Мы в Telegram
Добавить новость
ru24.net
World News in Tajik
Сентябрь
2022

Новости за 28.09.2022

Юлия Вишневетская дар Махачқалъа 5 рӯз ҳабс шуд

Ozodi.org 

Юлия Вишневетская, хабарнигори ғайриштатии Радиои Озодӣ, ки 26-уми сентябр дар Махачқалъа, маркази Доғистон, дастгир шуда буд, ба иттиҳоми “иштирок дар гирдиҳамоии бидуни иҷоза” алайҳи сафарбарӣ ба артиш панҷ рӯз ҳабс шуд.

Русия гуфт, бозгардондани шаҳрвандонашро талаб намекунад

Ozodi.org 

"Вазорати мудофиаи Русия ба ҳукуматҳои Қазоқистону Гурҷистон ва кишварҳои дигар барои баргардондани шаҳрвандоне, ки аз басеҷ фирор кардаанд, муроҷиате накард ва чунин тасмим надорад." Дар ин бора хабаргузории РИА Новости бо такя ба Вазорати мудофиаи Русия хабар дод.

"Моро бо дрон заданд." Нақли захмиёни даргирӣ дар марз бо Қирғизистон. ВИДЕО

Ozodi.org 

Захмиёни даргириҳои 14-17-уми сентябр дар сарҳади Тоҷикистон ва Қирғизистон дар шифохонаҳои вилояти Суғд муолиҷа мегиранд. Чанде аз онҳо дидаҳои худро ба хабарнигорони Радиои Озодӣ нақл карданд.

Созмони Милал гуфт, Тоҷикистон 85 паноҳҷӯйи афғонро ихроҷ кард

Ozodi.org 

Комиссариати олии Созмони Милал дар умури паноҳандагон мегӯяд, мақомоти Тоҷикистон аз 16-уми август то 6-уми сентябри имсол 85 паноҷҳӯйи афғонро аз кишвар рондаанд. Созмонҳои ҳомии ҳуқуқ борҳо аз ҳукумати Тоҷикистон хостанд, ба ин кор поён бахшад. Мақомот то ҳол сабаби тасмими худро нагуфтаанд.

Аз саркӯб дар Бадахшон то... Нишасти Варшава

Ozodi.org 

Арзёбии вазъи ҳуқуқи башар дар ҷаҳон, аз ҷумла Тоҷикистон, баъди танаффуси вобаста ба коронавирус рӯзи 26-уми сентябр дигарбора дар Варшава – пойтахти Лаҳистон (Полша) – шуруъ шуд. Фаъолону мухолифони тоҷик чанд мушкили доғи ҷомеаи кишварро ба баҳс кашидаанд.



Мақомоти Тоҷикистон дар Женева гузориш хоҳанд дод

Ozodi.org 

Кумитаи ҳуқуқи иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии Созмони Милал ҳафтаи оянда гузориши ҳукумати Тоҷикистонро хоҳад шунид, ки дар 5 соли гузашта барои баҳбарадории шаҳрвандонаш аз ин ҳуқуқ чӣ корҳое анҷом додааст.

Гирдиҳамоии сокинони Бодканди Қирғизистон

Ozodi.org 

Сокинони шаҳри Бодканди Қирғизистон рӯзи 28-уми сентябр гирди ҳам омада, шарҳи тасмимҳоро дар масъалаи марз бо Тоҷикистон хостанд. Ба навиштаи расонаҳо, дар гирдиҳамоӣ ҳудуди 100 кас иштирок кард.

"Нисбатан ором, вале ҳассос". Вазъи сарҳади Тоҷикистону Қирғизистонро дар Амрико баррасӣ кардаанд

Ozodi.org 

Қабл аз мулоқот, Энтони Блинкен дар ҳузури хабарнигорон гуфт, аз қатъи низоъ ва созиши оташбас миёни ду тараф хушнуд аст. Ӯ афзуд: "Ман аз он хушҳолам, ки дар муноқишаи марзӣ бо Қирғизистон оташбас барқарор шуд. Ин дилгармкунанда аст ва умедворам, идома меёбад."

