Мы в Telegram
Добавить новость
ru24.net
World News in Tajik
Октябрь
2022

Новости за 24.10.2022

Раҳмон раҳбари Чинро табрик кард

Ozodi.org 

Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, раҳбари Чин Си Ҷинпинро ба муносибати бори сеюм интихоб шуданаш ба мақоми раиси ҷумҳурӣ ва котиби генералии ҳизби коммунистии Чин табрик кард. Дар барқияи табрикии раҳбари Тоҷикистон интихоби сеюмбораи Ҷинпин ба раҳбарии ин кишвар чун "дастгирии ҷомеаи Чин" аз "шоҳроҳе", ки ба рушди иҷтимоиву иқтисодӣ ва сиёсии  ин кишвар мебарад, ситоиш шудааст. Раҳмон изҳори боварӣ кардааст, ки ин пирӯзӣ ба "шарикии ҳамаҷонибаи стратегии Тоҷикистон ва Чин мусоидат" хоҳад кард. Читать дальше...

Ширкати таъсисдодаи "Фароз" 18-умин истгоҳи нақлиётиро кушод. Нархҳояш номаълум. ВИДЕО

Ozodi.org 

Дар канори шаҳри Душанбе, дар самти вилояти Суғд барои ронандагону мусофирон истгоҳ ё терминали наве сохта шудааст, ки соҳибашро яке аз наздикони президенти Тоҷикистон медонанд.

Ба Суғд аз терминали нав сафар мекунед

Ozodi.org 

Аз охири ҳафтаи гузашта ронандагону мусофирони самти вилояти Суғд аз истгоҳ ё терминали нав истифода мекунанд, ки дар канори шаҳри Душанбе фаъол шуд. Терминали навро ширкати “Тоҷиквнештранс”, ки муассисаш ширкати ”Фароз” аст, бунёд кардааст.

Дар Ҳарбмайдони Тоҷикистон машқи ҷангӣ баргузор шуд

Ozodi.org 

Дар размоишгоҳи Ҳарбмайдони Тоҷикистон машқҳои низомии нирӯҳои вокуниши сареи узви Созмони Паймони Амнияти Дастаҷамъӣ ба поён расид. Ҳадафи машқҳо ёд гирифтани мубориза бо гурӯҳҳои ғайриқонунии мусаллаҳ будааст.

Додситон хост, хушдомани Манора ҳашт сол зиндонӣ шавад

Ozodi.org 

Намояндаи додситонӣ аз додгоҳи ноҳияи Файзобод талаб кардааст, то Бибикалон Назирова, зане, ки дар марги келинаш айбдор мешавад, ба ҳашт соли зиндон маҳкум шавад. Ҷасади Манораи Абдуфаттоҳ, келини 25-солаи ин зан, соли гузашта бо 26 зарби корд аз манзили иҷорааш пайдо шуда буд. Мақомот гуфтанд, ӯ худкушӣ кардааст ва хушдоманашро дар марги ӯ айбдор намуданд. Дар мурофиаи охирин, ки рӯзи 24-уми октябр гузашт, ин зан бори дигар эътироф кардааст, ки дар бархе ҳолат бо келинаш “нофаҳмӣ” дошт, вале гуфтааст... Читать дальше...

"Барои нома азият доданд". Дидори пайвандон бо Пирмуҳаммадзода дар боздоштгоҳ

Ozodi.org 

Мақомот ба пайвандони Абдусаттор Пирмуҳаммадзода, рӯзноманигори боздоштшудаи тоҷик, рӯзи 22-уми октябр иҷозаи дидор додаанд. Ӯ дар ин дидор гуфтааст, ки пас аз нашри муҳтавои номааш мақомот ӯро азият доданд. Ин суҳбат як рӯз пас аз нашри муҳтавои номаи Пирмуҳаммадзода дар Радиои Озодӣ сурат гирифтааст. Ӯ дар номааш навишта буд, ки аз рӯзи аввали боздошт зери фишори равонӣ ва шиканҷа маҷбураш мекарданд, то иттиҳоми, ба қавлаш, “бофтаву сохтаи” мақомоти милисаро ба дӯш бигирад. Абдукарим Пирмуҳаммадзода... Читать дальше...

