Мы в Telegram
Добавить новость
ru24.net
World News in Tajik
Сентябрь
2022

Новости за 15.09.2022

Бароти Абдураҳмон: "Бозори матоъ дорем, бозори китобу кино не"

Ozodi.org 

Нависандаи халқии Тоҷикистон Бароти Абдураҳмон, ки асарҳои зиёди таърихӣ навишта, барандаи ҷоизаи ба номи Рӯдакӣ аст, 15-уми сентябр 75-сола мешавад. Вай даҳҳо асарҳои таърихӣ навиштааст, ба мисли «Куруш ва Томирис», «Искандари Мақдунӣ ва Спитамен». Бароти Абдураҳмон меҳмони Радиои Озодӣ шуд.

Марз ором аст, вале нигаронӣ боқист. Ҳолу ҳавои Чоркуҳ баъди як рӯзи муноқиша. ВИДЕО

Ozodi.org 

Пас аз як рӯзи муноқишаи мусаллаҳона дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон мақомоти интизомии шаҳри Исфара ба таҳқиқу баррасии ҳодиса ва зиёни расида ба сокинон шурӯъ кардаанд. Танҳо дар ҳудуди ҷамоати Чоркуҳ дастикам 5 манзили сокинон ва чанд нақлиёт осеб дидааст.

Шӯрои амнияти Арманистон аз эълони оташбас бо Озарбойҷон хабар дод

Ozodi.org 

Шӯрои амнияти Арманистон хабар дод, ки Озарбойҷону Арманистон ба оташбас даст ёфтаанд. "Бо кӯмаки ҷомеаи ҷаҳонӣ созиши оташбас аз соати 20:00 дақиқаи рӯзи 14 сентябр ҳосил шуд. Умедворем, Озарбойҷон ин созишномаро риоя мекунад", - гуфт котиби Шӯрои амнияти Арманистон Армен Григорян. Вай илова кард, ҳеч санад ва ё созишномае барои имзо бо Озарбойҷон таҳия намешавад. Сокинони Арманистон ба тазоҳурот баромада, истеъфои сарвазири он кишвар Никол Пашинянро талаб доранд. Пашинян рӯзи 14 сентябр дар порлумон гуфт... Читать дальше...

Созишномаи сохтмони роҳи оҳани "Чин-Қирғизистон-Узбекистон" ба имзо расид

Ozodi.org 

Дар шаҳри Самарқанди Узбекистон созишномаи ҳамкорӣ дар доираи тарҳи сохтмони роҳи оҳани "Чин-Қирғизистон-Узбекистон" ба имзо расид. Дар ин бора аз дастгоҳи президенти Қирғизистон хабар доданд. Дар созишнома омадааст, ки кишварҳо дар якҷоягӣ ба такмили асосноксозии техникиву иқтисодии тарҳ мусоидат мекунанд. Асоснокии техникиву иқтисодии тарҳи мазкурро Ниҳоди нахустини тарроҳиву баррасии ширкати роҳҳои оҳани Чин анҷом медиҳад ва ҷонибҳо дар рафти таҳияи асосноксозӣ кӯмак мерасонанд. Муҳлати... Читать дальше...

Тошиев неруҳои вижаи Тоҷикистонро ба ширкат дар муноқишаи марзӣ муттаҳам кард

Ozodi.org 

Қамчибек Тошиев, раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Қирғизистон ба вилояти Бодканд рафтааст, ки бо шаҳри Исфараи Тоҷикистон ҳаммарз аст. Мақомоти маҳаллии Бодканд гуфтанд, Тошиев айни замон бо мақомоти интизомии Қирғизистон ҷаласаи пӯшида мегузаронад. Пештар аз ин Тошиев дар суҳбат бо хабарнигорон гуфт, ки як рӯз пеш дар даргириҳои марзи Қирғизистон бо Тоҷикистон "неруҳои таъйиноти махсуси Тоҷикистон иштирок кардааст". "Мо дидем, ки аз ҷониби Тоҷикистон неруҳои таъйиноти махсус омода шудаанд. Читать дальше...

