Мы в Telegram
Добавить новость
ru24.net
World News in Tajik
Сентябрь
2022

Новости за 11.09.2022

Сел ҳоли занони ҳомилаи Покистонро бад кардааст

Ozodi.org 

Бунёди нуфусшумории Созмони милалаи Муттаҳид мегӯяд, 650 ҳазор зани ҳомила дар минтақаҳои аз сел зиёндидаи Покистон ба макони амн ва хадамоти беҳдоштӣ ниёз доранд, то тифлони батнашонро солим ба дунё биоранд.

Қирғизистон марги раҳбари “Катиба тавҳид в-ал ҷиҳод”-ро таҳқиқ мекунад

Ozodi.org 

Кумитаи давлатии амнияти миллии Қирғизистон гуфтааст, ки хабари марги Сироҷиддин Мухторов, раҳбари гурӯҳи тундрави “Катиба тавҳид в-ал ҷиҳод” дар Сурияро, ки дар ҷустуҷӯи байналмилалӣ қарор дошт, таҳқиқ дорад. Ин Кумита ба бахши қирғизии Радиои Озодӣ гуфтааст, ки “хабари марги террористро таҳқиқ доранд ва пас аз дақиқ шудан тафсилоти иловагӣ хоҳанд дод.” Чанд расонаи русӣ ва қирғизӣ бо такя ба гуфтаи Олег Егоров, муовини раиси маркази Русия оид ба оштии тарафҳои даргир дар Сурия, навиштаанд, ки рӯзи 9-уми сентябр Сироҷиддин Мухторов... Читать дальше...

Маликаи Бритониёро рӯзи 19-уми сентябр дафн мекунанд

Ozodi.org 

Маросими ҷанозаи маликаи Бритониё рӯзи 19-уми сентябр баргузор мешавад. Дар ин бора дафтари матбуотии хонаводаи салтанатии Бритониё хабар додааст. Қасри Букингем шоми 8-уми сентябр эълон карда буд, ки маликаи Бритониё Елизаветаи II дар 96-солагӣ даргузаштааст. То 19-уми сентябр чанд маросиме баргузор хоҳад шуд ва дар ниҳоят ӯро дар қасри Виндзор дафн хоҳанд кард. Ҷойгузини ӯ писараш, Карли 73-сола, подшоҳи Бритониё ва раҳбари 14 қаламрави дигар, аз ҷумла Австралия, Канада ва Зеландияи Нав шудааст. Читать дальше...

Толибон гуфтанд, чархболи Black Hawk дар Кобул сарнагун шуд

Ozodi.org 

Вазорати дифои ҳукумати Толибон хабар додааст, ки рӯзи 10-уми сентябр як чархболи амрикоии Black Hawk дар Кобул ба садама дучор шудааст ва ду сарнишини он кушта шудаанд. Дар хабарномаи Толибон гуфта мешавад, ки як халабони афғон мехост парвоз тариқи ин гуна чархболро биомӯзад ва онро ба осмон баланд карда буд. Дар ин ҳодиса 5 нафари дигар ҷароҳат бардоштаанд. Ин чархбол дар баробари дигар таҷҳизоти ҳавоӣ, ки ҳоло таҳти назорати Толибон аст, аз ҷониби Амрико ба артиши миллии Афғонистон ҳадя шуда будааст. Читать дальше...

Русия Мирзоевро озод кард, вале ӯ дар Душанбе "пайдо" шудааст

Ozodi.org 

Додситонии ноҳияи Лефортовои шаҳри Маскав рӯзи 7-уми сентябр қарори раҳоии Комёр Мирзоев, блогери зодаи Бадахшонро содир кард, вале бо ин вуҷуд, ба гуфтаи манобеи Радиои Озодӣ, ӯ ба Тоҷикистон бурда шудааст.

"Агар падарамро бинам..."

Ozodi.org 

Радиои Озодӣ зиндагии 3 паноҳҷӯйи тоҷик ва фарзандони аъзои раёсати ҳизби дар Тоҷикистон мамнӯи наҳзати исломиро ба навор гирифт, ки баъди соли 2015 аз тарси таъқиби ҳукумат аз Тоҷикистон ба хориҷ паноҳ бурданд. Онҳо аз дурӣ аз падару модар ва лаҳзаҳои ғамангезу хуби зиндагӣ дар Лаҳистон гуфтанд.

"Агар падарамро бинам..." Зиндагии се паноҳандаи сиёсии тоҷик дар Аврупо. ВИДЕО

Ozodi.org 

Радиои Озодӣ зиндагии 3 паноҳандаи тоҷик ва фарзандони аъзои пешини раёсати ҳизби ҳоло дар Тоҷикистон мамнӯи наҳзати исломиро ба навор гирифт, ки баъди соли 2015 аз тарси таъқиби ҳукумат ба хориҷ паноҳ бурданд. Онҳо аз дурӣ аз падару модар ва ҳам лаҳзаҳои ғамангезу хуби зиндагӣ дар Лаҳистон гуфтанд.

Мақомот эътироф кардаанд, ки ҳоли нақби Данғара "табоҳ" шудааст

Ozodi.org 

Мақомоти Тоҷикистон эътироф кардаанд, ки яке аз бузургтарин нақбҳои обёрӣ дар кишвар, ки заминҳои васеъи ноҳияи Данғара ва мардуми онро бо об таъмин мекунад, фарсудаву хатарнок шудааст ва ҳоли табоҳе дорад.


Спорт в России и мире

Новости спорта


Новости тенниса
Андрей Рублёв

Рублёв стал победителем «Мастерса» в Мадриде






День Георгия Победоносца отмечают православные 6 мая 2024 года

Экс-футболист Мостовой о предложении от "Пари НН": будем думать и смотреть

«Динамо» – на первом месте. Перед заключительным днем 27-го тура таблица ЧР приобрела уникальный вид

Срочники из Торопца написали «Диктант Победы»