Мы в Telegram
Добавить новость
ru24.net
World News in Tajik
Февраль
2021

Новости за 25.02.2021

Кормандони зиндонҳои Сибир аз рӯи иттиҳоми шиканҷа таҳқиқ мешаванд

Ozodi.org 

Хадамоти федеролии зиндонҳои Русия гуфт, ки алайҳи чанд корманди зиндоне дар Сибир дар заминаи шикоятҳо аз шиканҷаи зиндониҳо санҷиш шурӯъ шудааст. Ин хадамот рӯзи 25 феврал  гуфт, инчунин 10 зиндониро, ки гӯё даст ба шиканҷаи Тоҳирҷон Боқиев задаанд, мавриди санҷиш қарор медиҳанд. Як дигар аз масъалае, ки санҷида мешавад, заминаҳои бадбинии қавмӣ доштани ин шиканҷаҳо мебошад. Созмони ҳомии ҳуқуқи зиндониҳо бо номи Gulagu.net моҳи декабр ва баъди ин, моҳи феврал дар бораи ду ҳолати дигари шиканҷаи маҳбусон дар Иркутск гузориш дод. Читать дальше...

Босния як мардро барои ҷангидан дар сафи ДОИШ ба ҳабс маҳкум кард

Ozodi.org 

Додгоҳи Босния як марди мусалмони маҳаллиро барои ҷангидан дар сафи гурӯҳи “Давлати исломӣ” дар Сурия ба шаш соли зиндон маҳкум кард. Додгоҳи Боснияву Ҳерсоговина инчунин Ясмин Кесеровичро дар мурофиаи ҷудогона барои таҳдид ба куштор тавассути интернет дар соли 2016 гунаҳгор донист. Додгоҳ дар ҳукми 25-уми феврали худ гуфт, ки даъвати ошкор ба мусалмонон барои  куштори сарбозони масеҳӣ ва афроди мулкӣ ҳамчун далели ин  иттиҳом арзёбӣ шудааст.  Додрасҳо иддаои тими дифоии Кесеровичро рад карданд,... Читать дальше...

Пашинян дар ҳалқаи тарафдоронаш кишварро ба оромӣ даъват кард

Ozodi.org 

Нахуствазири Арманистон Никол Пашинян аз сарбозон хост, ки «кори худро иҷро» ва кишварро, ба гуфтааш, аз «талоши кудатои низомӣ” дифоъ кунанд. Пашинян, ки рӯзи 25 феврал дар баробари тахминан 20 ҳазор тарафдораш дар майдони Республикаи шаҳри Ереван ҳозир шуд, хитоб ба мардум гуфт, ки намегузорад низомиҳо ҷилави қудратро ба даст бигиранд. Пашинян  дар ҳалқаи сахти амниятӣ сӯҳбат мекард ва бори дигар талаби Ситоди кулли артиши Арманистонро дар бораи истеъфои ӯву ҳукумат рад намуд. Дар номае, ки ин ситод ба Пашинян ирсол кард... Читать дальше...

Нишасти фармондеҳони Созмони паймони амнияти дастаҷамъӣ

Ozodi.org 

Нишасти фармондеҳони Созмони паймони амнияти дастаҷамъӣ.Барот Юсуфӣ ки дар нишаст ширкат дошт мегӯяд, фармондеҳи ситоди муштараки Спад дар оғоз аз вазъи амнияти кишварҳои узви ин созмон ва таҳдидҳо ба қаламрави ин давлатҳо гузориш дода, нақшаҳоро барои соли ҷорӣ муариффӣ кард.

Собунпази тоҷик 14 навъи собун истеҳсол мекунад. ВИДЕО

Ozodi.org 

"Tajik soap, Handmade"- бо чунин тамға як сокини Душанбе бо истифода аз равғанҳои гуногуни растанӣ собунҳои дастӣ омода мекунад. Мегӯяд, собунҳояш хусусияти табобатӣ доранд ва дар намоишгоҳҳо Тоҷикистонро бо ин маҳсулоташ муаррифӣ мекунад. Маҳмудҷон Муқимов ягона собунпази тоҷик аст, ки ба ин ҳунар панҷ соли пеш рӯ овард. Ӯ дар аввал танҳо барои фарзандони худ ва баъдан барои дӯстонаш собун тайёр мекард. Акнун Маҳмудҷон Муқимов барои шумораи муайяни мизоҷон собун таҳия мекунад. Ӯ ҳеҷ дастгоҳи махсус... Читать дальше...

