Мы в Telegram
Добавить новость
ru24.net
World News in Tajik
Июль
2021

Блинкен аз президенти Тунис эҳтиром ба демократияро тақозо кард

0
Блинкен аз президенти Тунис эҳтиром ба демократияро тақозо кард

Департаменти давлатӣ  рӯзи 26 июл бо нашри изҳороте гуфт, ки котиби давлатии ИМА Энтони Блинкен дар як сӯҳбати телефонӣ бо президенти Тунис Қайс Саид, ки ахиран ҳукуматро ба истеъфо фиристода бо кӯмаки артиш кори парлумонро ҳам қатъ кард, риояи меъёрҳои  демократиро тақозо кардааст. Дар изҳорот омадааст, ки Блинкен “аз президент Саид тақозо кард, ки ба принсипҳои демократия ва ҳуқуқи башар ҳамчун асоси мудирият дар Тунис пойбанд бимонад”.

СММ рӯзи 26 июл ба оромишу сулҳ дар Тунис даъват кард. Фарҳон Ҳақ, сухангӯи дабири кулли СММ Антонио Гутерреш рӯзи 26 июл аз ҳама ҷонибҳо даъват кард, ки “аз хештандорӣ кор гиранд, даст ба хушунат назананд ва оромиши вазъиятро таъмин кунанд”. Ҳақ гуфт, ки “тамоми баҳсу норизоиятҳо бояд аз роҳи муколама ҳал шаванд”. Ӯ дар ин масъала, ки то куҷо СММ вазъияти Тунисро ҳамчун талоши сарнагун кардани қудрат арзёбӣ мекунад ё на, изҳори назар накард.

Рӯзи 26 июл, вақте президент Қайс Саид нахуствазири кишвар Ҳишом Машиширо ба истеъфо фиристод ва кори парлумонро ба муддати 30 рӯз қатъ кард, дар беруни бинои парлумон низое бархост. Ин иқдоми президентро ҳизби калонтарини исломии Аннаҳда ҳамчун “табаддулот” маҳкум намуд. Дар натиҷа, барои ҳимояти биноҳои ҳукуматӣ дар ин кишвари Африқои Шимолӣ артишро ҷалб карданд.




Moscow.media
Частные объявления сегодня





Rss.plus




Спорт в России и мире

Новости спорта


Новости тенниса
Елена Рыбакина

Казахстан узнал еще одну печальную новость после сюрприза Рыбакиной






Свадебные традиции Псковской области демонстрирует стенд региона на выставке «Россия» в Москве

Спутники падают, головы болят, а лето меняет климат: последствия сильнейшей магнитной бури

Сергей АРУТЮНОВ на своём сольном концерте в Государственном Кремлёвском Дворце презентовал дуэт с Родионом Газмановым. Артисты вместе исполнили хит “Люси”

Газзаев заявил, что у «Зенита» притупилась мотивация