Мы в Telegram
Добавить новость
ru24.net
World News in Tajik
Июль
2021

Байден: рисолати ҷангии сарбозони амрикоӣ дар Ироқ охири исол поён меёбад

0
Байден: рисолати ҷангии сарбозони амрикоӣ дар Ироқ охири исол поён меёбад

Президенти ИМА Ҷо Байден гуфт, нирӯҳои амрикоӣ дар поёни соли 2021 рисолати худро дар Ироқ хотима медиҳанд, вале нақши онҳо ба ҳайси мушовирону тамриндиҳандагони артиши ироқӣ идома хоҳад ёфт. Дар ин бора Байден рӯзи 26-уми июл ҳангоми мулоқоташ бо нахуствазири Ироқ Мустафо Козимӣ дар Кохи Сафед хабар дод. Дар изҳороти муштараки ИМА ва Ироқ, ки онро Департаменти давлатӣ нашр кард, омадааст, ки ҳамкориҳо  сари масоили тамрин, машваратдиҳӣ ва табодули иттилои махфӣ тамаркуз хоҳад кард.

ИМА моҳи апрел гуфт, ки 2500 низомии амрикоӣ дар Ироқ монда, кори худро дар самти тамрину машварат идома медиҳанд, вале нагуфт, ки тағйири нақши онҳо кай сурат мегирад. Ҷейн Псаки, сухангӯи Кохи Сафед ба саволи ин ки аз 2500  сарбози амрикоӣ то охири соли ҷорӣ дар Ироқ чӣ шуморе аз онҳо боқӣ мемонанд, посух надод.

Нирӯҳои амрикоӣ 18 сол пеш ба хотири сарнагун кардани Саддом Ҳусайн вориди Ироқ шуданд ва баъдан раҳбарии эътилофи зидди тундгароҳои “Давлати исломӣ”-ро, ки ба кишвар таҳдид мекарданд, ба ӯҳда гирифтанд. Дар изҳороте, ки Кохи Сафед нашр кард, омадааст, ки Байден ва Козимӣ ба идомаи шарикии амниятӣ таъкид намуданд.




Moscow.media
Частные объявления сегодня





Rss.plus




Спорт в России и мире

Новости спорта


Новости тенниса
Новак Джокович

Открытый чемпионат Италии: Новак Джокович получил сильный удар после выхода в третий раунд после Корантена Муте | Теннисные новости






Народная артистка России Людмила Дугарова в главной роли в фильме Монголии

Звезды российской эстрады поздравили молодоженов на Выставке “Россия”

Свадебные традиции Псковской области демонстрирует стенд региона на выставке «Россия» в Москве

Боевые гранаты обнаружены в туалете военного госпиталя имени Бурденко в Москве