Донишманди бритониёӣ бо роҳи кӯҳии пурбарф аз Эрон фирор кард
Як антрополог ё инсоншиноси эронии бритониёӣ, ки барояш дар Эрон зиндони тӯлонӣ таҳдид мекунад, гуфт, ки барои бозгашт ба Бритониё аз марзи кӯҳии Эрон пои пиёда убур кардааст. Комил Аҳмадӣ рӯзи 3 феврал ба матбуоти Бритониё гуфт, дар шароите аз Эрон фирор кард, ки бар ивази гаравпулӣ дар озодии шартӣ қарор дошт. Аҳмадӣ дар сӯҳбат бо ВВС гуфт: “Ман фирор кардам. Як дастгоҳи риштарошӣ, чанд китоби худ ва компютерамро ба борхалтаам андохта баромадам”. Ба гуфтааш, ҳамроҳ бо худ либоси гарм гирифт, чун медонист, ки ба ҳангоми фирор аз қатор дар минтақаи кӯҳӣ бисёр сард аст, роҳ тӯлонӣ, торик ва тарснок аст. Дар сӯҳбат бо нашрияи The Guardian ӯ нақл кард, ки барои фирор аз роҳи қочоқии Ироқу Туркия истифода кард, ба гуфтааш барф то 1,5 метр баландӣ дошт ва туман ёрӣ кард, ки аз чашми марзбонҳои эронӣ панаҳ барад. Аҳмадӣ моҳи декабри соли 2020 дар Эрон бо иттиҳоми гӯё ҳамкорӣ кардан бо кишвари душман, ки худи ӯ рад мекунад, ба нӯҳ соли зиндон ва пардохти 722 ҳазор доллар маҳкум шуд. Ин донишмандро августи соли 2019 дар хонааш Теҳрон боздошт карданд, се моҳ дар зиндони Эвини Теҳрон буд. Ӯ гуфт, дар зиндон мавриди “шиканҷаи сабук ва фишори равонӣ” қарор гирифт. Қабл аз муҳокима дар додгоҳи инқилобӣ ӯро бо гаравпулӣ озод карданд.
Аҳмадӣ курдтабор аст ва дар кораш масоили ҳассоси мисли издивоҷи кӯдакон, хатнаи занону кӯдакон ва масоили идивоҷҳои муваққатӣ дар мазҳаби шиаро таҳқиқ кардааст.
Ӯро волидон дар 18-солагӣ ба Бритониё барои таҳсил дар донишгоҳи Кент ва Мактби иқтисоди Лондон фиристоданд ва пеш аз он ки ба ватан баргардад, шаҳрвандии Бритониё гирифт.
Аҳмадӣ дар сӯҳбат бо ВВС гуфт, ки ӯро на ба хотири шаҳрвандии дугонааш, балки ҳамчун интиқом аз Бритониё барои дар соли 2019 ғасб кардани як киштии нафткаши эронӣ дар обҳои Гибралтар муҷозот мекунанд. Ин амали Эрон вайрон бо таҳримҳои Иттиҳоди Аврупо дар ихтилоф буд. Ӯ мегӯяд, ҳамеша медонист, ки “як ҳафади ҷаззоб ва эҳтимолӣ” буда метавонад. Айни замон ӯ таъкид мекунад, ки кори баде накардааст.
Аҳмадиро инчунин дар бадрафториҳои ҷинсӣ айбдор мекунанд. Ӯро соли гузашта дар паи чандин шикоят аз Ҷомеаи ҷомеашиносони Эрон хориҷ карданд.
Эрон солҳои охир хориҷиҳову эрониҳои зиёди дорои душаҳрвандиро, ки бо фаъолиятҳои илмиву таҳқиқотӣ ваё ҳимоят аз ҳуқуқи инсон машғуланд, боздошт ва ҳабс кардааст.