Анҷоми давраи дувуми қаҳрамонии футболи Тоҷикистон миёни дастаҳои лигаи олӣ

Ozodi.org 

Баъди натиҷагирии бозиҳои даври ҳаждаҳуми қаҳрамонии футболи Тоҷикистон миёни дастаҳои лигаи олӣ, ки рӯзҳои 21-23-юми октябр баргузор шуд, давраи дувуми мусобиқот ба поён расид. Аз панҷ бозии даври ҳаждаҳум чаҳортоаш бо натиҷаи мусовӣ хотима ёфт. Бозиҳо миёни дастаҳои “Хуҷанд” – “Эсхата”, “Равшан”-и Кӯлоб – “Хатлон”, КМВА – “Истиқлол” бо ҳисоби якхелаи 1:1 ба охир расид. Бозӣ миёни дастаҳои “Равшан”-и Зафаробод - “Регар-ТадАЗ” бо ҳисоби 0:0 анҷом ёфт. Дар як дидор “Истаравшан” бар “Файзканд” бо ҳисоби 1:0 ғолиб омад. Читать дальше...



Дар Бишкек ба ҳимоят аз фаъолон тазоҳурот карданд

Ozodi.org 

Дар шаҳри Бишкек имрӯз даҳҳо нафар ба нишони ҳимоят аз фаъолони мадание тазоҳурот карданд, ки мақомоти интизомии Қирғизистон онҳоро барои муддате боздошт намуданд. Рӯзи 23-уми октябр пулис ҳамчунин хонаҳои даҳҳо нафар аз фаъолони маданӣ ва сиёсатмадоронеро ҷустӯҷу кард, ки мухолифи тарҳи созишномаи таъйину аломатгузории марз бо Узбекистон ҳастанд. Азиза Абдурасулова, ҳомии ҳуқуқи қирғиз рӯзи 23-уми октябр гуфт, ки баъзе аз ин афрод барои 48 соат боздошт ва сипас раҳо шудаанд. Пулис теъдоди боздоштшудагонро нагуфтааст. Читать дальше...

Дар Қирғизистон дастрасӣ ба интернет мушкил шуд

Ozodi.org 

Вазорати рушди рақамии Қирғизистон мушкили дастрасӣ ба интернетро шарҳ дод. Дар он кишвар дастрасӣ ба интернет субҳи 24-уми октябр мушкил шуд. Ба иттилои вазорат, "дар яке аз хатҳои асосии интернет садама рух дод ва ба ин далел мушкил сар зад". "Алоқаи интернетӣ ба зудӣ барқарор мешавад. Ба илова, барои таъмини интернет хатҳои эҳтиётӣ ба кор андохта мешаванд", - иттилоъ доданд аз вазорати рушди рақамии Қирғизистон. Пештар аз ин ширкати таъминкунандаи интернет дар Қирғизистон "MegaCom" аз "садамаи ҷиддӣ"-е хабар дод... Читать дальше...

Вакилони қирғиз боздошти фаъолону сиёсатмадоронро маҳкум карданд

Ozodi.org 

Вакилони порлумони Қирғизистон Жанар Акаев, Тозабек Икромов, Исҳоқ Масалиев, Адахон Мадумаров, Мирлан Самийкожо ва Достон Бекешев кофтукоб ва боздошти сиёсатмадорону фаъолони қирғизистониро маҳкум карданд.

Додситонии Қазоқистон мардумро ҳушдор дод, ки ба гирдиҳамоӣ набароянд

Ozodi.org 

Рӯзи якшанбеи 23-юми октябр Додситонии кулли Қазоқистон шаҳрвандони он кишварро огоҳ кард, ки дар рӯзҳои оянда ба "гирдиҳамоиҳои ғайриқонунӣ" набароянд. Додситонӣ аз "иғво" ҳушдор медиҳад.

Медали биринҷии Темур Раҳимов дар "Abu Dhabi Grand Slam 2022"

Ozodi.org 

Темур Раҳимов, паҳлавони маъруфи тоҷик, дар мусобиқаи байнулмилалии ҷудо  “Abu Dhabi Grand Slam 2022”, ки шаби якшанбеи 23-юми октябр дар пойтахти Имороти Муттаҳидаи Араб - шаҳри Абузаби – ба поён расид, медали биринҷӣ ба даст овард.


Спорт в России и мире

Новости спорта


Новости тенниса
WTA

Мирра Андреева обыграла Вондроушову в третьем круге турнира WTA в Мадриде






В субботу в Москве ожидается отрицательная температура

«Доверяйте инстинктам»: шеф-повар Мосин рассказал, как выбрать мясо для шашлыка

Суд арестовал пятерых поджигателей вертолёта Ка-32 на аэродроме Остафьево

В Москве пройдёт Летний концерт Сергея Пенкина