Мы в Telegram
Добавить новость
ru24.net
World News in Tajik
Сентябрь
2022

Новости за 19.09.2022

Чоркӯҳ. Ҷузъиёти марги Имрону Асмоа ва зани ҳомила дар мошини "Ёрии таъҷилӣ". ВИДЕО

Ozodi.org 

Пас аз муноқишаи мусаллаҳонаи 16-уми сентябр дар марзи Тоҷикистон ва Қирғизистон чандин оила дар Исфара мотам доранд. Онҳо мегӯянд, баъзе аз пайвандонашон куштаву захмӣ шуда, хонаашон ба коми оташ рафтааст.

Мотами хонаводаҳо дар Чоркӯҳи Исфара

Ozodi.org 

Пас аз муноқишаи мусаллаҳонаи 16-уми сентябр дар марзи Тоҷикистон ва Қирғизистон чандин оила дар Исфара мотам доранд. Онҳо мегӯянд, баъзе аз пайвандонашон куштаву захмӣ шуда, хонаашон ба коми оташ рафтааст.

Иштироки мунтахаби Тоҷикистон дар мусобиқаи байналмилалии "King’s Cup 2022" дар Тайланд

Ozodi.org 

Дастаи мунтахаби миллии футболи Тоҷикистон бо роҳбарии мутахассиси хорватӣ Петр Сегрт барои ширкат дар мусобиқаи байналмилалии "King’s Cup 2022" ("Ҷоми Шоҳ-2022") рӯзи якшанбеи 18-уми сентябр ба шаҳри Чиангмайи Тайланд расид. Ба иттилои Федератсияи футболи Тоҷикистон, дар мусобиқаи "King’s Cup 2022", ки аз 22-юм то 25-уми сентябр доир мегардад, ба ғайр аз мунтахаби Тоҷикистон тимҳои миллии Тайланд, Малайзия, инчунин Тринидад ва Тобаго ширкат меварзанд. Бар асоси дастури мусобиқа, рӯзи панҷшанбеи... Читать дальше...

Паёми Ҷабборов дар "Рӯзи мотами миллӣ"-и Қирғизистон

Ozodi.org 

Президенти Қирғизистон Содир Ҷабборов (Садир Жапаров) 19-уми сентябр ба сокинони кишвараш паём дод. Ӯ бо изҳори ҳамдардӣ ба наздикон ва пайвандони қурбониёни ҳодисаҳои ахири марзӣ гуфт, давлат ба онҳо кумак хоҳад кард.



ПМТ Тоҷикистон ва Қирғизистонро танқид кард

Ozodi.org 

Паймони милии Тоҷикистон, як иттиҳоди мухолифини тоҷик дар хориҷи кишвар, бо пахши як баёния Тоҷикистону Қриғизистонро ба роҳ додани низоъ ва марги сокинони бегуноҳ айбдор кардааст. Дар баёнияи ин Паймон, ки рӯзи 19-уми сентябр нашр шуд, гуфта мешавад, сабаби аслии муноқиша бемасъулиятии ду кишвар аст. Темур Варқӣ, масъули бахши иттилоотии Паймони милии Тоҷикистон (ПМТ) рӯзи 19-уми сентябр гуфт, созмони онҳо ҳамарӯза ҳаводиси марзро пайгирӣ дорад ва задухӯрдҳои мусаллаҳона байни нерӯҳои мусаллаҳи Тоҷикистон ва Қирғизистонро... Читать дальше...

Ҳукумати Толибон аз Тоҷикистону Қирғизистон хост, ҷанг накунанд

Ozodi.org 

Вазорати корҳои хориҷии Толибон аз Тоҷикистону Қирғизистон хостааст, ки дигар ҷанг накунанд ва мушкилашонро бо роҳи осоишта ҳал намоянд. Рӯзҳои 14 то 17-уми сентябр дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон даргирии хунин рух дод. Вазорати корҳои хориҷии Толибон дар эъломияе гуфтааст, ки ду ҳамсоя бояд мушкили худро бо роҳи сулҳомез ҳал кунанд ва аз осеб дидани мардуми осоишта пешгирӣ кунанд. Ҳукумати Толибон дар ҳоле чунин изҳорот додааст, ки ин гурӯҳ ба шартҳои музокирот бо Ҷабҳаи муқовимати миллӣ... Читать дальше...

Иттиҳоди Аврупо: Идомаи таниш дар марз сабаби ноамнӣ дар минтақа хоҳад шуд

Ozodi.org 

Иттиҳоди Аврупо мегӯяд, вазъи муташанниҷ дар сарҳади Тоҷикистону Қирғизистон "ба таназзули суботи минтақа меорад". Ин ниҳод аз ҳарду тараф даъват кардааст, ки мушкили пешомадаро бо гуфтугӯ ҳал кунанд.

Латту кӯби хабарнигори "Садои Амрико" дар Қирғизистон

Ozodi.org 

Рӯзи 17-уми сентябр дар шаҳри Ӯши Қирғизистон хабарнигори бахши узбекии радиои "Садои Амрико" Даврон Насибхонов аз сӯи афроди ношинос латту кӯб шуд. Насибхонов гуфт, ки соати наздик ба 17:00-и он рӯзвай ба майдони марказии шаҳри Ӯш рафта, мехост, аз ҷамъоварии кӯмакҳои башарӣ барои сокинони вилояти Бодканд гузориш таҳия кунад. Баъд аз наворгирӣ ду марде ба сӯи вай омаданд, ки либоси мулкӣ доштанд. Ин ду мард гумон карданд, ки хабарнигор "ҷосуси Тоҷикистон" аст. (Насибхон мегӯяд, дар ин бора дертар ба хулоса расид). Читать дальше...

Пелосӣ: Арманистон ба ҳамлаи ғайриқонунии Озарбойҷон муқобила мекунад

Ozodi.org 

Раиси Палатаи намояндагон ё порлумони ИМА Нэнсӣ Пелосӣ дар ҷараёни сафараш ба Ереван рафтори Озарбойҷонро маҳкум ва онро ҳамла ба Арманистон номид. "Арманистон барои мо аҳамияти зиёд дорад ва аз номи Конгресс мо ҳамлаҳои маргбори Озарбойҷонро қатъиян маҳкум мекунем", - гуфт Пелосӣ. Вай ҳамчунин илова кард, ки низоъ роҳи ҳалли низомӣ надорад. ИМА ҷонибҳоро ба ҳалли масъала бо роҳи гуфтугӯ даъват мекунад. Вазорати корҳои хориҷии Озарбойҷон изҳороти раиси порлумони ИМА-ро "беасос ва беадолатона" номид. Читать дальше...

Мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) ба марҳилаи ниҳоии Ҷоми Осиё-2023 роҳ ёфт

Ozodi.org 

Дастаи мунтахаби ҷавонони то 20-солаи футболи Тоҷикистон, ки дар бозии даври охирини марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2023 тими Камбоҷаро бо ҳисоби 2:1 мағлуб кард, дар гурӯҳи «I» ғолиб шуд ва ба марҳилаи ниҳоии қаҳрамонии қора роҳ ёфт.


Спорт в России и мире

Новости спорта


Новости тенниса
WTA

Соболенко уступила Свентек в финале турнира WTA-1000 в Мадриде






«Динамо» возглавило турнирную таблицу РПЛ после победы над «Сочи»

ЦСКА в Петербурге обыграл "Зенит" и повел в серии

Легойда объяснил, на какой срок Казанская Богоматерь уедет из Кремля

Росія планує диверсії по всій Європі, – ЗМІ