"Муборакшо, пеш аз ҳама, муҳаббати мардумро соҳиб шуд". Аз марги овозхони шинохта 20 сол гузашт. ВИДЕО
Аз замони марги Муборакшо Мирзошоев, овозхони шинохта, 20 сол гузашт.
Аз замони марги Муборакшо Мирзошоев, овозхони шинохта, 20 сол гузашт.
Аз замони марги Муборакшо Мирзошоев, овозхони шинохта, 20 сол гузашт. Ду даҳсолае, ки ӯ дар байни мо нест ва "Ғарибӣ"-ву "Чор ҷавон"-ро намехонад, аммо таронаҳояш дар маъракаҳои хурсандӣ ва ҳолати ғамгинӣ садо медиҳанд ва аз сӯйи овозхонҳо гаштаву баргашта ва бо шеваҳои гуногун иҷро мешаванд.
Шермуҳаммади Шоҳиён, раиси Додгоҳи олии Тоҷикистон, сухани Баҳром Иноятзода, шаҳрдори пешини Кӯлобро дар бораи набудани адолати додгоҳӣ дар Тоҷикистон "гапи хушку холӣ" номид.
Мақомот дар Тоҷикистон гуфтанд, бо гузашти ду сол аз бозгардондани кӯдакону наврасон аз Ироқ, ҳанӯз наздикон барои ба тарбияи худ гирифтани онҳо муроҷиат накардаанд.
Полиси пойтахти Мянмар эътирозгаронро ҳушдор дод, ки агар пароканда нашаванд, бо саркӯбҳо рӯбарӯ мешаванд. Ин эътирозҳо, ки дар посух ба кудатои низомии ҳафтаи гузашта сар зад, боиси норозигии бисёр сокинон шуд ва мақомоти амалкунанда тавассути телевизион ишора карданд, ки ба эътирозгарон раҳм намекунанд. Рӯзи сеюм аст, ки ҳазорҳо нафар дар кӯчаҳои шаҳри Нейпйидо ва дигар манотиқи кишвар зидди диктатура ва ҳабси раҳбари интихобшудаи кишвар Аун Сан Суҷӣ раҳпаймоӣ мекунанд. Дар шаҳр се хати полис... Читать дальше...
Оҷонси "Тоҷикстандарт" дар як сол беш аз 2 ҳазор тонна молу маҳсулоти пастсифатро дар бозору фурӯшгоҳҳо кашфу мусодира кардааст. Дар ин бора раҳбарони ин ниҳод дар як нишасти матбуотӣ дар Душанбе хабар доданд ва гуфтанд, ин маҳсулот барои сиҳатӣ зиёновар буд.
Даврон Зоҳизода рӯзи 8-уми феврал ба хабарнигорон гуфт, аз охири моҳи апрел то ин дам 1200 нафар аз ташхис гузаштанд, вале натиҷаҳо манфӣ буд.
"Тоҷикстандарт" беш аз 200 тонна маҳсулоти пастсифатро мусодира кардааст.
Фоҷеа бар асари кандани яхпораи азим дар шимоли Ҳиндустон.
Додситони низомии Кӯлоб иддао дорад, ки ҷалби иҷбории наваскарон хотима ёфтааст
Шермуҳаммад Шоҳиён, раиси Суди олии Тоҷикистон гуфт, соли 2020 дар додгоҳҳои кишвар 2 ҳукми сафедкунанда содир шуда 1 парвандаи мабут ба шиканҷа баррасӣ шудааст. Шоҳиён, ки рӯзи 8-уми феврал ба саволҳои журналистон оид ба натиҷаҳои кори Додгоҳи олӣ дар соли 2020 посух медод, гуфт: “Дар соли 2020 сифати тафтиши парвандаҳои ҷиноятӣ хубтару беҳтар гардидааст. Дар соли сипаришуда ҳамагӣ ду ҳукми сафедкунанда аз ҷониби судҳо қабул шудааст”. Дар масъалаи шиканҷа як намояндаи расмии додгоҳи олӣ посух дод ва гуфт... Читать дальше...
Раиси Додгоҳи олии Тоҷикистон гуфт, гуноҳи Дониёр Набиев, сокини 80-солаи ноҳияи Рӯдакӣ, ки ба ҳафт соли зиндон маҳкум шудааст, "дар додгоҳ собит шуд". Ҳарчанд хешовандонаш ва ҳомиёни ҳуқуқ онро нодуруст медонанд ва озодии ӯро талаб доранд.
