Мы в Telegram
Добавить новость
ru24.net
World News in Tajik
Сентябрь
2022

Новости за 13.09.2022

“Ҳамаи доварон мехостанд, ба филми Ғурбатӣ ҷоиза диҳанд.” ВИДЕО

Ozodi.org 

Филми рӯзноманигори 25-солаи тоҷик Абдулло Ғурбатӣ, ки се моҳ инҷониб бо иттиҳоми баҳсбарангез дар боздошт қарор дорад, дар ҷашнвораи  байналмилалии филмҳои хурдҳаҷми синамои Байқонур беҳтарин филм дар бахши “Филмҳои ҳуҷҷатӣ” номида шуд

Дар Кӯлоб як саги эҳтимолан "ҳор" 16 нафарро газидааст

Ozodi.org 

Дар шаҳри Кӯлоб як саги ҳор ва ё девона 16 нафарро газида маҷруҳ кардааст. Ҷамшед Рафиев, сардори Маркази назорати давлатии санитариву эпидемиологии Кӯлоб дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ҳодиса рӯзи 13-уми сентябр маҳаллаи Даминзода рух додааст ва ҳамаи маҷрӯҳон, дар бемористонҳо бистарӣ шудаанд. Рафиев гуфт, ки осебдидагон ваксинаи заруриро гирифтаанд ва таҳти нигоҳубини табибон қарор доранд. Ӯ афзуд: “Мо маҷруҳонро назорат ва ваксина кардем. Сари сагро барои ташхис ба Душанбе фиристодем ва бояд ташхис дақиқ кунанд... Читать дальше...

Нархи барқ дар Тоҷикистон барои ҳама боло рафт, ба истиснои ТАЛКО

Ozodi.org 

Сар аз 1-уми октябри имсол нархи истифодаи қувваи барқ дар Тоҷикистон барои аҳолӣ боло бурда мешавад. Қарори Ҳукумат дар ин бора аллакай содир шуда, танҳо корхонаи алюминии “Талко” истисно мебошад.

Дар Душанбе мусобиқаи интихобии Ҷоми Осиё-2023 миёни ҷавонони то 20-сола баргузор мешавад

Ozodi.org 

Аз 14-ум то 18-уми сентябр дар Душанбе мусобиқаи интихобии Ҷоми Осиё-2023 дар гурӯҳи «I» баргузор мешавад, ки дар он дастаҳои мунтахаби ҷавонони то 20-солаи футболи Тоҷикистон, Сингапур, Лубнон ва Камбоҷа иштирок мекунанд.

Қирғизистон қирғизтаборҳои Тоҷикистонро ба таҳсил даъват кардааст

Ozodi.org 

Дар сафоратхонаи Қирғизистон дар Душанбе барои қирғизтаборҳои шаҳрванди Тоҷикистон имтиҳони қабул ба донишгоҳҳои Қирғизистон барои солҳои 2022-23 баргузор шудааст. Вазорати корҳои хориҷии Қирғизистон рӯзи 12-уми сентябр дар саҳифаи расмиаш дар бораи ин ҳодиса дар ҳоле хабар медиҳад, ки баъди муноқишаи хунини апрели соли 2021 марзҳо ба рӯи шаҳрвандони Тоҷикистон дар Қирғизистон баста мемонанд ва таҳсили донишҷӯҳои тоҷикистонӣ дар ин кишвар ҳам маҳдуд шудааст. Вазорати корҳои хориҷии Қирғизистон мегӯяд... Читать дальше...

Ҷанг миёни Озарбойҷон ва Арманистон. Ереван аз Маскав кумак хост

Ozodi.org 

Ҳукумати Арманистон мегӯяд, шаби 12 ба 13-уми сентябр неруҳои мусаллаҳи Озарбойҷон чанд шаҳр ва деҳаи наздимарзиро гулулаборон карданд. Ҷониби Озарбойҷон гуфтааст, ин кор посух ба иғвоандозии тарафи Арманистон буд.

