Мы в Telegram
Добавить новость
ru24.net
World News in Tajik
Июль
2021

Новости за 31.07.2021

Ҳаккерон маълумоти миллионҳо шаҳрванди Беларусро ба даст оварданд

Ozodi.org 

Гурӯҳи махфии беларусии "Киберпартизан" хабар додааст, ки маркази эелектронии шинсномадиҳии Беларусро шикастааст. Зоҳиран ин гурӯҳ ба нусхаи шиноснома ва маълумоти шахсии миллионҳо шаҳрванди Беларус дастрасӣ пайдо кардаанд. Дар ин миён, афроди наздик ба Александр Лукашенко, кормандон КГБ-и ин кишвар дар кишварҳои Иттиҳоди Аврупо ва маълумот дар бораи Қурмонбек Боқиев, собқи президенти Қирғизистон низ вуҷуд дорад. Президенти собиқи Қирғизистон даҳ соли пеш ба Беларус фирор кард ва он ҷо паноҳанда шудааст. Читать дальше...

Дар Ҳирот ба зиндониён касб меомӯзанд, то дубора ба роҳи хато нараванд

Ozodi.org 

Дар яке аз зиндонҳои шаҳри Ҳирот, ки яке аз бузургтаринҳо дар Афғонистон ба шумор меравад, барои зиндониён шароите фароҳам кардаанд, ки пас аз озодӣ бекор намонанд ва луқмаи ҳалол ба даст оранд. Мақомот мегӯянд, ҳунар ба зиндониён имкон медиҳад, дигар ба қонуншиканиву ҷиноят рӯ наоранд.

Дар ИМА гуфтанд, "Делта" ваксинашудаҳоро низ сироят мекунад

Ozodi.org 

Макрази назорат ва пешгирии бемориҳо дар ИМА эълон кард, ки навъи коронавируси "Делта" зуд паҳн мешавад ва эҳтимол афроди васкинагирифтаро низ сироят кунад. Аз ин рӯ, гуфта мешавад, ки эҳтимол усули мубориза бо КОВИД-19 ҷиддӣ тағйир ёбад, чун навъи "Делта" ба афроди ваксинашуда низ сироят мекунад ва ба афроде, ки ваксина нагирифтаанд, зиёни ҷиддӣ мерасонад. Ба одамоне, ки ваксина нагирифтаанд, хатари гирифторӣ ба ин вирус то се маротиба бештар аст ва даҳ маротиба бештар дар қиёс ба афроди ваксинашуда осебпазир буда... Читать дальше...

Хадамоти гумрук гуфт, се кормандаш дар кочоқи 90 кг тило ва 15 миллион доллар даст доштанд

Ozodi.org 

Раиси Хадамоти гумруки Тоҷикистон гуфт, аз се кормандаш, ки дар қочоқи 90 кило тило ва 15 миллион доллар аз Афғонистон ба ин кишвар даст доштанд, ду тан зиндон шуданд ва яке бо ҷарима озод гашт.

Лукашенко гуфт, даркор шавад, низомиёни русро даъват мекунад

Ozodi.org 

Александр Лукашенко, президенти Беларус гуфт, “агар барои бехатарӣ даркор шавад”, ба кишвараш низомиёни Русия ворид хоҳанд шуд. Хабаргузориҳои давлатии ин кишвар аз қавли ӯ навиштанд, ки Лукашеко гуфтааст, ҳоло Беларус нерӯи кофӣ барои муқобилият бо ҳар гуна таҳдидро дорад, вале агар нерӯ камӣ кард, низомиёни русро даъват мекунад. Президенти Беларус иддао кард, ки кишварҳои узви НАТО дар пайи ноором кардани ин кишвар ҳастанд. Қаблан, Йоҳанс Столтенберг, дабири НАТО нигаронӣ кард, ки Беларус бо Русия бештар наздик гашта... Читать дальше...

Толибон ба маркази вилояти Ҳирот ҳамла кардаанд

Ozodi.org 

Нерӯҳои ҳукумати Афғонистон рӯзи 30-уми июл дар канори шаҳри Ҳирот бо Толибон вориди ҷанг шуданд. Толибон иддао карданд, ки бахше аз маркази вилояти Ҳиротро гирифтаанд, вале мақомоти афғон ин гапро беасос номиданд. Ба гуфтаи мақомоти ин кишвар, ҳамлаи гурӯҳи Толибон пас гардонида шуд. Фавод Амон, муовини сухангӯи Вазорати дифои Афғонистон гуфт, ки талоши Толибон барои тасарруфи маркази вилояти Ҳирот, Қандаҳор, Ҳилманд ва Тахор ноком гашт. Ӯ гуфт, ки Толибон дар аксар манотиқ шикаст хӯрданд. Читать дальше...

Ояндаи норӯшани занони афғон. Бо ё бе озодӣ?

Ozodi.org 

Бо идомаи ҳамлаву ҷанги Толибон, ки қаламравҳои васеи Афғонистонро гирифтаанд, нигаронии як табақаи ҷафокашида, яъне занони афғон зиёдтар мешавад. Онҳо, ки дар замони ҳукмронии Толибон зулму беҳуқуқии зиёде дидаанд, мегӯянд, метарсанд, ки дигарбора он даврон бармегардад.


Спорт в России и мире

Новости спорта


Новости тенниса
Карен Хачанов

Хачанов обыграл Баутиста-Агуту в третьем круге «Мастерса» в Мадриде






Городские службы переведены на усиленный режим работы до 12 мая из-за праздников

«Родиной не торгуем»: в МИД РФ отказались обменять активы на возврат новых регионов

В Йошкар-Оле призёров конкурсов о родном крае наградили поездкой в Москву

Синоптик Шувалов рассказал о погоде в майские праздники