Мы в Telegram
Добавить новость
ru24.net
World News in Tajik
Сентябрь
2022

Новости за 12.09.2022

Дар Озарбойҷон сармуҳаррири нашрияи мухолиф ва як вакили мудофеъро ҳабс карданд

Ozodi.org 

Додгоҳи шаҳри Бокуи Озарбойҷон рӯзи 11 сентябр сармуҳаррири нашрияи мухолифи "Хурал" Авяз Зейналлӣ ва вакили мудофеъ Элчин Садиговро ба ҳабс гирифт. Онҳо дар порагирӣ гумонбар мешаванд. Ҳомиёни ҳуқуқи озарбойҷонӣ ҳабси Зейналлӣ ва Садиговро таъқиби сиёсӣ унвон карданд. Пештар расонаҳои рӯ ба ҳукумати Озарбойҷон Зейналлиро дар порагирӣ аз як тоҷир айбдор карданд. Вакили он тоҷир Садигов дар мусоидат кардан ба порагирӣ айбдор шуд. Зейналлӣ ва Садигов айбҳоро рад мекунанд. Тоҷир Расим Мамедов... Читать дальше...

Озодбаёнӣ ё даъват? Ташхиси сухани журналистон дар ин суол дармондааст. ВИДЕО

Ozodi.org 

Пайвандони Абудусаттор Пирмуҳаммадзода, журналисти боздоштшудаи тоҷик, мегӯянд, дар нисбати ӯ бо иттиҳоми “ширкат дар фаъолияти ҳизбҳои сиёсии мамнуъ ва ташвиқу мусоидати онҳо тариқи интернет” парванда боз кардаанд.

Попи Рум ва муфтии Тоҷикистон дар ҷаласае дар Қазоқистон иштирок мекунанд

Ozodi.org 

Фардо, 13-уми сентябр попи Рум Франсиск сафари серӯзааш ба Қазоқистонро аз ширкат дар ҷаласаи роҳбарони динҳои ҷаҳонӣ ва анъанавӣ шуруъ мекунад. Дар ин ҷаласа аз Тоҷикистон муфтӣ Саидмукаррам Абдуқодирзода, раиси Шӯрои уламо иштирок хоҳад кард. Вазорати корҳои хориҷии Қазоқистон гуфт, ки соли ҷорӣ дар ин ҷаласа наздики 100 нафар аз 50 давлати дунё ширкат мекунанд. Попи Рум Франсиск пеш аз нахустин сафараш ба Қазоқистон дар муроҷиат ба тарафдоронаш дар майдони Петри Муқаддас дар Ватикан гуфт: "Ин... Читать дальше...

"Шер"-и тоҷик рақиби аргентиниашро дар бокс шикаст дод

Ozodi.org 

Муҳаммадхуҷа Ёқубов, муштзани тоҷик, дар мусобиқоти байналмилалии бокси ҳирфаӣ “RСС boxing Promotions”, ки 11-уми сентябр дар шаҳри Челябински Русия доир гардид, бар Карлос Даниэл Кордобаи аргентинӣ пирӯзӣ ба даст овард. Рақобат аз ҳашт раунд иборат буд. Ёқубов доимо ҳуҷум мекард ва мехост қувваозмоиро пешакӣ ба анҷом расонад, вале Кордоба то тасмими доварон истодагарӣ кард. Ҳамаи доварон Муҳаммадхуҷа Ёқубовро ғолиб донистанд. Зимнан, ин 18-умин пирӯзии Муҳаммадхуҷа Ёқубов дар бокси ҳирфаӣ ба шумор меравад. Читать дальше...

“Истиқлол” мавқеи пешсафиашро дар ҷадвали мусобиқоти лигаи олӣ устувор намуд

Ozodi.org 

Рӯзҳои 10-11-уми сентябр бозиҳои даври понздаҳуми мусобиқоти қаҳрамонии футболи Тоҷикистон миёни дастаҳои лигаи олӣ баргузор шуданд. Дастаи “Истиқлол”-и Душанбе дар майдони худ бар тими “Эсхата”-и Хуҷанд бо ҳисоби 2:0 ғолиб шуд. КМВА (Клуби марказии варзишии артиш)-и Душанбе дастаи меҳмон - “Хуҷанд”-и шаҳри Хуҷандро бо ҳисоби 1:0 мағлуб кард. Бошгоҳи “Регар-ТадАЗ”-и Турсунзода дар майдони худ аз тими “Истаравшан”-и шаҳри Истаравшан бо ҳисоби 1:2 шикаст хӯрд. Ду бозии даври понздаҳум миёни дастаҳои... Читать дальше...