Наталя Водянова сафири ҳусни нияти СММ шуд

Ozodi.org 

Модели рус Наталя Водянова сафири ҳусни нияти СММ таъин шуд ва дар ин мақом ӯ ният дорад барои сиҳҳатии занон ва аз байн бурдани стигма ё қолабҳои шахшуда дар заминаи ҳуқуқи зан талош варзад.  Водянова 38 сол дошта, дар як паёми видеоиаш 24 феврал гуфт, барои мубориза бо бовару андешаҳои иштибоҳӣ дар бораи саломатии зан ва вижагиҳои табиати занона мубориза хоҳад бурд. Водянова 20 сол инҷониб ба ҳайси модел кор мекунад, хонааш дар  Париж аст ва ба кишварҳои мухталифи ҷаҳон сафарҳо анҷом медиҳад. Ӯ... Читать дальше...



Пашинян, ки низомиёнро дар талоши кудато айбдор кард, ба майдони марказӣ мебарояд

Ozodi.org 

Дар посух ба талаби низомиён дар бораи истеъфои нахуствазири Арманистон рӯзи 25 феврал Никол Пашинян ҳамроҳ бо садҳо тарафдоронаш ба маркази шаҳри Ереван баромад. Имзои созиши сулҳи Қаробоғи Кӯҳӣ бо Озарбойҷон ноябри соли 2020, ки ба ҷанги шашҳафтаинаи Еревану Боку нуқта гузошт, ҳукумати Пашинянро бо як бӯҳрони сиёсӣ рӯбарӯ кард. Кремлин, ки як муттафиқи деринаи Арманистон мебошад, гуфт, ки аз таҳаввулоти босуръат тағйирёбанда дар Ереван нигарон аст ва ҷонибҳоро ба хештандорӣ даъват кард. Пашинян... Читать дальше...

Фармондеҳи Ситоди муштараки СПАД аз хатари ҷангҷӯёни он сӯи марз ҳушдор дод

Ozodi.org 

Фармондеҳи Ситоди муштараки Созмони Паймони амнияти дастҷамъӣ гурӯҳи ДОИШ ё "Давлатӣ исломӣ"-ро таҳдиди аслӣ паҳншавии терроризми байналмилалӣ дар кишварҳои узви ин созмон номид. Анатолий Сидоров, фармондеҳи Ситоди муштараки СПАД, ки рӯзи 25-уми феврал аз тариқи онлайн дар як нишасти матбуотӣ сӯҳбат мекард, шумораи ҷангҷӯёни Толибонро дар Афғонистон 70 ҳазор, гуруҳи "Давлати исломӣ"-ро 4 ҳазор, Ҳаракати исломии Узбекистонро 2,5 ҳазор нафар ном бурд, ки дар марзҳои ҷанубии СПАД ҷамъ шудаанд. Вай афзуд... Читать дальше...

Базуди воксинаи ширкати Johnson & Johnson иҷозаи истифода мегирад

Ozodi.org 

Мақомоти амрикоӣ гуфтанд, ки базудӣ воксинаи якдафъаинаи зидди COVID-19, ки ширкати Johnson & Johnson сохтааст, барои истифода иҷоза мегирад. Ин хабар дар ҳолест, ки фоидаи тӯлонитари воксинаи сохтаи ширкатҳои муштараки Pfizer/BioNTech тасдиқ шудааст. Масъулони Идораи ғизову дорувори ИМА  гуфтанд, амн будани воксинаи сохтаи Johnson & Johnson  то 85 дар сади фоидаовар будани худро собит кард. Қарор аст мушовирони мустақил ҳам дар ин бора назар диҳанд ва баъди ин идораи ғизову доруворӣ бояд... Читать дальше...

