Мы в Telegram
Добавить новость
ru24.net
World News in Tajik
Февраль
2021

"Хатлон" ва "Истиқлол"ба финали Ҷоми ФФТ-2021 роҳ ёфтанд

0

Дастаҳои “Хатлон”-и Бохтар ва «Истиқлол»-и Душанбе ба финали Ҷоми ФФТ (Федератсияи футболи Тоҷикистон)-2021 роҳ ёфтанд.

«Хатлон» дар даври ниманиҳоии Ҷоми ФФТ-2021, ки имрӯз, 17-уми феврал, дар Варзишгоҳи марказии Душанбе доир гардид, бар тими «Равшан»-и Кӯлоб бо ҳисоби 2:0 ғолиб омад. Ҳарду голро легионер Жан Гатен ба самар расонид.

Дар бозии дигари даври ниманиҳоӣ дар Варзишгоҳи марказии пойтахти кишвар «Истиқлол»-и Душанбе «Регар-ТадАЗ-и Турсунзодаро бо ҳисоби 3:2 шикаст дод. Ба ду голи футболбозони «Регар-ТадАЗ» - Шерзод Маҳамадиев ва Диловаршо Ғаниев, бозигарони «Истиқлол» - Манучеҳр Ҷалилов (аз пеналти), Салам Ашурмамадов ва Зоир Ҷурабоев - бо се гол посух доданд.

Ба ин тартиб, дар бозии ниҳоии Ҷоми ФФТ-2021, ки рӯзи шанбеи 20-уми феврал дар Варзишгоҳи марказии Душанбе соати 15:00 шуруъ мешавад, «Хатлон» ва «Истиқлол» бо ҳам рақобат мекунанд. 

Дастаҳои "Равшан" ва "Регар-ТадАЗ" барои ҷойи севум мубориза мебаранд. Ин бозӣ. 20-уми феврал дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Ҳисор соати 11:00 оғоз меёбад.

Бояд тазаккур дод, Ҷоми ФФТ аз соли 2012 бори даҳум сурат гирифтааст. Ҳамагӣ чаҳор даста ин Ҷомро ба даст овардааст. “Истиқлол”-и Душанбе панҷ бор, «Регар-ТадАЗ»-и Турсунзода ду бор, “Хайр”-и Ваҳдат ва “Кӯктош”-и Рӯдакӣ якборӣ барандаи Ҷоми ФФТ гардидаанд.

Ҷоми ФФТ-2021

17-уми феврал (чоршанбе)

Даври ниманиҳоӣ

«Хатлон» – «Равшан» – 2:0

Голҳо: Жан Гатен НД, 33 (1:0). Жан Гатен НД, 90+2 (2:0).

 

«Истиқлол» – «Регар-ТадАЗ» – 3:2

Голҳо: Шерзод Маҳамадиев, 5 (0:1). Диловаршо Ғаниев, 26 (0:2). Манучеҳр Ҷалилов, 56 – аз пеналти (1:2). Салам Ашурмамадов, 77 (2:2). Зоир Ҷурабоев, 82 (3:2).

 

20-уми феврал (шанбе)

Бозӣ барои ҷойи севум

11:00 – «Равшан» – «Регар-ТадАЗ». Варзишгоҳи марказии Ҳисор

Финал

15:00 – «Хатлон» – «Истиқлол». Варзишгоҳи марказии Душанбе

 

Натоиҷи ҳамаи бозиҳои ниҳоии Ҷоми ФФТ (2012-2020):

2012 – «Регар-ТадАЗ» (Турсунзода) – «Хайр» (Ваҳдат) – 1:0

2013 – «Хайр» (Ваҳдат) – ССКА «Помир» (Душанбе) – 1:1. Аз рӯи пеналтӣ – 6:5

2014 – «Истиқлол» (Душанбе) – «Хайр» (Ваҳдат) – 2:0

2015 – «Истиқлол» (Душанбе) – «Хайр» (Ваҳдат) – 5:1

2016 – «Регар-ТадАЗ» (Турсунзода) – «Хуҷанд» (Хуҷанд) – 1:0

2017 – «Истиқлол» (Душанбе) – «Регар-ТадАЗ» (Турсунзода) – 2:1

2018 – «Истиқлол» (Душанбе) – «Регар-ТадАЗ» (Турсунзода) – 3:1

2019 – «Истиқлол» (Душанбе) – «Кӯктош» (Рӯдакӣ) – 5:2

2020 – «Равшан» (Кӯлоб) – «Кӯктош» (Рӯдакӣ) – 1:2




Moscow.media
Частные объявления сегодня





Rss.plus




Спорт в России и мире

Новости спорта


Новости тенниса
WTA

WTA огорчила Елену Рыбакину после турнира в Мадриде






В России произошло 258 ДТП за минувшие сутки

Адвокат: замминистра Тимуру Иванову вменяется взятка в миллиард рублей

Фестиваль «Московская весна» подготовил яркую сценическую программу

Глава Роскосмоса: разработка ядерной энергоустановки для лунной станции началась