Мы в Telegram
Добавить новость
ru24.net
World News in Tajik
Июль
2021

Новости за 02.07.2021

Амрико талошҳои Тоҷикистонро дар мубориза бо қочоқи инсон нокофӣ донист

Ozodi.org 

Вазорати умури хориҷии Амрико мегӯяд, бо вуҷуди саъю кӯшишҳои афзояндаи ҳукумати Тоҷикистон барои мубориза бо қочоқи инсон, талошҳои кишвар дар ин замина ба меъёрҳои ҳадди аққали байналмилалӣ мутобиқ нест.

Садҳо корманди як ширкати Қазоқистон бо талаби маош ва шароити беҳтар коршиканӣ карданд

Ozodi.org 

Коршикании кормандони ширкати "КЕЗБИ" дар Жанаозени Қазоқистон идома дорад. Шоми 30 июн гуфтугӯи онҳо бо ҷониби корфармо бенатиҷа анҷом ёфт. Ҳудуди 600 корманди "КЕЗБИ" 1 июл бо талаби шароити беҳтари корӣ ва баланд бардоштани маош корпартоӣ карданд. Яке аз эътирозгарон Нурсултон Нуримов гуфт, "21 июн шаҳрдорӣ, нозироти меҳнат ва корфарморо аз тасмими корпартоӣ огаҳ карда будем, вале ҳеч посухе нагирифтем. Ҳаминтариқ имрӯз, 30 июн мо корро пурра қатъ кардем. Аз соати 6 касе ба кор набаромад". Читать дальше...

200 ҳазор тоҷикистонӣ дар панҷ соли гузашта шаҳрвандии Русияро пазируфтанд

Ozodi.org 

Тибқи омори Вазорати корҳои дохилии Русия аз соли 2016 то соли 2020 196 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон шаҳрвандии Русияро гирифтаанд. Ин рақам баробар ба аҳолии Рашту Нуробод аст, ки дар якҷоягӣ 200 ҳазор нафар сокин доранд. Ба ин тартиб, ҳар сол ба ҳисоби миёна 40 ҳазор тоҷикистонӣ, шиносномаи Русияро гирифтааст. Дар 5 соли охир шумораи тоҷиконе, ки соҳиби шаҳрвандии Русия шудаанд 3 баробар афзудааст. Агар соли 2016 23 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон шиносномаи русӣ гирифтаанд, соли 2020 ин рақам ба 63 ҳазору 389 нафар баробар шудааст. Читать дальше...

Омӯзгорро барои дархости ҳамхобагӣ бо толибаи 12-сола ҳабс карданд

Ozodi.org 

Рӯзи 30 июн Додгоҳи вилояти Фарғонаи Узбекистон як омӯзгори 42-солаи мактаби миёнаро барои пешниҳоди наздикии шаҳвонӣ ба кӯдаки 12-сола, 15 рӯз ҳабс кард. Додгоҳ оӯмзгорро дар "майдаавбошӣ" айбдор кард. Дар парвандаи додгоҳӣ омадааст, ки омӯзгори мазкур рӯзи 24 май ба яке аз хонандагонаш паём навишта, ба ӯ пешниҳоди робитаҳои шаҳвонӣ кардааст. Хонанда ин паёми омӯзгорро ба волидонаш нишон дода, волидон дар навбати худ ба мақомот муроҷиат кардаанд. Сокинони вилояти Фарғонаро, ба қавли онҳо, ҳукми нисбатан сабуки додгоҳ нигарон кардааст. Читать дальше...

Чаро Facebook дар Тоҷикистон фалаҷ шуд?

Ozodi.org 

Чанд рӯзи ахир дар Тоҷикистон шабакаи иҷтимоии Фейсбук ба як мушкили ғайримаъмулӣ рӯ ба рӯ шудааст. Бархе корбарони Фейсбук аз он шикоят доранд, ки паёмрасони ин шабака дуруст кор намекунад ва баъзан хабарҳои саҳифаи асосӣ нав намешаванд.

