

Ҳалокати 17 сарбози эҳтиётӣ аз оғози "мобилизатсия" дар Русия

Ozodi.org 

Аз оғози “мобилизатсия” ё басеҷи нерӯҳои эҳтиётӣ ба артиш дар Русия 17 сарбоз фавтидааст. Сафарбарӣ ба артиш дар Русия аз 21-уми сентябр сар шуд ва дар ин муддат ба пайвандони 17 даъватшаванда хабари марги онҳо расидааст.



Нокомии панҷ паҳлавони тоҷик дар қаҳрамонии ҷудои ҷаҳон дар Тошканд

Ozodi.org 

Дар мусобиқоти қаҳрамонии ҷудои ҷаҳон миёни бузургсолон, ки дар шаҳри  Тошканди Узбекистон  ҷараён дорад, дар чаҳор рӯзи рақобатҳо панҷ паҳлавони тоҷик ноком шуда, аз ҳаққи идомаи мубориза маҳрум гаштанд.

Ҷабборов: 99 дарсади баҳсҳои марзӣ ба нафъи Қирғизистон ҳал шудааст

Ozodi.org 

Президенти Қирғизистон Содир Ҷабборов бо хабаргузории давлатии "Кабар"-и он кишвар дар робита ба гуфтугӯҳо дар бораи таъйин ва аломатгузории марзҳо суҳбат кардааст. Ба гуфтаи ӯ, 99 дарсади баҳсҳои марзӣ ба нафъи Қирғизистон ҳал шудааст.

Мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) ба марҳилаи ниҳоии Ҷоми Осиё-2023 роҳ ёфт

Ozodi.org 

Дастаи мунтахаби наврасони то 17-солаи футболи Тоҷикистон бо роҳбарии сармураббӣ Раҳматулло Фузайлов, ки дар мусобиқоти интихобии Ҷоми Осиё-2023 дар гурӯҳи «Н» бо касби шаш имтиёз ғолиб шуд, ба марҳилаи ниҳоии қаҳрамонии қора роҳ ёфт.

"Гаҳвораи ҷаҳон қурбонии сиёсати ҳокимон шуд." Дар Покистон ба зидди Толибон бархостаанд. ВИДЕО

Ozodi.org 

Дар ҳафтаҳои охир дар вилояти Хайбар-Пахтунхоҳ, дар шимолу ғарби Покистон ва ҳаммарз бо Афғонистон, эътироз ба зидди Таҳрики Толибон бештар шудааст. Аксари мардум аз бозгашти Толибони покистонӣ ҳарос доранд. Сокинон мегӯянд, ҷангҷӯён суботи нисбии минтақаро таҳти хатар мегузоранд.

Дар Покистон мардум ба зидди Толибон бархостаанд

Ozodi.org 

Ҳафтаҳои охир дар вилояти Хайбар-Пахтунхоҳ, дар шимолу ғарби Покистон ва ҳаммарз бо Афғонистон, эътироз ба зидди Таҳрики Толибон бештар шудааст. Аксари мардум аз бозгашти Толибони покистонӣ ҳарос доранд. Сокинон мегӯянд, ҷангҷӯён суботи нисбии минтақаро таҳти хатар мегузоранд.


Спорт в России и мире

Новости спорта


Новости тенниса
Елена Рыбакина

Названы победительницы матчей Рыбакиной и Путинцевой за четвертьфинал турнира в Мадриде






Спустя несколько недель после операции: сын Юрия Куклачева рассказал о состоянии артиста

Лавров в беседе с Мухриддином назвал проверки иностранцев временными

МакSим — о Трусовой: какой характер у этой девочки!

Москвич-именинник проткнул себе зад шампурами