Толибон назорати марз бо Тоҷикистонро ба афроди "Ансоруллоҳ" доданд. Маҳдӣ Арсалон кист? ВИДЕО
Толибони афғон мегӯянд, нисбат ба ҳамсояҳо ягон нақшаи бад надоранд. Аммо онҳо дар ҳассостарин нуқтаҳои марзи байни ду кишвар гуруҳи “Ансоруллоҳ”-ро масъули марзбонӣ гузоштаанд, ки аъзо ва тарафдоронаш дар Тоҷикистон бо иттиҳоми терроризм таҳти пайгард ҳастанд.