Истиқлоли Тоҷикистон аз нигоҳи тоҷикони Амрико

Ozodi.org 

Гурӯҳе аз тоҷикони муқими Амрико рӯзи 11-уми сентябр дар шаҳри Филаделфияи аёлати Пенсилванияи ҷашни истиқлоли Тоҷикистонро таҷлил карданд. Тоҷикистон 31-сол пеш, дар рӯзи 9-уми сентябр, аз Иттиҳоди Шӯравӣ ҷудо шуд ва истиқлоли худро эълон кард. Далер Ғуфронов, рӯзноманигори муқими Филаделфия ва яке аз ташкилкунандагони ин маҳфил мегӯяд, баргузории ҷашни Истиқлол барои насли нави тоҷикони ин кишвар аҳамияти муҳим дорад ва онҳоро ба дарки бештари худшиносии миллӣ мерасонад. Ба гуфтаи Далер, намояндагони... Читать дальше...

Мунтахаби Тоҷикистон бо Тринидад ва Тобаго бозӣ мекунад

Ozodi.org 

Дастаи мунтахаби миллии футболи Тоҷикистон бо роҳбарии мутахассиси хорватӣ Петр Сегрт дар доираи омодагӣ ба марҳилаи ниҳоии Ҷоми Осиё-2023 дар мусобиқаи байналмилалии «King’s Cup 2022» («Ҷоми шоҳ-2022») дар шаҳри Чиангмайи Тайланд иштирок хоҳад кард. Ба иттилои Федератсияи футболи Тоҷикистон, дар мусобиқаи «King’s Cup 2022», ки аз 22-юм то 25-уми сентябр доир мегардад, ба ғайр аз мунтахаби Тоҷикистон тимҳои миллии Тайланд, Малайзия, инчунин Тринидад ва Тобаго ширкат меварзанд. Бар асоси дастури мусобиқа... Читать дальше...



Ҳаводори 6-солаи Муҳаммад Салоҳро дар Восеъ “Мессӣ” ном гузоштанд

Ozodi.org 

Ҳаводори шашсолаи Муҳаммад Салоҳ, футболбозӣ мисрии дастаи футболи “Ливерпул”-и Бритониёро дар ноҳияи Восеъ атрофиён “Мессӣ” садо мекунанд. Муҳаммадҷон, сокини ноҳияи Восеъ аз дусолагӣ ба футбол шавқ пайдо кард. Ӯро ба ифтихори Лионел Мессӣ, ситораи маъруфи футбол чунин лақаб гузоштаанд. Падари ӯ низ футболбоз аст ва дар дастаи тими маҳаллӣ бозӣ мекунад.

Ҷоизаи коргардони тоҷик дар Ҷашнвораи филми мусалмонӣ

Ozodi.org 

Дар шаҳри Қазони Ҷумҳури Тотористон Ҷашнвораи филми мусалмонӣ натиҷагирӣ шуд ва бар асоси он, як филми  сохташуда дар Тоҷикистон барандаи ҷоизаи “Беҳтарин филми кӯтоҳметраи бадеӣ” гардид. Филми Умедшо Мирзоширинов “Додараки фариштаҳо” бар асоси ҳикояи нависандаи марҳум Сайф Раҳимзоди Афардӣ таҳия шудааст. Мирзоширинов шахсан дар маросими ҷоизасупорӣ иштирок кард ва аз саҳнаи баланд барои фазову муҳити муносибе, ки таҳия шуд, сипосгузорӣ намуд. Умедшо Мирзоширинов яке аз коргардонҳои пуркори тоҷик буда... Читать дальше...