Дар Канада 500 кас аз гармои бесобиқа даргузаштанд

Ozodi.org 

Дар Канада дар як ҳафтаи охир 500 кас ба таври ногаҳонӣ фавтидаанд, ки ба иттилои мақомоти он кишвар, эҳтимол дорад, марги онҳо дар натиҷаи гармои ғайримуқаррарӣ фаро расида бошад. Мақомоти Канада афзоиши маргумирро аз гармо аз эҳтимол дур намедонанд. Танҳо дар шаҳри Ванкувери он кишвар аз рӯзи ҷумъаи ҳафтаи гузашта то ин замон 130 ҳолати марг аз гармо сабт шудааст. Бештара аз фавтидагон афроди куҳансол ва одамони дорои бемориҳои музмин ҳастанд. Гармои ҳаво дар бархе аз минтақаҳои Канада то 49,5 дараҷа расидааст. Читать дальше...

Ба зудӣ дар Радиои Озодӣ: "Зиндагӣ дар Ворух"

Ozodi.org 

Фирор аз ҷанг, паноҳ бурдан аз тирандозӣ, ҷанҷол барои обу чарогоҳ сарнавишти сокинони ҷамоати Ворухи ноҳияи Исфара дар марзи Қирғизистон аст. Зиндагиву аҳволи онҳоро дар филме бубинед, кирӯзи 5-уми июл дар www.ozodi.org, канали ozodivideo, саҳифаҳои мо дар Фейсбук ва Инстаграм нашр мешавад.

Дари Фейсбукро дар Тоҷикистон бастаанд?

Ozodi.org 

Чанд рӯзи ахир дар Тоҷикистон шабакаи иҷтимоии Фейсбук ба як мушкили ғайримаъмулӣ рӯ ба ру шудааст. Корбарони Фейсбук аз он шикоят доранд, ки баъзан паёмрасони ин шабака кор намекунад ва баъзан хабарҳои саҳифа нав намешаванд.



Гузориши ИМА дар бораи муборизаи Тоҷикистон бо қочоқи инсон

Ozodi.org 

Департаменти давлатии ИМА мегӯяд, бо вуҷуди саъю кӯшишҳои афзояндаи ҳукумати Тоҷикистон барои мубориза бо қочоқи инсон, талошҳои кишвар дар ин замина ба меъёрҳои ҳадди аққали байналмилалӣ мутобиқ нест.

Издивоҷи хешутаборӣ паёмади хуб надорад

Ozodi.org 

Моҳи ҷорӣ расо 5 сол мешавад, дар Тоҷикистон никоҳи хешутаборӣ манъ ва ташхиси тиббии пеш аз издивоҷ ҳатмӣ шуд. Мақомоти тоҷик гуфта буданд, ки мехоҳанд ба ин васила аз таваллуди кӯдакони носолим ҷилавгирӣ кунанд.

Рустами Эмомалӣ бо раиси Думаи Давлатӣ масъалаи муҳоҷиронро баррасӣ кардааст

Ozodi.org 

Рустами Эмомалӣ, раиси Маҷлиси миллии Тоҷикистон дар мулоқот бо Вячеслав Володин раиси Думаи Давлатии Русия мавзӯи буду боши муҳоҷиронии кории тоҷикро матраҳ кардааст. Мулоқти ду ҷониб рӯзи 1-уми июл дар Душанбе дар ҳошияи ҷаласаи навбатии Шӯрои Ассамблеяи Парламентии Созмони Аҳдномаи Амнияти Дастаҷамъӣ сурат гирифт. Дафтари матбуоти Маҷлиси миллии Тоҷикистон мегӯяд, дар ин гуфтугӯ мавқеъ ва дурнамои муносибатҳои Тоҷикистону Россия матраҳ шуда, мавзӯъи муҳоҷирон дар меҳвар қарор дошт. Ҳамзамон ҷониби Тоҷикистон пешниҳод намудааст... Читать дальше...