Наҷотбахшон дар Ҳинд талош доранд 170 нафареро пайдо кунанд, ки дар натиҷаи обшавӣ канда шудани пораи як пиряхи Ҳимолой нопадид шудаанд. Дар паи ин ҳодиса, 14 нафар кушта шуд ва тарси бисёриҳо ин аст, ки дигар нопадидшудаҳо ҳам дигар зинда нестанд. Ин ҳодиса дар қисмати шимолии Ҳинд дар ҳудуди аёлати Уттаракханд рух дод. Обхезӣ 7-уми феврал замоне рух дод, пиряхи Нанда Деви бо сабаби якбора берун омадани оби дарёи ҷойгир аз пушташ шикоф шуду як қисмаш шикаста ба замин зад. Дар натиҷа, як нирӯгоҳи нотамоми барқию обӣ хароб шуда... Читать дальше...
Раиси Додгоҳи олии Тоҷикистон гуфт, ки Муҳиддин Кабирӣ, раиси Ҳизби дар Тоҷикистон мамнӯи наҳзати исломӣ ва Паймони миллиро ғоибона ба ҳабс маҳкум кардаанд, аммо нагуфт чанд ба сол.
Аксе, ки суратгири касбӣ Дмитрий Марков дар идораи полис бардошту баъди паҳн шуданаш дар Интернет ба рамзи эътирозҳои дастаҷамъии тарафдорони раҳбари мухолифони Русия Алексей Навалний табдил шуд, дар як музояда бо нархи 2 миллион рубл фурӯхта шуд. Акс дар утоқи полис гирифта шудааст ва дар он як ходими амният бо рӯи пӯшидашудааш зери акси президент Владимир Путин нишастааст. Марков дар рӯзҳои истироҳати гузашта дар Фейсбукаш навишт, ки барои ин акс музоядаи онлайнӣ роҳандозӣ карду нархи аввалияашро 10 ҳазор рубл таъин кард. Читать дальше...
Венгрия (Маҷористон) кишвари аввалин дар қаламрави Иттиҳоди Аврупо шуд, ки ваксинаи "Sputnik V", сохтаи Русияро сабт кард. Ҳукумат рӯзи 7-уми феврал гуфт, 40 ҳазор ваксина барои тақсим дар миёни аҳолӣ омода шудааст.
Собиқ вазири корҳои хориҷии Амрико, Ҷорҷ Шултс, дар 100-солагӣ даргузашт. Ӯро яке аз саҳмгузорони хатми Ҷанги Сард меноманд.
Соли гузашта дар вилояти Халтон нисбати 46 падару модар барои халал расонидан ба таҳсили фарзандонашон парвандаи ҷиноӣ боз шудааст. Онҳо тибқи моддаи 164-уми Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон ҷазо мегиранд. Ин банди қонун волидонро барои монеъ шудан ба таҳсили ҳатмии фарзандон ҷарима ё зиндонро пешбинӣ мекунад. Додситонии вилояти Хатлон мегӯяд, дар соли 2020 дар доираи “Қонуни масъулияти падару модар дар таълими фарзанд” санҷишҳои прокурорӣ гузаронида шуда, дар натиҷа, нисбати 775 волидон парвандаҳои маъмурӣ боз гардидааст. Читать дальше...
Пайвандони Меҳроншо Ҷумъаев, афсари милисае, ки рӯзи 7-уми феврал дар ноҳияи Панҷи Хатлон аз тири силоҳ ҷон бохт, гуфтанд, дар робита ба марги ӯ "як ҳамкораш дастгир шудааст".
Як ҳайати Толибон бо ҳадафи арзёбии масъалаи амнияти лӯлаи гази Туркманистон-Афғонистон-Покистон-Ҳиндустон ба Туркманистон сафар карда, бо вазири корҳои хориҷии ин кишвар дидору гуфтугӯ кардааст. Туркманистон эълон кард, ки 6-уми феврал ҳайати Толибон зери раҳбарии мулло Абдулғанӣ Бародар ба Ашқобод омад. Дафтари Толибон дар Қатар изҳор намуд, ки ҳайати ин ҷунбиши исломӣ бо муовини сарвазир ва Вазири корҳои хориҷии Туркманистон Рашид Мередов музокирот пеш бурд ва Толибон аз ин лоиҳаи инфрасохтории Туркманистон пуштибонӣ мекунад. Читать дальше...