Тағйири номи пойтахти Қазоқистон: вакилони шаҳрӣ ҷонибдорӣ карданд

Ozodi.org 

Вакилони маслиҳати шаҳрии Нурсултони Қазоқистон дар ҷаласаи рӯзи 15 сентябр аз ташаббуси баргардонии номи Остона ба пойтахти он кишвар ҷонибдорӣ карданд. Буркитбой Аяган, узви маҷлиси шаҳрӣ гуфт, тасмим дар бораи ба Нурсултон табдили ном кардани Остона дар соли 2019 "шитобкорӣ" буд. Вакили дигар, котиби Иттифоқи нависандагони Қазоқистон Давлатқорӣ Капулӣ гуфт, ки "сарнавишти давлат боарзиштар аз сарнавишти як шахс аст". Вай илова кард, номи Нурсултон Назарбоев, президенти пешини Қазоқистон дар... Читать дальше...



Ҷоми президенти Тоҷикистон оид ба ҷудо дар Хуҷанд баргузор мешавад

Ozodi.org 

Рӯзҳои 19-20-уми сентябр дар Қасри варзиши шаҳри Хуҷанд мусобиқаи IX байналмилалӣ барои дарёфти Ҷоми президенти Тоҷикистон доир мегардад. Дар ин мусобиқаи анъанавӣ, ки бори нуҳум баргузор мешавад, ба ғайр аз варзишгарони тоҷик, иштироки гуштигирон аз кишварҳои ҳамсояи Тоҷикистон дар назар аст. Мусобиқаи имсола аз рӯи панҷ дараҷаи вазнҳо (-66 кг, -81 кг, -90 кг, -100 кг, +100 кг) миёни мардон ва ду вазн (-57 кг, -63кг) миёни занон сурат мегирад. Ба ғолибони мусобиқа дар ҳар як вазн ҷоизаи молӣ ба маблағи 40 ҳазор сомонӣ... Читать дальше...

Русия аз Душанбе ва Бишкек хост, баҳси марзро аз роҳи гуфтугӯ ҳал кунанд

Ozodi.org 

Вазорати корҳои хориҷии Русия аз Тоҷикистон ва Қирғизистон даъват кард, ки барои ҳалли ҳама гуна баҳсҳо аз роҳҳои сиёсиву дипломатӣ тамоми талошашонро ба харҷ диҳанд. Мария Захарова, сухангӯи вазорат гуфтааст, Русия таниш дар марзи ду кишварро пайгирӣ дорад. "Русия бо истифода аз таҷрибааш дар аломатгузории марз, аз ҷумла бо ҳамсояҳояш дар Осиёи Марказӣ, метавонад дар пайдо кардани роҳи ҳалли барои ҳарду тараф муносиб мусоидат кунад,"-афзуд Захарова. Ба ин даъвати Русия мақомоти Тоҷикистону Қирғизистон ҳанӯз вокунише накардаанд... Читать дальше...

Марзбони кушташударо дар Восеъ ба хок месупоранд 

Ozodi.org 

Ҷасади Сафаралии Ҳасан, марзбони кушташудаи тоҷикро ба зодгоҳаш ноҳияи Восеъ оварданд. Сафаралӣ рӯзи 14-уми сентябр дар ҷараёни муноқиша дар марз бо Қирғизистон кушта шуд.   Наздиконаш гуфтанд, Сафаралии Ҳасан 23 сол дошт ва тирамоҳи соли гузашта ба хизмати ҳарбӣ рафта буд. То анҷоми муҳлати хизмати ин марзбон, ду ҳафтаи дигар монда буд.   Яке аз наздиконаш ба Радиои Озодӣ гуфт, ҷасади Сафаралиро имрӯз дар оромгоҳи шаҳраки Восеъ ба хок месупоранд.  Дар ҷараёни муноқиша дар марзи Тоҷикистону... Читать дальше...