Ду медали варзишгарони тоҷик дар қаҳрамонии ҷудои ҷаҳон байни собиқадорон дар Лаҳистон

Ozodi.org 

Варзишгарони тоҷик дар мусобиқоти қаҳрамонии ҷудои ҷаҳон байни собиқадорон (Krakow World Championships Veterans 2022), ки рӯзҳои 8-11-уми сентябр дар шаҳри Кракови Лаҳистон (Полша) доир гардид, ду медали биринҷӣ ба даст оварданд.

Ҳалокати як шаҳрванди Русия баъди парвоз бо параплан

Ozodi.org 

Як шаҳрванди Русия ҳангоми парвоз бо параплан - як дастгоҳи парвозии бидуни муҳаррик, дар канори шаҳри Душанбе ба ҳалокат расидааст.   Ба навиштаи расонаҳои русӣ, Павел Чернов, сокини 38-солаи шаҳри Санкт-Петербурги Русия бо як сафари корӣ дар Тоҷикистон қарор дошт ва субҳи 10-уми сентябр хост бо параплан парвоз кунад. "Вале ҳангоми парвоз параплан ба мушкилие рӯ ба рӯ мешавад ва ба замин меафтад. Охирин парвози Чернов ва лаҳзаи суқуташро видеокамераи параплан сабт кардааст,"-навиштааст сомонаи “Невские новости”. Читать дальше...

Медали тилои Акмалиддин Каримов дар “Ҷоми Поягузорони самбо” дар Маскав

Ozodi.org 

Акмалиддин Каримов, паҳлавони номдори тоҷик, дар мусобиқоти байналмилалии “Ҷоми Поягузорони самбо”, ки рӯзҳои 10-11-уми сентябр дар Маркази ҳунарҳои размии шаҳри Маскави Русия баргузор шуд, дар риштаи самбои варзишӣ дар вазни то 58 кило мақоми аввалро касб намуд ва бо медали тилло сарфароз гашт.

Дар остонаи сафари Си Ҷинпин фишор ба қазоқтаборон зиёд шудааст

Ozodi.org 

Онҳое, ки бо талаби раҳоии наздиконашон аз боздоштгоҳҳои минтақаи худмухтори Шинҷон дар назди консулгарии Чин дар шаҳри Алмаато таҳозурот мекарданд, мегӯянд, дар арафаи сафари президент Си Ҷинпин ба пойтахти Қазоқистон фишорҳо афзоиш ёфтааст. Ба гуфтаи тазоҳургарон, онҳоро 9 сентябр ба ҳукумати шаҳрдории Алмаато даъват кардаанд. Дар он мулоқот як нафар худро намояндаи Вазорати умури хориҷии Қазоқистон муаррифӣ ва аз иштирокдорон талаб кардааст, ки дар арафаи сафари президенти Чин ба шаҳри Нурсултон аз гирдиҳамоӣ худдорӣ кунанд. Читать дальше...

Рӯзҳои фарҳангии Қирғизистон дар Узбекистону Қазоқистон

Ozodi.org 

Рӯзҳои фарҳангии Қирғизистон моҳи октябри имсол дар Қазоқистон баргузор мешаванд. Муовини вазири фарҳанг, иттилоот, варзиш ва сиёсати ҷавонони Қирғизистон Чингиз Эсенгул уулу бо намояндаи Вазорати фарҳанг ва варзиши Қазоқистон Роза Карибҷонова мулоқот карда, ҳамкориҳои дуҷониба ва масъалаи рӯзҳои фарҳангиро баррасӣ кардааст. Рӯзҳои фарҳангии Қирғизистон моҳи ноябри имсол дар Узбекистон низ баргузор мешаванд. Эсенгул уулу дар шаҳри Нурсултон бо вазири фарҳанги Узбекистон Муродҷон Меҷидов ҳам мулоқот карда... Читать дальше...


Спорт в России и мире

Новости спорта


Новости тенниса
Ига Свёнтек

«Ну и кто сказал, что женский теннис — это скучно?» Свёнтек — после матча с Соболенко






Синоптик Леус сообщил, что на Солнце произошла вторая X вспышка за сутки

В Москве высадили аллею в память о погибших военных корреспондентах

Справились с «Хаймарсами», справимся и с «ATACMS» – Баранец

В четверг, 9 мая ожидается похолодание