Дар Тоҷикистон намояндагии “Хадамоти шиносномавӣ-визавӣ”-ии Вазорати корҳои дохилии Русия боз мешавад. Чунин намояндагӣ ҳафтаи гузашта дар Узбекистон низ ба фаъолият оғоз кардааст. Ин намояндагӣ имкон медиҳад, ки дар ҳудуди Тоҷикистон ҳамаи санадҳои зарурӣ барои сафари муҳоҷирони корӣ ба Русия омода карда шавад. Вобаста ба ин масъала намояндаи Вазорати меҳнати Тоҷикистон дар Русия Зоҳир Мирзозода бо раҳбари ин хадамот Сергей Машин мулоқот карданд. Машин гуфтааст, баимзорасонии созишномаи ҳамкорӣ... Читать дальше...
Ба иттилои хабаргузрии "Азия плюс", нахуствазири Тоҷикистон Қоҳир Расулзода дар раъси ҳайати намояндагии блоки иқтисодии Тоҷикистон ба Маскав павроз кардааст. Имрӯз ва фардо дар пойтахти Русия ҷаласаи 17-уми Комиссияи байниҳукуматии ҳамкориҳои иқтисодии Тоҷикистону Русия баргузор мешавад. Интизор меравад, ки Душанбе ва Маскав дар баробари баррасии рушди равобити тиҷоративу иқтисодии ду давлат, азсаргирии паврозҳои мунтазам, бозгашти муҳоҷирони кории тоҷик ба Русия ва мушкилоти донишҷӯёни тоҷики донишгоҳҳои Русияро низ матраҳ хоҳанд кард.
Президенти ИМА Ҷо Байден гуфт, ки то моҳи сентябр даст ёфтан ба масунияти куллӣ дар кишвар “бисёр душвор” хоҳад буд. Байден дар сӯҳбат бо CBS News рӯзи 7-уми феврал гуфт, “дастёбӣ ба ин ҳадаф ва то охири тобистон таъмин кардани масунияти сартосарӣ бисёр душвор мешавад”. Масунияти дастаҷамъӣ ё куллӣ ин аст, ки қисмати калони аҳолӣ аз роҳи як дафъа сироят ёфтан ваё эмкунӣ дар муқобили вирусе устувор ва муқовиматпазир мешавад. Донишмандон мегӯянд, ки дар сурати масунияти дастикам 75 дарсади аҳолии як кишвар имкон дорад... Читать дальше...
Нахуствазири Исроил Бенямин Нетаняҳу, ки дар фикри тамдиди салоҳиятҳои 12-солаи худ мебошад, рӯзи 8 феврал дар мурофиаи додгоҳӣ оид ба фасод гуфт, ки гуноҳ надорад. Додгоҳе, ки баъди шаш ҳафта таъхир дар шаҳри Байтулмуқаддас аз сар гирифта шуд, иттиҳоми порагирии Нетаняҳу аз дӯстони сарватмандаш ва додани сабукиҳо ба раҳбарони ширкатҳои матбуотиро муҳокима мекунад. Сиёсатмадори 71-сола гуфт, ки ин иттиҳомот ангезаҳои сиёсӣ дорад ва бепояву асос аст. Мурофиаи додгоҳии нахуствазири Исроил бо сабаби пандемияи коронавирус ба таъхир уфтода буд. Читать дальше...
Эрону ИМА рӯзи 7-уми феврал баҳси сари барномаи ҳастаии Ҷумҳурии Исломиро идома дода, ҳарду ҷониб аз ҳамдигар талаб карданд, ки қадами аввалро тарафи муқобил гузорад. Президенти ИМА Ҷо Байден батакрор гуфт, то замоне, ки Эрон бар асоси созиши соли 2015-и ҳастаӣ ба иҷрои ӯҳдадориҳои худ барнагардад, таҳримҳо аз болои ин кишвар бардошта намешаванд. Раҳбари олии Эрон Алии Хоманеӣ гуфт, агар ИМА бихоҳад, ки Эрон ба шартҳои созиш пойбанд бошанд, бояд таҳримҳои болои ин кишвар ҷоришударо бекор кунад. Ӯ гуфт, “ин қарори бебозгашт” аст. Читать дальше...