"Beeline"-и Қазоқистон пахши "Шабакаи аввал" ва "Россия 24"-ро бас мекунад

Ozodi.org 

Ширкати мобилии "Beeline"-и Қазоқистон бо фиристодани як паёмак хабар дод, ки пахши шабакаҳои телевизионии Русия дар бастаи "Интернети телевизионӣ дар хона" ва хидматрасонии "BeeTV" аз 5-уми октябри имсол бас карда мешавад.

Се медали варзишгарони тоҷик дар қаҳрамонии Осиё дар Қазоқистон

Ozodi.org 

Варзишгарони тоҷик дар дувумин мусобиқоти қаҳрамонии Осиё оид ба кёкушинкай карате-до KWF дар шаҳри Жаозени вилояти Мангистауи Қазоқистон се медал (як нуқра ва ду биринҷӣ) ба даст оварданд. Ба иттилои inform.kz, дар мусобиқоти II қаҳрамонии Осиё оид ба кёкушинкай карате-до KWF ҳудуди 400 варзишгар аз ҳашт кишвар – Афғонистон, Арабистони Саудӣ, Қазоқистон, Қирғизистон, Русия, Тоҷикистон, Узбекистон ва Эрон ширкат варзиданд. Аз рӯи натиҷагирии мусобиқот варзишгарони Қазоқистон мақоми аввалро касб карданд. Читать дальше...

Фармони Путин ба тоҷикон чӣ таъсир дорад?

Ozodi.org 

Фармони раиси ҷумҳури Русия дар бораи сафарбарии нерӯҳои эҳтиётӣ ба артиш, дар миёни муҳоҷирони тоҷик низ нигаронӣ ва суолҳои зиёдеро ба миён овардааст. Баъзе посухҳоро дар навор бинед.

Пирӯзии мунтахаби футзали Тоҷикистон дар Ҷоми Осиё-2022 дар Кувайт бар тими Баҳрайн

Ozodi.org 

Дастаи мунтахаби миллии футзали Тоҷикистон дар нахустин бозиаш дар марҳилаи ниҳоии қаҳрамонии Осиё, ки 27-уми сентябр дар Кувайт баргузор шуд, тими миллии Баҳрайнро бо ҳисоби 4:3 шикаст дод. Голҳои Умед Қузиев, Бахтиёр Солиев, Файзалӣ Сардоров ва Идрис Ёров ба дастаи Тоҷикистон се имтиёз овард. Дар бозии дигари гурӯҳи «В» мунтахаби Узбекистон тими миллии Туркманистонро бо ҳисоби бузурги 8:0 мағлуб кард. Мунтахаби Тоҷикистон дар даври дувуми Ҷоми Осиё дар гурӯҳи «В» 29-уми сентябр бо мунтахаби... Читать дальше...

Аз саркӯб дар Бадахшон то манъи ҲНИТ дар Русия. Фаъолони тоҷик дар САҲА чӣ гуфтанд?

Ozodi.org 

Арзёбии вазъи ҳуқуқи башар дар ҷаҳон, аз ҷумла Тоҷикистон, баъди танаффуси вобаста ба коронавирус рӯзи 26-уми сентябр дигарбора дар Варшава – пойтахти Лаҳистон (Полша) – шуруъ шуд.


Спорт в России и мире

Новости спорта


Новости тенниса
WTA

Свентек переиграла Соболенко и выиграла титул WTA в Мадриде






Лавров: исход выборов в США не повлияет на их желание нанести поражение России

Патриарх Кирилл передал московский список Казанской иконы храму Христа Спасителя

Кечинов: «Пари НН» повезло, «Спартак» полностью владел инициативой»

Тюкавин назвал гол в ворота «Сочи» одним из лучших в карьере