Мы в Telegram
Добавить новость
ru24.net
World News in Tajik
Сентябрь
2022

Новости за 16.09.2022

Сокинони Овчӣ-Қалъача аз "ҳамлаи бесарнишин" ва "аз даст додани чанд кас" гуфтанд. Мақомот шарҳ надоданд

Ozodi.org 

Баъзе аз сокинони ноҳияи Бобоҷон Ғафуров хабар доданд, ки шоми 16-уми сентябр ва баъди эълони оташбас бар асари ҳамлаи нерӯҳои Қирғизистон "чанд нафар" дар ҷамоати Овчӣ-Қалъача "захмӣ ва ё кушта шудаанд".

"Гуфта буд, баъди ду ҳафта бармегардад." Як қурбонии даргири марзиро дар Тоҷикистон дафн карданд. ВИДЕО

Ozodi.org 

Як марзбони 23-солаи тоҷикро, ки рӯзи 14-уми сентябр, ҳангоми даргирӣ дар сарҳади кишвар бо Қирғизистон кушта шуд, дар зодгоҳаш, ноҳияи Восеи вилояти Хатлон, дафн карданд. Пайвандонаш гуфтанд, Сафаралии Ҳасан 23-сола буд ва бояд то ду ҳафтаи дигар хидматро дар артиш ба поён мерасонд.

Як қурбонии ҷанҷоли марзиро дар Тоҷикистон дафн карданд

Ozodi.org 

Як марзбони 23-солаи тоҷикро, ки ҳангоми даргирӣ дар сарҳади кишвар бо Қирғизистон кушта шуд, дар зодгоҳаш, ноҳияи Восеи вилояти Хатлон, дафн карданд. Пайвандонаш гуфтанд, Сафаралии Ҳасан 23-сола буд ва бояд то ду ҳафтаи дигар хидматро дар артиш ба поён мерасонд.

Раҳмон ва Ҷабборов дар Самарқанд вазъи марзро баррасӣ кардаанд

Ozodi.org 

Раҳбарони Тоҷикистону Қирғизистон дар пасманзари муноқишаи марзӣ рӯзи 16-уми сентябр дар шаҳри Самарқанд мулоқот кардаанд. Онҳо гуфтаанд, барои оташбас ва берун кашидани нерӯҳо супориш медиҳанд.



Чаро сарҳади байни Исфара ва Бодканд дубора ноором шуд?

Ozodi.org 

Садои тиру тӯп дар сарҳади Тоҷикистон ва Қирғизистон дигарбора баланд шуд. Дар баъзе аз гӯшаҳо дуд ба ҳаво печид. Душанбе ва Бишкек якдигарро ба оғози ҳамла “бо ҳар навъ силоҳ” ба қаламрави худ дар Исфара ва Бодканд гунаҳкор карданд.

Гуштигири тоҷик дар қаҳрамонии ҷаҳон дар Сербия мағлуб шуд

Ozodi.org 

Шуҳрат Бозоров, варзишгари тоҷик, дар мусобиқоти қаҳрамонии ҷаҳон оид ба гуштии озод, ки дар шаҳри Белгради Сербия ҷараён дорад, ноком шуд. Ба иттилои Иттиҳоди ҷаҳонии гуштӣ (UWW), барои ширкат дар дар мусобиқоти қаҳрамонии ҷаҳон оид ба гуштии озод, гуштии юнонию румӣ ва гуштии занона беш аз 800 нафар аз 73 кишвар номнавис шудаанд. Тоҷикистонро дар гуштии озод мебоист се нафар - Муҳаммад Икромов (-57 кг), Ҳикматулло Воҳидов (-61 кг) ва Шуҳрат Бозоров (-79 кг) – намояндагӣ мекарданд. Вале Ҳикматулло... Читать дальше...

Аmnesty International эъдоми чанд узви Ҷабҳаро аз сӯи Толибон тасдиқ кард

Ozodi.org 

Афви Байнулмилал (Amnesty International) эъдоми чанд узви боздоштшудаи Ҷабҳаи Муқовимати Миллиро аз тарафи Толибон дар Панҷшер тасдиқ кард. Масъулони созмон гуфтанд, пас аз таҳқиқи аксу навори эъдом (қатл) ба ин хулоса расиданд.