Сӯхтор дар бузургтарин тарабхонаи шаҳри Хоруғ "Марко Поло"

Ozodi.org 

Дар яке аз калонтарин тарабхонаҳои шаҳри Хоруғ  бо номи “Марко Поло" сӯхтор ба амал омадааст.  Оташсӯзи ҳафтаи ҷорӣ  ва замоне сар задааст, ки дар ин тарабхона ҷашни арӯсӣ ҷараён дошт. Дар наворе, ки корбарони Радиои Озодӣ рӯзи 2-уми июл аз шаҳри Хоруғ фиристодаанд, дида мешавад, аз боми тарабхона дуд ба ҳаво мепечад ва меҳмонони тӯй ба кӯча баромадаанд. Ба гуфтаи шоҳидон боми тарбахона сӯхта, касе дар ин ҳодиса осеб надидааст. Сабаби оташсӯзӣ ва хисороти расида аз он расман эълон нашудааст. Сар... Читать дальше...

Аз 4 то 7,5 сол. Ҳукми шаш муҳоҷири тоҷик дар робита ба марги варзишгари рус

Ozodi.org 

Додгоҳе дар Маскав 6 шаҳрванди Тоҷикистонро, ки дар марги варзишгари рус Сергей Чуев айбдор шуда буданд, аз чаҳор то ба ҳафтуним соли зиндон маҳкум кард. Ҳукми ин шаҳрванди Тоҷикистонро додгоҳи ноҳияи Зюзинои Маскав рӯзи 1-ми июл содир кардааст.

Баъди партоби пуфакҳои оташгиранда, Исроил ба Ғазза ҳамла кард

Ozodi.org 

Ҳавопаймоҳои ҷангии Исроил ба маҳалли тавлиди силоҳи Ҳамос дар Ғазза, пас аз оне ки шаби гузашта пуфакҳои оташгиранда ба сӯи Исроил партоб шуд, зарба заданд. Артиши Исроил рӯзи 2-уми июл дар ин бора хабар дод. Дар бораи талафоти ҷонӣ ва маҷрӯҳон то ба ҳол гузориш нарасидааст. Ин даври севвуми зарбаҳои ҳавоии Исроил ба Ғазза пас аз хатми муноқишаи 11- рӯза дар моҳи май аст, ки бар зидди роҳбарони Ҳамос дар Ғазза анҷом дода шуд. Ҳар як ҳамлаи ҳавоӣ, дар посух ба партоби пуфакҳои оташгиранда аз сӯи пайравони Ҳамос... Читать дальше...

Неруҳои амрикоӣ пойгоҳи ҳавоии Багромро тарк карданд

Ozodi.org 

Артиши Иёлоти Муттаҳидаи Амрико пойгоҳи низомии Багром воқеъ дар шимоли Кобулро пас аз тақрибан 20 сол ба ихтиёри нерӯҳои амниятӣ ва дифоии Афғонистон дод. Дар ин бора мансабдорони Амрико рӯзи 2-уми июл хабар доданд.  Манобеъ дар Вазорати дифои Афғонистон ҳам таъйид карданд, ки нерӯҳои амрикоӣ аз пойгоҳи Багром берун шуданд ва онро дар ихтиёри нерӯҳои афғон гузоштанд.  Ин пойгоҳи азим, ки Иттиҳоди Шӯравӣ бунёд кардааст, бузургтарин иншооти низомиест, ки нерӯҳои ИМА ва НАТО дар Афғонистон истифода мекунанд. Читать дальше...

