Мы в Telegram
Добавить новость
ru24.net
World News in Tajik
Октябрь
2022

Новости за 20.10.2022

"Гирифтани пули хайрия". Иттиҳоми нав дар парвандаи Ораз Вазирбеков

Ozodi.org 

Ба парвандаи Ораз Вазирбеков, фаъоли бадахшонӣ дар Русия, ки дар шароити мармуз дар Тоҷикистон дастгир шуд, иттиҳоми нав илова кардаанд. Пайвандонаш рӯзи 20-уми октябр ба Радиои Озодӣ гуфтанд, ин дафъа ӯ ба "азхудкунии маблағ" гумонбар аст. Мақомот иттиҳоми нави Вазирбековро шарҳ намедиҳанд.

Робин Митчел президенти Ассотсиатсияи кумитаҳои миллии олимпӣ интихоб шуд

Ozodi.org 

Робин Митчел, намояндаи Фиҷи, дар Ассамблеяи 26-уми кулли Ассотсиатсияи кумитаҳои миллии олимпӣ, ки дар шаҳри Сеули Кореяи Ҷанубӣ ҷараён дорад, президенти ANOC барои давраи солҳои 2022-2026 интихоб гардид.

Натоиҷи бозиҳои мавқуфмондаи лигаи олӣ мавқеи пешсафонро дар ҷадвал тағйир надод  

Ozodi.org 

Баъди натиҷагирии се бозии мавқуфмондаи қаҳрамонии футболи Тоҷикистон миёни дастаҳои лигаи олӣ, ки дар шаҳрҳои Душанбе, Хуҷанд ва Бохтар баргузор шуд, мавқеи пешсафон дар ҷадвали мусобиқот тағйир наёфт. Дар бозии мавқуфмондаи даври панҷум, ки 19-уми октябр  дар Варзишгоҳи марказии Душанбе баргузор шуд, дастаи мизбон - «Истиқлол» - тими «Файзканд»-и Восеъро бо ҳисоби 3:1 мағлуб кард. Дар ин бозӣ ҳамлагари душанбегиҳо Манучеҳр Ҷалилов, ки ба дарвозаи меҳмонон ду тӯб зад, дар рӯйхати нишонзанҳои... Читать дальше...



Ҳомиёни ҳуқуқ раҳоии блогери қирғизистониро хостанд

Ozodi.org 

Чандин ҳаракати ҳомии ҳуқуқи Қирғизистон бо нашри муроҷиатномае аз президенти он кишвар Содир Ҷабборов хостанд, блогер ва мудири саҳифаи "Полит Узник" дар шабакаи иҷтимоии Фейсбук Ирис Жекшеналиев озод карда шавад.

Тахриби қароргоҳи пешини Нурсултон Назарбоев дар Алмато

Ozodi.org 

Шаҳрдори Алмато Ерболат Досаев 20-уми октябр дар мулоқот бо сокинони ноҳияи Бостандик гуфт, тахриби бинои қароргоҳи президенти пешини Қазоқистон, ки дар ҷараёни ҳодисаҳои моҳи январ оташ гирифта буд, тақрибан ба поён расидааст.

Таҳқиқ: Толибон 27 асирро дар Панҷшер куштаанд

Ozodi.org 

Як тарҳи пажӯҳишии мустақар дар Бритониё муайян кардааст, ки Толибон дар моҳи сентябри имсол 27 асирро дар Панҷшер куштаанд. Пештар иддао шуда буд, ки ин афрод дар ҷараёни амалиёти ҷангӣ ҷон бохтанд.

Хатти гумшуда. Таърихчаи кӯтоҳи низоъ дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон

Ozodi.org 

Номуайянии сарҳад дар байни Тоҷикистон ва Қирғизистон дар даҳаи охир сабаби зиёда аз 140 низои хурду калон шуда, дар натиҷа, аз ду ҷониб ҷамъан беш аз 200 нафар ҷон бохта, садҳо кас захмӣ гаштаанд. Дар миёни онҳо занону кӯдакон низ ҳастанд.

