Мы в Telegram
Добавить новость
ru24.net
World News in Tajik
Сентябрь
2022

Новости за 24.09.2022

"Ба тахти хобам занҷирбанд будам". Саргузаштҳои талхи Гулбаҳор Ҳаитвоҷӣ дар урдугоҳҳои Чин. ВИДЕО

Ozodi.org 

Cозмонҳои ҳомии ҳуқуқ ҳукумати Чинро ба боздошти худсаронаи як то ду миллион нафар аз уйғурҳои мусулмон муттаҳам карда ва ин амали онро ҷиноят ба зидди башарият хондаанд.

Муроҷиати Гулнора-апа сокини қирғизтабори Тоҷикистон ба ҳамватанонаш

Ozodi.org 

Гулнора, як қирғизтабори Тоҷикистон, дар ин муроҷиати видеоӣ мардуми ду кишварро ба сулҳ даъват мекунад. Дар байни Тоҷикистону Қирғизистон рӯзҳои 14 -17 сентябр муноқиша бархост ва аз ҳарду тараф даҳҳо нафарро куштаву захмӣ бар ҷой гузошт.

Раисӣ: Эрон бояд бо мухолифони низом "қотеона амал кунад". Дар эътирозҳои Эрон 35 кас кушта шудааст

Ozodi.org 

Президент Иброҳим Раисӣ рӯзи 24-уми сентябр гуфт, ки Эрон “бояд бо онҳое, ки зидди амният ва оромии кишвар баромад мекунанд, қотеона амал кунад”. Ин изҳорот дар ҳоле садо дод, ки матбуоти давлатӣ навишт, дар эътирозҳои як ҳафтаи ахир бо сабаби марги духтари 22-солаи боздоштшуда барои ҳиҷоби нодуруст 35 нафар кушта шуд. Раисӣ ин суханҳояшро зимни як сӯҳбати телефонӣ бо оилаи ходими амнияти дар ҷараёни эътирозҳои зиддиҳукуматӣ кушташуда баён кардааст.  Эътирозҳову раҳпаймоиҳо аз он ҷо шурӯъ шуд,... Читать дальше...

Қирғизистон аз афзоиши қурбониҳои муноқишаи марзӣ гуфт. Феҳристи қурбониён аз Тоҷикистон ҳам ниҳоӣ нест

Ozodi.org 

Мақомоти Қирғизистон гуфтанд, ки шумори қурбониёни муноқишаи марзӣ бо Тоҷикистон дар ин кишвар то 62 нафар афзудааст. Дар ин бора рӯзи 24-уми сентябр Вазорати беҳдошти Қирғизистон хабар додааст. Мақомоти Тоҷикистон дар бораи кушта шудани 41 нафар гузориш дода, рӯйхати пурраи қурбониёнро надоданд. Вале Радиои Озодӣ бо истифода аз манобеи худ, хешовандон, шабакаҳои иҷтимоӣ ва мақомоти маҳаллӣ то ин дам номи 70 нафареро гирд овард, ки ҳангоми даргириҳои мусаллаҳонаи 14-17-уми сентябр дар сарҳади Тоҷикистон бо Қирғизистон кушта шудаанд. Читать дальше...

Як ҳафта баъди марги духтари боздоштшуда, Эрон ғарқи эътирозҳо шудааст

Ozodi.org 

Дар муқобили мавҷи эътирозҳои мардумие, ки баъди даргузашти хушунатбори духтари 22-солаи эроние дар полис барои гӯё ҳиҷоби нодуруст буруз кард, ҳукумат раҳпаймоиҳои тарафдорони низомро дар шаҳру манотиқи Эрон ташкил кард. Хабаргузории давлатии ИРНА гуфт, ки мардуми рӯзи 23-юми сентябр ба хиёбонҳо баромада зидди “таҳқири Қуръон, оташ задани масҷидҳо ва ҳам вайрон кардани қоидаи пӯшидани либоси исломӣ” шиор мезананд. Ин нафарон эътирозгарони зиддидавлатиро чун “сарбозони Исроил” маҳкум карданд. Онҳо... Читать дальше...

С.Муҳриддин ва Ҷ.Кулубаев бо муовини Гутерреш вазъ дар марзро баррасӣ карданд

Ozodi.org 

Мавзӯи муноқишаи ахир дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон, ки ҷони беш аз сад нафарро аз ҳарду тараф гирифту даҳҳо нафари дигарро маҷрӯҳ ва бесарпаноҳ гузошт, дар мулоқоти сегонаи  вазирони корҳои хориҷии ин кишварҳо ва муовини дабири кулли СММ оид ба масоили сиёсӣ баррасӣ шудааст. Вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Қирғизистон дар хабарҳои мухтасаре, ки 24-уми сентябр нашр карданд, гуфтанд, ки мулоқоти вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистону Қирғизистон - Сироҷиддин Муҳриддин ва  Ҷеенбек Кулубаев бо Розмари Анн ДиКарло... Читать дальше...

Ба расонашиноси тоҷик иҷозаи вуруд ба Қирғизистон дода нашуд

Ozodi.org 

Тимур Тимерханов, як рӯзноманигор ва расонашиноси тоҷикро иҷозат надоданд, ки ба Қирғизистон ворид шавад. Тимерханов мегӯяд, шаҳрвандии Тоҷикистон ва Русияро дорад ва 21 сентябр бо шиносномаи русӣ аз Санкт-Петербург ба Бишкек сафар карда буд. Тимур Тимерханов ба хабаргузории “Азия-Плюс” гуфтааст, ба хотири онки дар шиносномаи русиаш ҷойи таваллуд Тоҷикистон нишон дода шудааст, ба ӯ иҷозаи вуруд ба Қирғизистонро надоданд. “Вақте диданд, ки дар шиносномаи зодгоҳи ман Тоҷикистон навишта шудааст, дарҳол пурсиданд, ки "оё душаҳрвандӣ дорам"? Читать дальше...

Ваъдаи мақомот: манзилҳои харобшуда дар муноқишаи марзӣ барқарор мешаванд. ВИДЕО

Ozodi.org 

Пас аз як ҳафтаи муноқишаи хунин дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон, мақомот барои оилаҳои зарардида аз Душанбе кӯмак фиристодаанд. Ба гуфтаи мақомот, корвони кӯмакҳо бо дастури раиси ҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон ба чанд минтақаи марзӣ расид ва мардум тасмим доранд, ба сохтмони хонаҳояшон шурӯъ кунанд.


Спорт в России и мире

Новости спорта


Новости тенниса
WTA

Мирра Андреева замыкает год // 16-летняя российская теннисистка успешно стартовала на крупном турнире WTA в Мадриде






Спрос на отдых за границей в мае вырос на 35%

В Подмосковье обсудили психолого-педагогическое сопровождение учащихся

В Москве задержан подросток, подозреваемый в пропаганде терроризма

«ВКонтакте» проведет фестиваль для фанатов поп-культуры в Москве