Мы в Telegram
Добавить новость
ru24.net
World News in Tajik
Февраль
2021

Гузориш: "Занони ақалиятҳои миллӣ дар "Марказҳои бозтарбия"-и Чин таҷовуз мешаванд"

0
Гузориш:

Дар "Марказҳои бозтарбияи сиёсӣ"-и Чин, ки барои қазоқтаборон, уйғурҳо ва намояндагони ақалиятҳои миллии дигари минтақаи Шинҷони ин кишвар боз шудаанд, занон мавриди шиканҷа ва озори ҷинсӣ қарор мегирифтаанд.

Як ҳамсуҳбати Бӣ-Би-Сӣ, ки ҳоло дар ИМА қарор дорад, гуфтааст, таҷовузгарон дар либоси мулкӣ шабона ба марказҳо рафта, занонро ба утоқҳое бо худ мебаранд, ки дурбини назоратӣ надоранд. Ин ҳамсуҳбати Би-Би-Сӣ мегӯяд, дар "маркази бозтарбияи сиёсии чинӣ" борҳо мавриди латтукӯб ва таҷовузи гуруҳӣ қарор гирифтааст.

Ҳамсуҳбати дигари расона, ки 18 моҳи худро дар он марказҳо сипарӣ кардааст, гуфт, иҷборан дар раванди омода кардани занони боздоштшуда барои таҷовуз иштирок мекард. Ӯ пеш аз он ки занонро бо таҷовузгарон танҳо гузорад, либоси онҳоро мекашид ва ба дастонашон завлона мебаст. Баъди рафтани мардҳо занонро нахуст ба ҳамом ва сипас ба утоқҳояшон мебурд.

Хабари таҷовуз шудани занон дар "Марказҳои бозтарбияи сиёсӣ"-и Чинро як бонуи дигар низ тасдиқ кард. Ӯ, ки дар яке аз марказҳо забони чиниро меомӯзонд, гуфт, занонро ҳангоми таҷовуз бо барқ шиканҷа мекарданд. Як бонуи дигар изҳор дошт, ки маъмурони пулиси Чин дар назди ӯ духтаре 20-солаеро бо навбат таҷовуз карданд.

Бино ба хабарҳо, зиёда аз 1 миллион уйғур ва намояндагони ақалиятҳои дигари миллӣ дар минтақаи Шинҷони Чин дар "марказҳои бозтарбияи сиёсӣ" иҷборан нигаҳдорӣ мешаванд. Вале Пекин ин иддаоро рад карда, мегӯяд, онҳо "марказҳои бозомӯзӣ" ҳастанд, ки барои мубориза бо ифротгароӣ ташкил шудаанд.




Moscow.media
Частные объявления сегодня





Rss.plus




Спорт в России и мире

Новости спорта


Новости тенниса
Уимблдон

Финалистка юниорского Уимблдона-2023 получила временное отстранение за допинг






На остров Баунти российских туристов повезут на турецких крыльях

Bild: собака Лукашенко является «отвлекающим маневром» на параде Победы в Москве

Как спасти рассаду от заморозков и что делать, если растения уже подмерзли: рекомендации эксперта

Директор Бурятского театр драмы Цыпилма Очирова удостоена медалью «За заслуги перед Бурятией» - Россия, культура, концерт