Мы в Telegram
Добавить новость
ru24.net
World News in Tajik
Февраль
2021

Дар Қазоқистон мехоҳанд, Аврупо ҳизби Назарбоевро таҳрим кунад

0
Дар Қазоқистон мехоҳанд, Аврупо ҳизби Назарбоевро таҳрим кунад

Як гуруҳ аз шаҳрвандони Қазоқистон, ки бештар зидди "ҳалномаҳои ноодилонаи додгоҳӣ" эътироз мекунанд, 23 феврал гуфтанд, аз порлумони Аврупо эъломи таҳрим алайҳи бархе аз мансабдорон ва Ҳизби ҳокими "Нур Отан"-и ин кишварро дархост карданианд.

Яке аз ташаббускорони гуруҳ Санавар Зокирова, ки чанде пеш аз зиндон озод шудааст, гуфт, одамон аз минтақаҳои дигари Қазоқистон низ ба онҳо хоҳанд пайваст. "Дар давоми ду ҳафтаи оянда ҷамъ шуда, изҳороти муштаракеро нашр хоҳем кард", - изҳор дошт ӯ.

"Мо, шаҳрвандони Қазоқистон мехоҳем, аз вакилони порлумони Аврупо даъват кунем, ки зидди хидматчиёни давлатӣ ва Ҳизби "Нур Отан" таҳрим эълом шавад. Онҳо ҳуқуқи конститутсионӣ ва шаҳрвандии моро беасос ва ошкоро нақз кардаанд", - омадааст дар изҳороте, ки дар поёни вохӯрии гуруҳ дар шаҳри Нурсултон 23 феврал нашр шуд.

Ҳомиёни ҳуқуқи байналмилалӣ борҳо Қазоқистонро барои нақзи ҳуқуқи инсон танқид кардаанд. Порлумони Аврупо 11 феврал бо аксари оро қатъномаеро дар бораи вазъи ҳуқуқи инсон дар Қазоқистон қабул кард. Ин панҷумин қатъномае аст, ки аз соли 2009 ба Қазоқистон бахшида мешавад.




Moscow.media
Частные объявления сегодня





Rss.plus




Спорт в России и мире

Новости спорта


Новости тенниса
ATP

Российский бизнесмен обвинил Алькараса в договорных матчах. Он направил письмо в ATP






Отказ США от российского урана может ударить по ...

Что можно отметить в этот день

Замминистра обороны Иванов просит отпустить его из СИЗО на Рублёвку: Не шутка, а ходатайство по делу

Бывшего мужа Навки арестовали с женой и маленькой дочкой