Мы в Telegram
Добавить новость
ru24.net
World News in Tajik
Февраль
2021

Таҳрими як сиёсатмадор ва телевизионҳои рӯ ба Русия дар Украина

0
Таҳрими як сиёсатмадор ва телевизионҳои рӯ ба Русия дар Украина

Президенти Украина Владимир Зеленский қарори таҳрими панҷсолаи як сиёсатмадори рӯ ба Русия Тарас Козак ва ширкатҳои телевизионии марбут ба ӯро имзо кард. 

"112 Украина", NewsOne ва ZIK-ро имзо кард. Таҳримҳо бар асоси қарори Шӯрои амнияти миллӣ ва дифоъ ҷорӣ шуда, дар баробари дигар тадбирҳо, масдуд кардани дороиҳо, маҳдуд кардани амалиёти тиҷоратӣ ва манъи берун бурдани сармояҳо аз кишварро пешбинӣ мекунад. Таҳримҳо инчунин ба чандин телевизионҳои минтақавӣ ҳам рабт доранд, ки таҳти тамғаи  "112 Украина" амал мекунанд. Ин телевизионҳо  "Новый формат", "Ариадна ТВ", "ТВ Выбор", "Партнер ТВ" ва "Лидер ТВ" мебошанд, ки ҳамчунин тавассути шабакаи YouTube дастрас мебошанд.

Телевизионҳо ин қарорро маҳкум карда онро «саркӯбӣ матбуоти норозӣ» номидаанд.

Раиси Иттифоқи миллии журналистони Украина Сергей Томиленко гуфт, ки боздошта шудани кори се шабакаи телевизионӣ бидуни қарори додгоҳ «як ҳолати фавқулодда аст». Вазири фарҳанг ва сиёсати иттилоотии Украина Александр Ткаченко гуфт, ки «қарор истисноӣ, вале саривақтӣ аст». Ӯ гуфт, ки чунин қарор «на танҳо ба хотири  терроризми иттилоотӣ ва таҳдид ба амнияти Украина аз ҷониби дастгоҳҳои таблиғотии Кремл, балки ба хотири нақзи сартосарии меъёрҳои журналистӣ, дурӯғпароканӣ ва дасткориҳо» гирифта шудааст. Вазир гуфт, ки ин се шабакаи телевизионӣ «мошини таблиғотии хориҷӣ буда, ба таври ғайримустақим аз ҷониби Маскав маблағгузорӣ мешаванд».

Тарас Козак як муттафиқи сиёсатмадори рӯ ба Маскав Виктор Медведчук мебошад. Медведчук дар дохили Украина барои мулоқотҳои пайвастааш бо президент ва ҳам аъзои ҳукумати Русия интиқод мешавад. Матбуот мегӯяд, ки Медведчук бо Владимир Путин робитаҳои наздики оилавӣ дорад. Соли гузашта Медведчук дар мулоқот бо Путин мавзӯи музокираҳои Украинаву Русия дар чаҳорчӯби «Созиши Нормандия»-ро баррасӣ кардааст.  Дар мулоқоти пешинаш бо Дмитрий Медведев, президенти собиқ ва Алексей Миллер, раиси «Газпром» роҳҳои интиқоли газ ба Украинаро баррасӣ карда, моҳҳои охир ба ташвиқи харидораии воксинаи русии "Спутник V" даст задааст.




Moscow.media
Частные объявления сегодня





Rss.plus




Спорт в России и мире

Новости спорта


Новости тенниса
Андрей Рублёв

«Титул, которым я горжусь больше всего»: Рублёв одолел Оже-Альяссима и выиграл второй турнир серии «Мастерс» в карьере






Майский снегопад: москвичей призвали одеваться потеплее на 9 Мая

Сегодня состоится инаугурация президента России Владимира Путина

Врач рассказал, что шашлык противопоказан при заболеваниях желудка и мочекаменной болезни

В Москве американец разбил окно и проник в детскую библиотеку