Марги як кӯдаки 8-сола дар Бухоро дар натиҷаи таркиши зарфи газ

Ozodi.org 

Дар яке аз хонаҳо дар вилояти Бухорои Узбекистон зарфи газ таркидааст. Дар натиҷа кӯдаки 8-солае захм бардошта, дар беморхона фавтидааст. Додситонии кулли Узбекистон хабар медиҳад, ки ин ҳодиса рӯзи 16 октябр рух додааст. Таркиш дар манзиле дар яке аз деҳаҳои ноҳияи Қарақули вилояти Бухоро сар задааст. Додситонии ноҳия таҳқиқи ҳодисаро шуруъ кардааст.

Қирғизистон изҳороти Тоҷикистонро дар бораи вазъи марз рад кард

Ozodi.org 

Ҷониби Қирғизистон ба изҳороти Неруҳои марзбонии Тоҷикистон посух дод ва онҳоро "дур аз воқеият номид". Рӯзи 19-уми октябр Раёсати марзбонии КДАМ-и Тоҷикистон, Қирғизистонро ба иғвоангезӣ ва ноором кардани вазъ дар сарҳади ду кишвар муттаҳам кард.

Маъмурияти САҲА интихоботи президентии Қазоқистонро назорат мекунад

Ozodi.org 

Маъмурияти Бюрои ниҳодҳои демократӣ ва ҳуқуқи инсони Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо рӯзи 19 октябр назорати интихоботи пеш аз муҳлати президентии Қазоқистонро шуруъ кард. Маъмуриятро узви пешини Порлумони Аврупо Уршула Гатсек роҳбарӣ мекунад. Ба тими асосии маъмурият 11 коршиноси байналхалқӣ шомил шудаанд, ки дар Остона қарор мегиранд. Ҳамчунин ба маъмурият 30 нозири дигар шомил ҳастанд, ки шуруъ аз 26 октябр дар саросари Қазоқистон омодагӣ ва баргузории интихоботи пеш аз муҳлатро назорат хоҳанд кард. Читать дальше...

Тоқаев дар остонаи интихобот хост, аз "авбошу террористҳо" қаҳрамон насозанд

Ozodi.org 

Президенти Қазоқистон Қосимҷомарт Тоқаев рӯзи 19-уми октябр дар мулоқот бо сокинони вилояти Алмато аз шаҳрвандони кишвараш даъват кард, ки "авбошҳо ва террористон"-ро ситоиш накунанд.

"Далерро барои далериаш зиндонӣ карданд"

Ozodi.org 

Намояндаи Созмони Амният ва Ҳамкории Аврупо дар умури озодии матбуот хост, мақомоти Тоҷикистон рӯзноманигори шинохта Далери Имомалиро озод кунанд. Додгоҳ рӯзи 17-уми октябр ӯро ба 10 сол зиндон маҳкум кард. Далери 34-сола, ки аз мушкили мардум мегуфт, моҳи июни имсол дастгир шуд.

"Барои далериаш зиндонӣ карданд" Нигоҳе ба кор ва шахсияту хислати Далери Имомалӣ. ВИДЕО

Ozodi.org 

"Мардум дарди ногуфтаи зиёд доранд, ба раису ба вузаро. Ҳукумат аз буҷаи ману Шумо, шаҳрвандони азиз, ин мошинро ба ӯ додааст, вале ману Шуморо қабул намекунад." Ин порча аз яке суҳбатҳои охирини Далери Имомалӣ пеш аз боздошташ аст.


Спорт в России и мире

Новости спорта


Новости тенниса
Даниил Медведев

Медведев сыграет с Бубликом в Мадриде 






Орловчанка получила диплом всероссийской научной конференции за работу, посвященную изучению характера своей прабабушки

«Родина» завершила 30-й тур ничьей с «Тюменью»

Переехавшему из Латвии в Россию пенсионеру одобрили получение ВНЖ

На выставку трофеев на Поклонной горе привезли американскую бронемашину