Филми Абдуллоҳ Ғурбатӣ дар Қазоқистон ҷоиза гирифт

Ozodi.org 

Филми сохтаи Абдуллоҳ Ғурбатӣ, рӯзноманигори боздоштшудаи тоҷик дар Ҷашнвораи байнулмилалии филмҳои кӯтоҳ дар Қазоқистон ҷоиза гирифт. Мустанади "Аз ҳад калон"-и Ғурбатиро беҳтарин мустанад эълон карданд. "Ҷашнвораи филмҳои кӯтоҳи Байконур" рӯзи 11-уми сентябр ба анҷом расид. Филми Абдуллоҳ Ғурбатӣ дар баробари 17 филм ба ин ҷашнвора роҳ ёфта буд. Филми "Аз ҳад калон" дар бораи саргузашти навраси 13-солае нақл мекунад, ки ба хотири надоштани шароит наметавонад дар мактаб хонад ва ба ҷойи он маҷбур аст аробашакӣ кунад. Читать дальше...

Кормандони "Ёрии таъҷилӣ" дар Қазоқистон корпартоӣ карданд

Ozodi.org 

Кормандони "Ёрии таъҷилӣ" дар шаҳри Актау, маркази маъмурии вилояти Мангистауи Қазоқистон ва дар ноҳияҳои ин вилоят корпартоӣ карданд. Дар ин корпартоӣ, ки охири ҳафтаи гузашта оғоз ёфт, кормандони "Ёрии таъҷилӣ"-и ноҳияҳои Жанаозен, Мунайлинский, Бейнеуский ва Тупкараганск иштирок доранд. Эътирозгарон афзоиши маош ва таъмини пардохтҳои иҷтимоиро бо зикри он дар қарордоди корӣ талаб мекунанд. Корпартоӣ дар Жанаозен 10-уми сентябр шуруъ шудааст. Яке аз эътирозгарон Мурод Белбоев гуфт, "дар ҳоли... Читать дальше...

Ду афсари Горди миллии Қирғизистон ба таҷовузи духтаре муттаҳам мешаванд

Ozodi.org 

Додситонии кулли Қирғизистон хабар дод, ки ду низомии Горди миллии ин кишвар дар таҷовуз ба номус гумонбар мешаванд. Ба иттилои додситонӣ, як духтар рӯзи 5-уми сентябр ба ин ниҳод шикоят кардааст, ки ду мард шаби 4 ба 5-уми сентябр тахминан соати 04:30 дар дохили мошин ӯро таҷовуз карданд. Дар робита ба ин ҳодиса ду афсари Горди миллии Қирғизистон боздошт шудааст. Қарор аст, Додгоҳи ноҳияи Якуми майи шаҳри Бишкек 12-уми сентябр масъалаи ба ҳабси пешакӣ гирифтани онҳоро баррасӣ намояд. Ба иттилои Вазорати умури дохилии Қирғизистон... Читать дальше...

Дурбинҳои назоратии Алмаато чеҳрашинос мешаванд

Ozodi.org 

Мақомоти шаҳри Алмаатои Қазоқистон мехоҳанд, ба низоми назорати видеоии шаҳр дурбинҳои чеҳрашинос илова кунанд. "Барои ҷустуҷӯи шахсони гумонбару бедаракшуда, таъмини амният дар фурудгоҳ, истгоҳ ва ҷойҳои серодами шаҳр аз соли 2026 дурбинҳои чеҳрашинос насб карда мешавад", - омадааст дар иттилоияи шаҳрдории Алмаато. Насби ин дурбинҳо дар барномаи рушди Алмаато барои солҳои 2025-2030 пешбинӣ шудааст. Дар доираи ин барнома, қарор аст, дар ҳудуди шаҳр 7 ҳазор дурбини назоратӣ насб карда шавад.


Спорт в России и мире

Новости спорта


Новости тенниса
Арина Соболенко

Швентек отыграла у Соболенко три матчбола и стала самой молодой теннисисткой с 20 титулами с 2012-го






Тайны профессии. Восемь историй о том, когда нотариусы спасают людей

«Динамо» – на первом месте. Перед заключительным днем 27-го тура таблица ЧР приобрела уникальный вид

Бывшего мужа Навки арестовали с женой и маленькой дочкой 

Лавров: Запад желает, чтобы православию был нанесен непоправимый ущерб