Новости России
Москва

СТОЛИЧНЫЕ РОСГВАРДЕЙЦЫ ОБЕСПЕЧИЛИ БЕЗОПАСНОСТЬ МЕРОПРИЯТИЙ, ПОСВЯЩЁННЫХ ПАСХЕ ХРИСТОВОЙ


Неруҳои марзбонӣ изҳороти Тошиевро беасос номид 

Ozodi.org 

Неруҳои марзбонии Тоҷикистон ҳарфҳои Қамчибек Тошиев, раиси КДАМ-и Қирғизистон дар бораи ширкати шахсони сиёҳпуш аз тарафи Тоҷикистонро "дур аз ҳақиқат" номид. Тошиев рӯзи 14-уми сентябр гуфт, "неруҳои марзбонии мо диданд, ки одамон бо либоси сиёҳ сӯи онҳо тир кушодаанд."   Неруҳои марзбонии Тоҷикистон бо пахши изҳороти сеюм дар рӯзи 15-уми сентябр гуфт,  "онҳо бо роҳи иғво дар расонаҳои қирғизӣ хабари истифода шудани ҷангиёни ришдорро бо либоси сиёҳпӯши бенишон паҳн кардаанд, ки аз ҳақиқат дур аст. Читать дальше...

Дар сарҳади Тоҷикистону Қирғизистон чӣ мегузарад? Лаҳза ба лаҳза

Ozodi.org 

Рӯзи 16-уми сентябр дар сарҳади Тоҷикистону Қирғизистон дигарбора муноқиша сар зад. Нерӯҳои марзбонии КДАМ-и Тоҷикистон гуфт, ҳамларо аввал сарҳадбонони Қирғизистон оғоз карданд. Бишкек мегӯяд, низомиёни тоҷик ба чанд дидбонгоҳи марзии ин кишвар ҳамла бурданд.

Қирғизистон ба сафири Тоҷикистон нотаи эътирозӣ дод

Ozodi.org 

Вазорати корҳои хориҷии Қирғизистон хабар дод, ки ба Сафири Тоҷикистон дар Бишкек нотаи эътирозӣ супоридааст. Дар хабарномаи расмии Вазорати корҳои хориҷии Қирғизистон омадааст, ин кишвар ба "амалҳои ғайриқонунӣ ва тахрибкоронаи ҷониби Тоҷикистон" эътироз кардааст. Дар ҳамин ҳол, вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистону Қирғизистон субҳи имрӯз гуфтугӯ кардаанд. Вазорати корҳои хориҷии Қирғизистон гуфт, Сироҷиддин Муҳриддин ва Жээнбек Кулубоев дар бораи ҳалли вазъи пешомада дар марзи ду кишвар суҳбат намуданд. Читать дальше...

Қазоқистон бунёди неругоҳи атомиро оғоз кардааст

Ozodi.org 

Раиси бунёди миллии "Самрук-Хазина"-и Қазоқистон Алмасадам Сатқалиев 15 сентябр дар як нишасти хабарӣ иттилоъ дод, ки иҷрои лоиҳаи бунёди неругоҳи атомиро оғоз карданд. "Ҳукумати Қазоқистон аллакай дар фикри бунёди нерӯгоҳи атомӣ дар кишвар аст. Аз ҷумла, лоиҳа аз ҷониби як ҳавзаи байналмилалии сармоягузорон амалӣ карда мешавад, ки беҳтарин пешниҳодро ироа мекунанд", - гуфт Сатқалиев. Ба гуфтаи ӯ, дар ҳоли ҳозир пешниҳодҳои "Росатом"-и Русия, Иттиҳодияи миллии ҳастаии Чин, ширкати куриёии KHNP... Читать дальше...

Манбаъ: собиқадорони "Фронти халқӣ"-ро ба Исфара мефиристанд. ВИДЕО

Ozodi.org 

Манобеи Радиои Озодӣ мегӯянд, мақомот як гуруҳ аз собиқадорони “Фронти Халқӣ”-ро дар Академияи Вазорати корҳои дохилӣ ҷамъ карда, мехоҳанд онҳоро ба минтақаи марзии Исфара фиристанд. Маконе, ки рӯзи 14-уми сентябр шоҳиди боз як муноқишаи дигари дигари марзӣ бо Қирғизистон шуд.

Задухӯрд дар сарҳади Тоҷикистону Қирғизистон. Reuters: Як сокини Исфара кушта шуд. Бишкек аз 18 захмӣ гуфт

Ozodi.org 

Манобеи Радиои Озодӣ мегӯянд, субҳи барвақти 16-уми сентябр дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон боз як муноқишаи дигар сар задааст. Неруҳои марзбонии Қирғизистон гуфтааст, низомиёни тоҷик ба чанд постгоҳи марзии ин кишвар ҳамла карданд.


Спорт в России и мире

Новости спорта


Новости тенниса
Андрей Рублёв

Рублёв стал победителем «Мастерса» в Мадриде






Тюкавин назвал гол в ворота «Сочи» одним из лучших в карьере

Во вторник в Москве выпадет до 30% месячной нормы осадков

Мэр Москвы Сергей Собянин поздравил жителей столицы с Пасхой

Лавров: Запад желает, чтобы православию был нанесен непоправимый ущерб