Пашинян талаби истеъфоро "талоши сарнагунии низомии қудрат" номид

Ozodi.org 

Нирӯҳои мусаллаҳи Арманистон аз Никол Пашинян ва ҳукуматаш тақозо карданд, ки ба истеъфо равад, дар посух нахуствазир ин талабро талоши сарнагунии низомии қудрат номид.  Самвел Асатрян, раиси бахши иттилоот дар раёсати ситоди кулли артиши Арманистон рӯзи 25 феврал гуфт, даъват ҳамчун эътирози қотеъ зидди аз кор озод кардани муовини аввали раиси ситоди муштарак садо дод. Дар изҳороти низомиён омадааст, ки ин қарор бидуни назардошти манфиатҳои милливу давлатии Арманистон  гирифта шуда, “дар шароите... Читать дальше...

КБО Брисбенро номзади бартари мизбони Бозиҳои олимпии соли 2032 донист

Ozodi.org 

Шаҳри Брисбен барои ба даст овардани ҳуқуқи мизбонии Бозиҳои олимпӣ ва паралимпии соли 2032 қадами бузург гузошт, зеро Шӯрои иҷроияи Кумитаи байналмилалии олимпӣ (КБО) 24-уми феврал тасдиқ кард, ки номзадии минтақаи Австралия бартарӣ дорад. Дар ин бора сомонаи Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон хабар додааст. Ба иттилои манбаъ, КБО қарор аст музокироти истисноӣ ё "муколамаи ҳадафнок"-ро бо мақомоти Австралия доир ба баргузории Бозиҳо пас аз 11 сол, баъди қарори Шӯрои иҷроия дар бораи тасдиқи тавсияи Комиссияи мизбони бозиҳои тобистона... Читать дальше...

 Уилям Бӯрнс Чинро "имтиҳони калонтарини геополитикӣ" хонд

Ozodi.org 

Номзади Ҷо Байден ба мақоми раҳбари Оҷонсии марказии иттилооти ИМА дар мулоқот бо қонунгузорон рӯзи 24 феврал гуфт, Чин барои ИМА  “имтиҳони калонтарини геополитикӣ” аст, вале Русия як таҳдиди “ошно” боқӣ мемонад.  Уилям Бӯрнс, собиқ сафири ИМА дар Русия ва Чин дар ҷаласаи тасдиқи номзадиаш дар ин вазифа  дар назди Кумитаи иттилооти Сенат суханронӣ кард. Ӯ гуфт, ки Чин тавонмандии худро барои дуздии иттилои марбут ба сарвати зеҳнӣ, саркӯби мардум ва эҷоди нуфуз болои ИМА тақвият медиҳад. Айни замон... Читать дальше...

Байден роҳи соҳибони Green Card ба Амрикоро дубора боз кард

Ozodi.org 

Президенти ИМА Ҷо Байден фармони раисҷумҳури пешини Амрико Доналд Трампро бекор кард, ки вуруди бисёре аз соҳибони Green Card (Грин корт ё корти сабз)-ро ба он кишвар манъ мекард. Трамп соли гузашта сафари баъзе аз гуруҳҳои шаҳрвандони хориҷиро ба ИМА бо мақсади ҳифзи ҷойҳои корӣ барои амрикоиҳо дар давраи пандемияи коронавирус то поёни соли 2020 манъ карда, дар рӯзҳои охири президентияш ин маҳдудиятро то охири моҳи марти имсол тамдид намуд. Дар натиҷаи ин фармони Трамп ҳазорҳо соҳиби Green Card натавонистанд ба Амрико сафар кунанд. Читать дальше...

Дар Узбекистон мардеро бо айби фурӯши кӯмакҳои башардӯстона зиндонӣ карданд

Ozodi.org 

Марде дар Узбекистон бо айби фурӯши кӯмакҳои ғизоие, ки барои офатзадаҳои рахнаи обанбори Сарбода ҷудо шуда буд, 3,5 сол зиндонӣ гардид. Ба иттилои расонаҳо, марди маҳкумшуда дар қатори эҳсонкорон ё волонтёрон шомил шуда, ба сокинони минтақаҳои зериобмондаи ноҳияи Сардоба кӯмак расонидааст. Вай нахуст худро ноиби раиси бахши Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмар дарноҳияи Сардоба муаррифӣ карда, дар ҳаҷми 14,6 ҳазор доллар кӯмакҳои башардӯстонаро гӯё барои тақсим аз маҷмуи кӯмакҳо гирифта, аммо ба фурӯш баровардааст. Читать дальше...

