Мы в Telegram
Добавить новость
ru24.net
World News in Tajik
Июль
2021

Толибон бо мақомоти Чин мулоқот карданд

0
Толибон бо мақомоти Чин мулоқот карданд

Толибон гуфтанд, ки ҳайате ба раҳбарии Мулло Абдулғанӣ Бародар, аз ҳаммуассисони ин гурӯҳи ҷангӣ, дар Пекин бо мақомоти Чин гуфтугӯ кардааст. Муҳаммад Наим, сухангӯи Толибон дар як изҳороташ тавассути Твиттер 28-уми июл навишт, ки “сиёсат, иқтисодиёт ва ҳам масоили марбут ба амният дар ҳарду кишвар ва ҳам вазъи феълии Афғонистон ва ҷараёни сулҳ дар ин нишаст баррасӣ шудааст”.

Сафари дурӯзаи ҳайати Толибон ба Чин дар ҳолест, ки юриши ҷангиёни ин гурӯҳ дар саросари Афғонистон, ки бо Чин ҳаммарз аст, тавсеа меёбад ва хуруҷи нирӯҳои амрикоӣ аз ин кишвар идома дорад. Ҷангиёни ин гурӯҳ нуқтаҳои зиёди марзӣ, аз ҷумла дар марз бо Тоҷикистонро зери назорати худ даровардаанд ва талошҳои дастёбӣ ба натиҷа дар музокироти сулҳ бо Толибон дар Қатар ҳам то ҳол натиҷа надодааст.

Дар изҳороти вазорати хориҷаи Чин омадааст, ки Ван И, вазири хориҷаи Чин ба Толибон гуфтааст,  Пекин тамомияти арзии Афғонистонро эҳтиром мекунад. Наим гуфт, Толибон Чинро мутақоид карданд, ки иҷоза намедиҳанд, то Афғонистон ба ҳайси пойгоҳи гурӯҳҳое ба муқобили кишварҳои дигар истифода шавад.




Moscow.media
Частные объявления сегодня





Rss.plus




Спорт в России и мире

Новости спорта


Новости тенниса
Карен Хачанов

Теннисист Хачанов вышел в третий круг "Мастерса" в Риме






Президентская дочь и многодетная мать-одиночка. Чем вдохновляет история Лейлы Алиевой?

Холодная пошла: когда отключат горячую воду в Москве и Петербурге

Молодежь Поморья представила регион на ВДНХ в День национальных приоритетов

Российские звезды пообщались со случайными пассажирами на «Солнце Москвы»