Сироҷиддин Муҳриддин дар Вашингтон бо вазири корҳои хориҷии ИМА дидору гуфтугӯ кард

Ozodi.org 

Вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Амрико дар Вашингтон бо ҳам мулоқот намуда, роҳҳои густариши ҳамкориҳои дуҷонибаро баҳсу баррасӣ кардаанд. Масъалаи сулҳи пойдор дар Афғонистон аз мавзуъҳои дигари гуфтугӯи дипломатҳои баландпояи Тоҷикистону Амрико будааст. Ҳамзамон дар Вашингтон ҳаштумин даври машваратҳои сиёсӣ байни Амрикову Тоҷикистон баргузор шудааст. Вазорати корҳои хориҷии Амрико хабар дод, ки мулоқоти Антони Блинкен ва Сироҷиддин Муҳриддин рӯзи 1-уми июл баргузор шуд. Ба иттилои манбаъ... Читать дальше...

Дар Русия аз муҳоҷирон маълумотномаҳои бештари тиббӣ талаб мешавад

Ozodi.org 

Владимир Путин, президенти Русия қонунеро имзо кард, ки тибқи он аз ин ба баъд аз шаҳрвандони хориҷӣ ҳангоми сафар ба Русия изи ангушт ва маълумотномаи тиббӣ дар бораи надоштани бемориҳои хатарнок талаб мешавад. Ин санад дар пойгоҳи интернетии маълумоти ҳуқуқӣ нашр шудааст. Талаботи нав ба шаҳрвандоне рабт дорад, ки бо сафаре бештар аз 3-моҳа вориди Русия шудан мехоҳанд. Шаҳрвандони хориҷӣ бояд давоми 90 рӯзи пас аз вуруд ба Русия ин санадҳоро датсрас кунанд. Аммо муҳоҷирони корӣ вазифадор мешаванд... Читать дальше...

Вакилони қирғиз тарҳи қонуни афв бахшида ба 30-солагии истиқлолро таҳия карданд

Ozodi.org 

Як гуруҳ аз вакилони порлумони Қирғизистон лоиҳаи қонун дар бораи эъломи афви маҳбусон бахшида ба 30-солагии истиқлоли давлатии он кишварро таҳия кардаанд, ки аз 1 июл дар баррасии ом қарор дорад. Тибқи лоиҳаи қонуни мазкур, мардони аз 60-сола ва занони аз 55-сола боло, маъюбони гуруҳҳои якум ва дувум, нонварони хонаводаҳое, ки ду ва зиёда фарзанди ноболиғ доранд, онҳое, ки бори аввал ҷиноят содир кардаанд ё камтар аз як соли муҳлати ҷазояшон мондааст, озод хоҳанд шуд. Қонун ба шахсоне, ки барои ҷиноятҳои махсусан вазнин зиндонӣ шудаанд... Читать дальше...

Дар Узбекистон ба кудакони хонаводаҳои камбизоат 50-долларӣ кумак мекунанд

Ozodi.org 

Кӯдакони хонаводаҳое, ки дар Узбекистон шомили "Дафтари оҳанин" ҳастанд, моҳи август барои хариди лавозимот ва либоси мактабӣ 500-ҳазорсӯмӣ (ҳудуди 50-долларӣ) кумаки молӣ дарёфт хоҳанд кард. Дар ин бора президенти Узбекистон Шавкат Мирзиёев 30 июн дар Форуми ҷавонон ва донишҷӯёни он кишвар хабар дод. Ба гуфтаи намояндаи расмии президенти Узбекистон Шерзод Асадов, Мирзиёев ҳамчунин гуфтааст, пули таҳсили соли аввали донишҷӯён аз хонаводаҳои шомили "Дафтари оҳанин"-ро низ давлат пардохт мекунад. Читать дальше...


Спорт в России и мире

Новости спорта


Новости тенниса
ATP

Медведев остался лучшим среди россиян в обновлённом рейтинге ATP, Рублёв — восьмой






Оладьи из икры минтая и голубцы с грибами: рецепты необычных постных блюд

В ЦАО и ЮВАО в Москве временно закроют подземные пешеходные переходы

В большой семье. Ногайский нож возвращается

В Подмосковье открыт Кубок России по бодибилдингу