Мы в Telegram
Добавить новость
ru24.net
World News in Tajik
Февраль
2021

Новости за 04.02.2021

Тоҷикистон ба 700 ҳазор дона воксинаи СҶТ умедвор шуда метавонад

Ozodi.org 

Барномаи COVAX-и зери назари Созмони Ҷаҳонии Тандурустӣ  рӯзи 3 феврал   тартиби тақсими  тахминии 96  миллион ваксинаи зиди коронавирусро байни кишварҳои ширкатдори ин барнома нашр кард. Қарор аст,  марҳилаи аввали интиқоли ваксинаи “AstraZeneca” моҳи ҷорӣ оғоз шуда, беш аз 3 фоийзи аҳолии 145 давлатро фаро бигирад. Интизор меравад, ки Тоҷикистон 732 ҳазор дона  ваксинаро дарёфт кунад.  Қаблан  вазорати тандурустии Тоҷикисон гуфта буд,  қарор аст  20 фойизи аҳолии Тоҷикистон аз COVID-19 эм карда шаванд. Читать дальше...

1,4 миллион сомонӣ ҷарима барои афзоиши нархи гази моеъ

Ozodi.org 

Хадамоти зиддиинҳисории Тоҷикистон соли гузашта воридкунандагонии гази моеъро барои беасос баланд кардани нархи сӯзишворӣ ба маблағи 1,4 миллион сомонӣ ҷарима бастааст. Раҳбари хадамот рӯзи 4-уми феврал дар сӯҳбат бо хабарнигорон гуфт, соли гузашта дар маҷмӯъ аз ҳисоби ҷаримаҳо ва дигар қонуншиканиҳо дар бозори маводи сӯхт, ба буҷаи кишвар 11 милион сомонӣ ворид шуд. Тобистони соли гузашта танҳо дар як моҳ нархи маводи сӯхт 68 фойиз баланд рафт. Тафтиши хадамоти зиддиинҳисорӣ нишон дод, ки қимати сӯзишворӣ беасос боло бурда шудааст. Читать дальше...

Шурӯи парвозҳои мунтазам аз Маскав ба Бокуву Ереван

Ozodi.org 

Русия тасмим гирифт, ки парвозҳои мунтазамро бо Озарбойҷон ва Арманистон аз сар гирад. Хабаргузориҳои русӣ менависанд, тасмим гирифта шуд, ки иртиботи дуҷонибаи ҳавоӣ бо Озарбойҷон ва Арманистон аз 15 феврал барқарор карда шавад. Қарор дар бораи барқарор кардани парвозҳо бо сабаби беҳтар шудани вазъи эпидемиологӣ гирифта шудааст. Нахуствазири Русия Михаил Мишустин иҷозат дод, ки ҳафтае ду маротиба тариқи хатсайри Маскав-Баку ва чаҳор бор дар ҳафта дар масири Маскав-Ереван парвоз сурат бигирад. Ба илова... Читать дальше...

Дар Қирғизистон бо $6,8 млн барои қудратиҳо хона месозанд

Ozodi.org 

Кумитаи давлатии амнияти миллии Қирғизистон барои сохтмони хонаҳои баландошёна дар шаҳри Бишкек дар ҳаҷми $6,8 млн тендер эълом кард. Ин хонаҳо барои кормандони кумитаи мазкур сохта мешаванд. Бино ба иттилои сомонаи харидҳои давлатӣ, дар хиёбони Чингиз Айтматови Бишкек шаш бинои 9 ошёна сохта хоҳад шуд. КДАМ шарт гузошта аст, ки биноҳо бояд то моҳи августи соли 2022 сохта шаванд. Дар солҳои охир кормандони ниҳодҳои қудратии Қирғизистон назар ба кормандони соҳаҳои дигари буҷавӣ зиёдтар соҳиби манзил мешаванд. Читать дальше...

Сафари Боррелл ба Маскав дар фазои интиқодҳо аз ҳабси Навалний

Ozodi.org 

Сафари серӯзаи Жозеп Боррелл, раиси сиёсати хориҷии Иттиҳоди Аврупо  ба Маскав  4-уми феврал дар пасманзари интиқодҳои афзояндаи Ғарб аз зиндонӣ шудани раҳбари мухолифон Алексей Навалний ва саркӯби эътирозҳо ҷараён мегирад. Ин мавзӯъ яке аз масоили калидӣ дар музокираҳои Боррел бо мақомоти Русия мешавад. Дар аввалин сафари фиристодаи ИА  ба Русия баъди соли 2017 Боррелл гуфт, ки ба Кремлин “паёми рӯшан” хоҳад дод. Маскав то ҳол даъватҳо ба озод кардани Навалнийро аз зиндон нодида гирифтааст. Ӯ дар... Читать дальше...

Сӯхтор дар беморхонаи гирифторони COVID-19 дар Украина 4 нафарро кушт

Ozodi.org 

Сӯхтор дар беморхонаи нигаҳдории олудашудаҳо ба COVID-19 дар шаҳри ҷанубушарқии Запарожйеи Украина боиси кушта шудани  чор нафар шуд.  Раёсати маҳаллии полис рӯзи 4 феврал дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ки аз рӯи қазияи ҳалокати се бемор ва як парастор парвандаи ҷиноӣ боз шудааст.  Ду нафари дигар дар беморхона бо осори сӯхтор бистарӣ шудаанд. Маъмурияти минтақавии Запорожйе гуфт, ки барои таҳқиқи ин ҳодиса як комиссиюни вижа ҳам таъсис шудааст ва дигар беморхонаҳое, ки он ҷо гирифторони COVID-19 нигаҳдорӣ мешаванд... Читать дальше...



