Мы в Telegram
Добавить новость
ru24.net
World News in Tajik
Октябрь
2022

Новости за 26.10.2022

Магар Эҳсон Аминзода дар Белгород "қотил" шуд?

Ozodi.org 

Дар зодгоҳи Эҳсон Аминзода, як ҷавони тоҷик, ки дар қатли 11 нафар дар як қисми низомӣ дар Русия муттаҳам мешавад, бовар надоранд, ки ӯ ба чунин коре қодир бошад. Хабарнигорони Радиои Озодӣ ба зодгоҳи Эҳсон Аминзода ба ноҳияи Кушониён рафтанд ва аз онҳое пурсиданд, ки Эҳсонро мешиносанд.

Мастона - духтари деҳотие, ки шӯҳратёри Тоҷикистон шуд

Ozodi.org 

Дар Душанбе рӯзи 26-уми октябр 55-умин солгарди ҳунарнамоии Мастона Эргашева, яке аз овозхонҳои маъруфи Тоҷикистонро таҷлил карданд. Ӯ бо хондани таронаҳои Шашмақом ва дигар таронаҳои мардумӣ дар кишварҳои ҳамсоя ҳам ном баровардааст.

Завқибек Саидаминиро ҳам "пинҳонӣ" муҳокима карданд

Ozodi.org 

Мурофиаи рӯзноманигор Завқибек Саидаминӣ рӯзи 26-уми октябр паси дарҳои баста ва бе ҳузури пайвандонаш идома кард. Маълум нест, тарафҳо чӣ гуфта ва чӣ шунидаанд. Вакили мудофеъ баъди мурофиа нахост, гап занад.



Талаби Қирғизистон рад шуд, Бишкек сомонаи Радиои Озодиро баст

Ozodi.org 

Вазорати фарҳанг ва иттилооти Қирғизистон сомонаи бахши қирғизии Радиои Озодиро барои ду моҳ баст. Мақомот рӯзи 26-уми октябр сабабашро як гузориши видеоӣ дар робита ба вазъ дар сарҳади Тоҷикистону Қирғизистон номиданд.

Кореяи Ҷанубӣ, Урдун ва Умон - рақибони мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон дар Ҷоми Осиё-2023

Ozodi.org 

Мунтахаби ҷавонони то 20-солаи футболи Тоҷикистон (U-20) тибқи қуръакашии марҳилаи ниҳоии Ҷоми Осиё-2023, ки имрӯз, 26-уми октябр дар Тошканд доир гардид, дар гурӯҳи “С” бо дастаҳои Кореяи Ҷанубӣ, Урдун ва Умон бозӣ мекунад.

Русия Амрикоро аз оғози размоиш хабардор кард

Ozodi.org 

Русия рӯзи 25-уми октябр расман Амрикоро дар бораи баргузории размоиши нерӯҳои стратегии ҳастаии "Гром" хабар дод. Дар ин размоишҳо мушаки болдор истифода мешавад. Мушаки болдор имкони интиқоли кӯлоҳакҳои ҳастаӣ доранд.

"Як сиёсатшиносро оварданд", вале наздикони Завқибекро роҳ надоданд

Ozodi.org 

Мурофиаи рӯзноманигори боздоштшуда Завқибек Саидаминӣ рӯзи 26-уми октябр паси дарҳои баста ва бе ҳузури пайвандонаш идома кард. Маълум нест, тарафҳо чӣ гуфта ва чӣ шунидаанд. Вакили мудофеъ баъди мурофиа нахост, гап занад.

Низои сарҳадӣ. Кӣ метавонад, байни Тоҷикистону Қирғизистон миёнравӣ кунад?

Ozodi.org 

Пешниҳоди ҷалби ҷониби севум ба ҳалли баҳси марзии Тоҷикистону Қирғизистон рӯзҳои охир зиёд садо медиҳад. Кӣ метавонад миёнравӣ кунад? Оё дахолати нерӯи севум боиси шиддати низоъ намешавад?