"Авеста": Арзиши гази моеъ дар Тоҷикистон 14 % афзуд

Ozodi.org 

Хабаргузории "Авеста" менависад, ки тӯли 10 рӯзи ахир  дар Тоҷикистон нархи гази моеъ тақрибан 14 фоийз зиёд шуда, аз 4 сомонӣ ба чоруним сомонӣ барои ҳар як литри ин маводи сӯхт расидааст. Бо вуҷуди болоравии нарх, дар кишвар камбуди гази моеъ мушоҳида намешавад.  Ҳудуди 60 дарсади нақлиёт дар Тоҷикистон аз ҳамин маводи сӯхт истифода мебаранд. Ҷаҳиши чашмраси нархи ин навъи сӯзишворӣ моҳи июли соли гузашта сабт шуда 65 дарсадро ташкил дод. Он замон арзиши гази моеъ аз 2,5 сомонӣ то 4 сомонӣ барои як литр боло рафта буд. Читать дальше...

Олмон ҳузури нирӯҳояшро дар Афғонистон тамдид кард

Ozodi.org 

Ҳукумати Олмон лоиҳаи  ҳузури низомии ин кишвар дар Афғонистонро то ибтидои  соли оянда тамдид кард. Ҳамин тариқ нерӯҳои Олмон то 31-уми январи соли 2022 дар Афғонистон боқӣ хоҳанд монд.  1100 афсару сарбозони олмонии мустақар дар Афғонистон дар чорчӯби нерӯҳои паймони НАТО ифои вазифа намуда, дуввумин воҳиди бузурги хориҷӣ ба ҳисоб меравад. Беш аз Олмон танҳо Амрико аст, ки 2 ҳазору 500 афсару сарбозашро дар Афғонистон мустақар намудааст. Ваколати кунунии сарбозони Олмон дар Афғонситон то охири моҳи марти соли ҷорӣ ба поён мерасад. Читать дальше...

Байден барои номзадҳои Green Сard ҳам дарҳои ИМА-ро боз кард

Ozodi.org 

Президенти Амрико Ҷо Байден  манъи сафари номзадҳои  гирифтани Green Сard ва ё ҳақи зисти доимӣ дар Амрикоро лағв кард. Ин фармонро соли гузашта  президенти  ИМА Доналд Трамп имзо карда гуфт, ки ин чораи муваққатӣ ба хотири ҳифзи бозори кори дохилӣ дар давраи пандемияи коронавирус татбиқ мешавад. Дар шакли ибтидоӣ фармони президенти собиқи Амрико мебоист то охири соли 2020 побарҷо мемонд. Вале дар ҳафтаи охири раёсатҷумҳурияш Трамп фармон дод, ки то охири моҳи марти соли 2021 вуруди номзадҳои гринкарт дароз карда шавад. Читать дальше...

Новости России
Москва

Вседозволенность азербайджанской диаспоры в России или как пантюркистские националисты 29 апреля перекрыли улицу в центре Москвы


Дар як сӯхтори Толятти тифли дусолаи тоҷик ҷон дод

Ozodi.org 

Дар шаҳри Толяттии Русия ба ҳангоми сӯхтори анборе як кӯдаки 2-солаи  хонаводаи муҳоҷирони кории Тоҷикистон ба ҳалокат расидааст. Бино ба маълумоти хадамоти матбуоти шӯъбаи назорати вилояти Самара  волидайни  ин писарбача низ дар сӯхтор осеб дидаву дар беморхона бистарӣ шудаанд. Додситонӣ мегӯяд, ки сӯхтор шаби 24-уми феврал ба амал омадааст. Тибқи фарзияи пешакӣ,  ба ин фалокат риоя накардани қоидаи истифодаи дастгоҳи гармидиҳӣ сабаб шудааст. Дар ҳуҷраи оташгирифта як оилаи тоҷик бо се фарзандаш зиндагӣ мекардааст. Читать дальше...

