Мы в Telegram
Добавить новость
ru24.net
World News in Tajik
Июль
2021

Дар Африқои Ҷанубӣ артиш барои ором кардани эътирозҳо даст ба кор шуд

0
Дар Африқои Ҷанубӣ артиш барои ором кардани эътирозҳо даст ба кор шуд

Мақомоти Ҷумҳурии Африқои Ҷанубӣ тасмим гирифтанд, ки артишро барои муқобила кардан бо беназмиҳои оммавӣ истифода баранд. Сокинон дар пайи ҳукми ҳабси президенти пешини он кишвар Ҷейкоб Зум даст ба эътироз заданд.

Охири моҳи июн додгоҳи Африқои Ҷанубӣ Зумро 15 моҳ ҳабс кард. Додгоҳ президенти пешинро дар саркашӣ кардан аз додани шоҳидӣ дар бораи фасодкории солҳои 2009-2018 айбдор донист. Зум он солҳо президенти Африқои Ҷанубӣ буд. Ҳафтаи гузашта, замоне, ки Зум довталабона таслими мақомот шуд, эътирози ҷонибдорони вай шуруъ гардид. Дар чанд рӯзи эътирозҳо на камтар аз 6 кас кушта шудааст.

Дар вилояти Квазулу-Натал, ки Ҷейкоб Зум ба маҳбаси онҷо ирсол шудааст, эътирозҳои оммавӣ ба оташзании иншоот ва ғоратгарӣ печидааст. Ғораргариву оташзанӣ дар вилояти Гаутенг низ рух додааст.

Мақомот гуфтанд, дар ин ду вилоят наздики 500 ширкатдори бетартибиҳоро боздошт кардаанд.




Moscow.media
Частные объявления сегодня





Rss.plus




Спорт в России и мире

Новости спорта


Новости тенниса
Андрей Рублёв

Рублёв стал победителем «Мастерса» в Мадриде






Фестиваль Stereoleto в 2024 году охватит две столицы

Автобусы начнут напрямую курсировать из Нижнего Новгорода в Йошкар-Олу

В Подмосковье возбудили дело после угроз школьника убить семью одноклассницы

Сына замминистра МВД России отправили в колонию