Арманистон барои барқарорсозии тамомияти арзияш аз СПАД кумак хост

Ozodi.org 

Сарвазири Арманистон Никол Пашинян ҳангоми суханронӣ дар порлумон гуфт, ки Ереван барои барқарорсозии тамомияти арзии ин кишвар аз Созмони Паймони Амнияти Дастаҷамъӣ (СПАД) кӯмак хостааст. Ба гуфтаи ӯ, Арманистон ба ҷуз аз СПАД, аз Русия низ кӯмаки низомӣ хостааст. Пашинян афзуда, ки неруҳои Озарбойҷон дар натиҷаи задухӯрдҳо баъзе аз минтақаҳои Арманистонро тасарруф кардаанд. Дар ин задухӯрдҳо 105 низомии арманӣ кушта шудааст. Аммо ба гуфтаи Пашинян, "дар Арманистон ҳоло зарурати ҷорӣ кардани вазъияти ҳарбӣ вуҷуд надорад". Читать дальше...

Бозии мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон бо Сингапур дар Ҷоми Осиё-2023 бидуни гол хотима ёфт

Ozodi.org 

Дастаи мунтахаби ҷавонони то 20-солаи футболи Тоҷикистон бо роҳбарии сармураббӣ Аҳлиддин Турдиев нахустин бозиашро дар марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2023 дар гурӯҳи «I» бо тими Сингапур (U-20) бо ҳисоби мусовӣ ва бидуни гол анҷом дод.

Туркия бо дархости Ишқобод барои туркманистониҳо виза ҷорӣ кард

Ozodi.org 

Туркия бо дархости Ишқобод низоми бидуни раводид ё визаро барои шаҳрвандони Туркманистон бекор кард. Президенти Туркия Раҷаб Эрдуғон 13-уми сентябр дар ин бора фармонеро имзо кардааст. Вазорати умури хориҷии Туркманистон ибтидои моҳи сентябр хабар дод, ки аз Анқара хостааст, низоми бидуни раводид барои шаҳрвандони кишварашро "муваққатан" бекор кунад. Вазорат далели дархости худро "такмили низоми танзими будубоши шаҳрвандони Туркманистон дар Туркия" номидааст. Бештари туркманистониҳои муқими... Читать дальше...

Чин гуфт, дар "ҳифзи тамомияти арзӣ" ба Қазоқистон кумак мекунад

Ozodi.org 

Президенти Қазоқистон Қосимҷомарт Тоқаев ва ҳамтои чинияш Си Ҷинпин, ки рӯзи 14-уми сентябр бо як сафари давлатӣ вориди Нурсултон шуд, ҳамкориҳои ду кишварро дар бахши нақлиёт, ҳамлу нақл ва саноат баррасӣ карданд. Ба иттилои сомонаи президенти Қазоқистон, Си Ҷинпин ба Тоқаев гуфтааст, ки Пекин ба равобит бо Нурсултон "таваҷҷуҳи бузург" зоҳир мекунад. Ӯ ҳамчунин афзудааст, "Чин сарфи назар аз чи гуна тағйир ёфтани вазъи байналмилалӣ Қазоқистонро дар масъалаи ҳимоят аз истиқлолият, соҳибихтиёрӣ... Читать дальше...


Спорт в России и мире

Новости спорта


Новости тенниса
Андрей Рублёв

Российский теннисист Рублев вышел в финал турнира «Мастерс» в Мадриде






Кечинов: «Пари НН» повезло, «Спартак» полностью владел инициативой»

Коллекционер из Германии обнаружил в куске янтаря из Мьянмы осу возрастом 100 млн лет

Патриарх Кирилл передал московский список Казанской иконы храму Христа Спасителя

Грешно ли православным работать в церковный праздник 6 мая 2024 года