Барои ҳамла ба Капитол беш аз 300 нафар муттаҳам шудаанд
Барои ҳамла ба бинои Конгресси Амрико беш аз 300 кас муттаҳам шудаанд. Ҳамла рӯзи 6-уми январ ва дар соатҳое рух дод, ки Конгресс пирӯзии Ҷо Байденро дар интихоботи президентии 3-юми ноябри соли гузашта расман тасдиқ мекард.