Расонаҳои русӣ аз муноқишаи гурӯҳии муҳоҷирон дар Маскав хабар доданд

Ozodi.org 

Телевизионҳои Русия аз муноқишаи гурӯҳии муҳоҷирон дар шаҳри Маскав хабар додаанд, ки шоми 24-уми октябр дар як сохтмон рӯй додааст. Дар пайи муноқиша кормандони пулис 29 нафарро дастгир кардаанд. Ба иттилои расонаҳои русӣ, боздоштшудаҳо муҳоҷирони Тоҷикистону Узбекистон ва Туркия будаанд. Онҳо ба пулис сабаби муноқишаро муносибатҳои хусуматомез гуфтаанд. Иштирокчиёни занозаниро феълан бо иттиҳоми майдаавбошӣ ба ҷавобгарии маъмурӣ кашиданд ва мақомот аз идомаи тафтишот хабар додааст. Ба иттилои РЕН ТВ... Читать дальше...

Дар қаҳрамонии CAFA Узбекистон ғолиб, Эрон дуюм ва Тоҷикистон сеюм шуданд

Ozodi.org 

Мусобиқаи қаҳрамонии Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ (CAFA) миёни духтарони то 15-сола, ки аз 21-ум то 25-уми октябр дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Ҳисор баргузор шуд, бо пирӯзии мунтахаби Узбекистон ба поён расид.

Намояндаи ИА: "Кишварҳои минтақа ва ҷаҳон хоҳони ташкили ҳукумати фарогир дар Афғонистон ҳастанд"

Ozodi.org 

Намояндаи вижаи Иттиҳоди Аврупо барои Афғонистон мегӯяд, бисёре аз кишварҳо, ба шумули кишварҳои минтақа, ба ин боваранд, ки ҳанӯз дар Афғонистон як ҳукумати фарогир ташкил нашудааст.

Аз Шарл Мишел хостанд, дар сафараш ба Осиёи Миёна масъалаи ҳуқуқи башарро матраҳ кунад

Ozodi.org 

Чаҳор созмони ҳомии ҳуқуқи башар аз раиси Шӯрои Аврупо Шарл Мишел даъват кардаанд, ки дар мулоқот бо раҳбарони кишварҳои Осиёи Марказӣ дар ҷараёни сафараш ба Қазоқистон ва Узбекистон "масъалаҳои мубрам" дар заминаи ҳуқуқи инсонро матраҳ кунад.

"Дар ҷузвдонам бомба аст". Ҳабси як духтар дар Тошканд барои шухӣ бо пулис

Ozodi.org 

Духтари 19-солае, ки ҳангоми тафтиш дар метрои шаҳри Тошканди Узбекистон ба корманди пулис шухиомез гуфт, дар дохили ҷузвдонаш бомба аст, панҷ рӯз ҳабс шудааст. Корманди Раёсати амнияти метрои Вазорати корҳои дохилии Узбекистон, ки дар истгоҳи метрои Алишер Навоӣ навбатдорӣ мекард, 22 октябр духтари 19-сола Н.С.-ро барои тафтиши ҷузвдонаш боз доштааст. Духтар ба навбатдор гуфтааст, ки дар дохили ҷузвдонаш бомба дорад. Дар натиҷа духтар боздошт шуда, аммо дар рафти санҷиш муайян шудааст, ки дар ҷузвдони ӯ ягон маводи тарканда вуҷуд надорад. Читать дальше...


Спорт в России и мире

Новости спорта


Новости тенниса
WTA

Соболенко вышла в ⅛ финала турнира WTA в Мадриде






Трек «Москва историческая» пройдет в пространстве столицы на выставке «Россия»

"И не надо нас пугать!": В Таджикистане недовольны действиями России. Душанбе заявил, что готов вывести российскую базу

Секретным парашютистом оказался актер Райан Рейнольдс, новый глава острова Яс

МВД нанимает адвокатское бюро для спора с Эстонской православной церковью Московского патриархата