Дастаи мунтахаби беҳтарин футболбозони Осиё дар даҳсолаи охир тартиб дода шуд

Ozodi.org 

Федератсияи байналмилалии таърих ва омори футбол (IFFHS) дастаи рамзии беҳтарин футболбозони Осиёро дар даҳ соли ахир тартиб додааст. Барои тартиб додани ин феҳрист давраи аз соли 2011 то 2020 ба назар гирифта шудааст. Вазифаи дарвозабон ба зимаи Мэттю Дэвид Райани 28-сола аз бошгоҳи футболи “Брайтон ва Ҳов Албион” (Brighton & Hove Albion Football Club)-и Англия ва мунтахаби Австралия вогузор шудааст. Инчунин ба ҳайати дастаи рамзии мунтахаби беҳтарин футболбозони Осиё дар даҳсолаи ахир чунин бозигарони машҳур... Читать дальше...

Дар Италиё пас аз марги як духтари ноболиғ TikTok-и кӯдаконро мебанданд

Ozodi.org 

Шабакаи иҷтимоии TikTok бо талаби мақомоти Итолиё саҳифаи корбаронеро мебандад, ки синну соли худро камтар аз 13 нишон медиҳанд. Қарори мазкур, ки 9 феврал ба иҷро медарояд, баъди марги духтараки 10-солае қабул буд. Ин духтарак дар як мусобиқаи хатарнок ширкат кард. Вай телефон дар даст, дар дохили ҳаммом пайдо ва дар беморхона вафот кард. Ҷузъиёти ин ҳодисаро хоҳари духтараки фавтида нақл кард: бино ба мусобиқа, наврасон худро аз нафасгирӣ қисман маҳрум мекунанд. Падари духтари фавтида гуфт... Читать дальше...

Гузориш: "Занони ақалиятҳои миллӣ дар "Марказҳои бозтарбия"-и Чин таҷовуз мешаванд"

Ozodi.org 

Дар "Марказҳои бозтарбияи сиёсӣ"-и Чин, ки барои қазоқтаборон, уйғурҳо ва намояндагони ақалиятҳои миллии дигари минтақаи Шинҷони ин кишвар боз шудаанд, занон мавриди шиканҷа ва озори ҷинсӣ қарор мегирифтаанд. Як ҳамсуҳбати Бӣ-Би-Сӣ, ки ҳоло дар ИМА қарор дорад, гуфтааст, таҷовузгарон дар либоси мулкӣ шабона ба марказҳо рафта, занонро ба утоқҳое бо худ мебаранд, ки дурбини назоратӣ надоранд. Ин ҳамсуҳбати Би-Би-Сӣ мегӯяд, дар "маркази бозтарбияи сиёсии чинӣ" борҳо мавриди латтукӯб ва таҷовузи гуруҳӣ қарор гирифтааст. Читать дальше...

Қазоқистон ваксинаи русии "Спутник V"-ро то ҳол ба қайд нагирифтааст

Ozodi.org 

Мақомоти Қазоқистон эътироф карданд, ки ваксинаи русии "Спутник V" бо вуҷуди оғоз шудани истифодаи оммавияш дар ин кишвар то ҳол расман ба қайд гирифта нашудааст. "Бақайдгирӣ дар ҳоли баррасӣ аст. Мо маҷмуи санадҳоро омода дорем. Нахустин мояҳои ваксина дар ҳаҷми 22 ҳазор моя бар асоси қонунҳои амалкунанда ба кишвар ворид карда шуд", - изҳор дошт муовини вазири тандурустии Қазоқистон Ерлан Қиёсов рӯзи 3 феврал. Муовини дигари вазири тандурустии Қазоқистон Ажар Гиният илова кард, ки аз ҷониби... Читать дальше...

Созиши атомӣ бо Эрон дуруст мешавад, ё не?

Ozodi.org 

Теҳрон рӯзи душанбе гуфт, ки мумкин аст, созиши атомӣ бо Эрон дигарбора дуруст иҷро шавад ва дар ин роҳ Аврупо метавонад кӯмак кунад ва Амрико ба ин созиши байналмилалӣ ҳам баргардад. Ояндаи ин созиш аз соли 2015 чӣ гуна метавонад бошад.

Амрико ба созиши атомӣ бо Эрон бармегардад? Мунтақидон мегӯянд, "кори хатост". ВИДЕО

Ozodi.org 

То ҳол Эрон исрор мекард, ки аввал Иёлоти Муттаҳида бояд таҳримҳои ҷорикардаи раиси ҷумҳури собиқ Доналд Трампро бардорад, сипас Теҳрон ба созиши соли 2015 бармегардад ва ғанисозии ураниумро бозмедорад.


Спорт в России и мире

Новости спорта


Новости тенниса
Арина Соболенко

Арина Соболенко призналась в том, что не любит женский теннис






Ограничения движения в центре Томска 9 Мая продлятся с 00.00 до 18.00

Идеальный вариант на выпускной: Анна Пересильд сделала выбор в пользу маленького черного платья

Концерт «Стихи войны и мира. Баллада о своих»

Губернатор Петербурга поблагодарил Путина за организацию выставки-форума «Россия»