Ёдгор Файзов барои мушкили бебарқии деҳоте дар ВМКБ аз мардум узр хост

Ozodi.org 

Раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон дар мулоқоташ бо рӯзноманигорон ҳафтаи ҷорӣ, аз сокинони ин вилоят барои маҳдудияти интиқоли барқ бахшиш пурсид. Навори узрхоҳии Ёдгор Файзов дар саҳифаи расмии маъмурияти вилоят дар шабакаи Фейсбук нашр шудааст. Ёдгор Файзов мегӯяд: “Ман аз сокинони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон барои он ки натавонистам мардуми деҳотро дар зимистон бо барқ таъмин кунам, маъзарат мехоҳам. Ин вазъ ба мо нишон дод, ки дар ин соҳа ҳанӯз мушкилот ва камбудиҳои зиёд дорем”. Читать дальше...

Қонуни духела. Яке барои "худиҳо" ва дигаре барои "бегонаҳо” ва "норозиён"

Ozodi.org 

Коршиносон мегӯянд, ҳукми аъзои ҳизби мухолифи Сотсиал-демкоратии Тоҷикистон Маҳмурод Одинаев бори дигар роҳҳои истифодаи саркӯбгароёнаи қонунро нисбати норозиён ба намоиш гузошт.

Ҳушдор аз хуруҷи саросемавори нерӯҳои амрикоӣ аз Афғонистон

Ozodi.org 

Раиси Кумитаи хадамоти низомии Сенати Амрико мегӯяд, ки ӯ идомаи ҳузури низомии ин кишвар баъд аз моҳи май дар Афғонистонро пешбинӣ мекунад. Сенатор Ҷак Реед, рӯзи чаҳоршанбеи 24-уми феврал ба хабарнигорон гуфт, "дар кутоҳмуддат ман интизор дорам, ки ҳузури низомӣ тамдид шавад". Ин сенатор аз Ҳизби демократ дар идома ҳушдор додааст, ки "талошҳо барои берун кашидани нерӯҳо дар чанд моҳ як талоши бисёр чолишбарангез ва бесуботкунанда аст". Бар асоси тавофуқномаи рӯзи 29-уми феврали соли 2020 миёни Амрико ва Толибон дар Қатар... Читать дальше...

Ваъдаи афзоиши стипендияҳо дар Тоҷикистон

Ozodi.org 

Президенти Тоҷикистон имрӯз қарори афзоиши  идрорпулӣ ё стипендияи донишҷӯёни  муассисаҳои олӣ ва миёнаи касбиро имзо кард. Қарор мегӯяд,  аз 1- уми сентябри соли ҷорӣ андозаи идрорпулии донишҷуён,  магистру аспирант ва докторантҳо дар кишвар боло бурда мешавад. Ба ҳукумати Тоҷикистон дастур дода шудааст, ки тамоми чораҳои  лозима барои амалӣ шудани қарори  мазкур андешида шавад. Феълан донишҷӯёни  аълохони донишгоҳҳои Тоҷикистон моҳе 239 сомонӣ, муҳассилини пешқадам 173 сомонӣ ва онҳое, ки бо баҳои се таҳсил мекунанд... Читать дальше...

Путин гуфт, ҳифзи мақоми забони русӣ дар Қирғизистон муҳим аст

Ozodi.org 

Президенти Қирғизистон Содир Ҷабборов рӯзи 24-уми феврал бо ҳамтои руси худ Владимир Путин дар шаҳри Москва дидору гуфтугӯ кард. Ба иттилои сайти раёсати ҷумҳури Русия, Путин Ҷабборовро ба муносибати корро ба ҳайси президенти Қирғизистон оғоз кардан табрик карда, изҳори умедворӣ намудааст, ки ӯ "метавонад вазъи сиёсии дохилии кишварашро ба эътидол орад". Ҷабборов низ дар навбати худ бовар кунонидааст, ки Қирғизистон "барои ҳамкорӣ бо Русия ҳамеша омодааст" ва аз Путин даъват намудааст, ки сафари расмиеро ба Бишкек анҷом диҳад. Читать дальше...


Спорт в России и мире

Новости спорта


Новости тенниса
WTA

Елена Рыбакина выступила с критикой в адрес WTA






«Спартак» обыграл «Динамо» 2:0 в полуфинале Пути регионов Кубка России

Тренер Валерий Серегин из Химок воспитал свыше 20 тысяч лыжников

Осудившие Россию барды Никитины столкнулись с проблемами в Америке

Президент России разрешил проведение фестиваля “Спасская башня”