Мы в Telegram
Добавить новость
ru24.net
World News in Tajik
Июль
2021

Сироҷиддин Муҳриддин дар Вашингтон бо вазири корҳои хориҷии ИМА дидору гуфтугӯ кард

0
Сироҷиддин Муҳриддин дар Вашингтон бо вазири корҳои хориҷии ИМА дидору гуфтугӯ кард

Вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Амрико дар Вашингтон бо ҳам мулоқот намуда, роҳҳои густариши ҳамкориҳои дуҷонибаро баҳсу баррасӣ кардаанд. Масъалаи сулҳи пойдор дар Афғонистон аз мавзуъҳои дигари гуфтугӯи дипломатҳои баландпояи Тоҷикистону Амрико будааст. Ҳамзамон дар Вашингтон ҳаштумин даври машваратҳои сиёсӣ байни Амрикову Тоҷикистон баргузор шудааст.

Вазорати корҳои хориҷии Амрико хабар дод, ки мулоқоти Антони Блинкен ва Сироҷиддин Муҳриддин рӯзи 1-уми июл баргузор шуд. Ба иттилои манбаъ, оқои Блинкен ба аҳамияти робитаҳои дуҷонибаи Амрикову Тоҷикистон таъкид намуда, аз нақши Тоҷикистон дар раҳбарии масоили амнияти минтақавӣ қадрдонӣ кардааст.

Вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистону Амрико таъкид кардаанд, ки сулҳи пойдор дар Афғонистон ба рушди иқтисодӣ ва ҳамгироӣ дар минтақа мусоидат мекунад. Ҳамкориҳои дуҷонибаи бештар дар заминаи пешбурди ҳуқуқҳои инсон, озодиҳои асосӣ ва рушди иқтисодӣ, аз мавзуъҳои дигари гуфтугӯи Антони Блинкен ва Сироҷиддин Муҳриддин будааст.

Дар ҳамин ҳол, рӯзи якуми июл ҳаштумин даври машваратҳои сиёсӣ байни Амрикову Тоҷикистон доир шудааст. Ба иттилои дафтари матбуоти Вазорати корҳои хориҷии Амрико, ҳайати Тоҷикистонро дар ин нишастҳо Сироҷиддин Муҳриддин ва ҳайати амрикоиро иҷрокунандаи мақоми ёвари вазири корҳои хориҷии ИМА дар умури Осиёи Ҷанубӣ ва Марказӣ Ден Томпсон раҳбарӣ карданд.

Ҳайатҳо дар ин мулоқот роҷеъ ба масоили амниятӣӣ, ҳуқуқи башар, энержӣ ва иқтисод, расидагии муштарак ба таҳдидҳои амниятӣ дар минтақа, ҳамкорӣ дар самти мубориза бо терроризм, мусоидат ба озодиҳои динӣ ва мубориза бо хариду фурӯши одамон, гуфтугӯ кардаанд.

Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон ҳам хабар дод, ки дар машваратҳои сиёсӣ ҳамкориҳои дуҷониба дар чор буъд -- сиёсиву иқтисодӣ, амниятӣ ва инсонӣ, баррасӣ шуданд.

Амрико дар 30 соли ҳамкорӣ дар бахши хусусӣ, кишоварзӣ, тандурустӣ, маориф, муассисаҳои демократӣ ва амният дар Тоҷикистон садҳо миллион доллар кумак кардааст. Давлати Амрико дар бунёду бозсозии дидбонгоҳҳои марзӣ дар Тоҷикистон саҳм гирифта ва ба нерӯҳои низомӣ таҷҳизоти фаннӣ, техника ва воситаҳои нақлиёт додааст.




Moscow.media
Частные объявления сегодня





Rss.plus




Спорт в России и мире

Новости спорта


Новости тенниса
Андрей Рублёв

На кураже: Рублёв пробился в финал «Мастерса» в Мадриде, Медведев снялся из-за травмы






Аналитик Юшков: после санкций ЕС крупными покупателями стали Индия и Китай

Врач Аршакян: избежать осложнений после маммопластики поможет опытный хирург

Для закономерности не хватает третьего. Два этих события фактически подтверждают догадки об атаках в «глубине страны»

Адвокат задержан по делу о взятке на 90 миллионов