Мы в Telegram
Добавить новость
ru24.net
World News in Tajik
Октябрь
2022

Новости за 13.10.2022

Баҳси сарҳад. Гуфтугӯи раҳбарони Тоҷикистон ва Қирғизистон бо миёнравии Русия

Ozodi.org 

Пас аз тақрибан як моҳи задухӯрди мусаллаҳона дар сарҳади Тоҷикистон ва Қирғизистон, ки аз ду ҷониб даҳҳо куштаву захмӣ бар ҷой гузошт, Эмомалӣ Раҳмон ва Содир Ҷабборов (Жапаров) ҳамроҳи президенти Русия Владимир Путин сари як миз нишастанд, вале ба ҳамдигар даст надоданд.

Баъд аз даргирии хунин. Раҳмон ва Ҷабборов вохӯрданд, аммо даст надоданд

Ozodi.org 

Пас аз тақрибан як моҳи задухӯрди мусаллаҳона дар сарҳади Тоҷикистон ва Қирғизистон, ки аз ду ҷониб даҳҳо куштаву захмӣ бар ҷой гузошт, Эмомалӣ Раҳмон ва Содир Ҷабборов (Жапаров) ҳамроҳи президенти Русия Владимир Путин сари як миз нишастанд, вале ба ҳамдигар даст надоданд.

Интихоботи пеш аз муҳлат дар Қазоқистон: номзадии се нафар рад шуд

Ozodi.org 

Кумисюни марказии интихоботи Қазоқистон номзадии Хайрулло Габжалилов аз иттиҳоди иҷтимоии оралманҳои "Асар", Талгат Ергалиев аз Иттиҳоди сохтмончиёни Қазоқистон ва Фотима Бизаковаро аз ташкилоти иҷтимоии "Равоншиносии таҷрибавӣ" ба интихоботи президентӣ сабт накард.

Чатри сӯрох? Машқи СПАД дар Душанбе ва баҳси он дар Бишкек. ВИДЕО

Ozodi.org 

Тасмими Қирғизистон, ки ба машқи низомии кишварҳои узви СПАД (Созмони Паймони Амнияти Дастҷамъӣ) дар хокаш иҷоза надод ва барои иштирок дар тамринҳои он ба Тоҷикистон низ нерӯ нафиристод, моҳияти ин созмони зери чатри Русияро баҳсбарангез кард.

Иштироки варзишгарони ҷавони тоҷик дар қаҳрамонии самбои ҷаҳон дар Ереван

Ozodi.org 

Рӯзҳои 14-16-уми октябр дар пойтахти Арманистон – Ереван -  мусобиқоти қаҳрамонии ҷаҳон оид ба самбо миёни навҷавонон, наврасон, духтарон, инчунин оид ба самбои размӣ миёни навҷавонон бо ширкати варзишгарони 24 кишвар, аз ҷумла Тоҷикистон, баргузор  мешавад.



Додситон ба Далери Имомалӣ 10,5 сол зиндон талаб кард

Ozodi.org 

Додситон (прокурор, айбдоркунандаи давлатӣ) ба Далери Имомалӣ, рӯзноманигор ва блогери боздоштшудаи тоҷик, 10,5 сол зиндон талаб кардааст. Ҳанӯз маълум нест, Далери Имомалӣ ба талаби додситон чӣ вокуниш карда. Дар назар аст, ки дар мурофиаи оянда ин рӯзноманигор сухани охирини худро иброз кунад.

Президенти Узбекистон "40 рӯзи зарбдор"-и дарахтшинонӣ эълом кард

Ozodi.org 

Президенти Узбекистон Шавкат Мирзиёев дастур додааст, ки то охири имсол 75 миллион ва дар баҳори соли оянда 125 миллион дарахт дар кишвараш шинонида шавад. Ӯ "40 рӯзи зарбдор" барои дарахтшинонӣ эълом кардааст. Хабаргузории "Gazeta.uz" иттилоъ додааст, ки Мирзиёев дастур дод, дар доираи лоиҳаи миллии "Яшил Макон" 75 миллион дарахти мевадиҳандаву ороишӣ ва дар баҳори соли оянда 125 миллион ниҳоли дигар шинонида шавад. Ӯ аз рӯи таҷриба, аз 20 октябр то 1 декабри имсол "40 рӯзи зарбдор"-и дарахтшинонӣ эълом кардааст. Читать дальше...


Спорт в России и мире

Новости спорта


Новости тенниса
Даниил Медведев

Медведев сыграет с Бубликом в Мадриде 






«Волонтеры Победы» и «Единая Россия» поздравили ветеранов с наступающим Днем Победы

Виктория Боня показала новую прическу с нарощенными волосами за миллион рублей

Житель Узбекистана получил пять лет колонии за оскорбление президента Мирзиёева

Собянин: Столичные школьники и студенты вернулись из Большой арктической экспедиции