Мы в Telegram
Добавить новость
ru24.net
World News in Tajik
Июль
2021

Қарзи "Барқи тоҷик" дар назди нерӯгоҳи "Сангтӯда-1" ба 1,1 млрд сомонӣ расидааст

0
Қарзи

Қарзи ширкати "Барқи тоҷик" дар назди нерӯгоҳи "Сангтӯда -1" дар ним соли ҷорӣ 279 миллион сомонӣ бештар шудааст.  Маъмурияти нерӯгоҳи "Сангтӯда-1" рӯзи 27-уми июл бо нашри як изҳорот гуфт, ширкати "Барқи тоҷик" ҳамагӣ 33 дарсади пули барқи тавлидкардаи ин нерӯгоҳро пардохт мекунад. Аз ин рӯ, қарзи ширкати "Барқи тоҷик" дар назди нерӯгоҳи "Сангтӯда-1" дар ним соли равон боз ҳам 297 миллион сомонӣ афзоиш ёфта, дар маҷмӯъ ба 1 миллиарду 89 миллион сомонӣ расидааст.  

Тавре аз ҷадвали нашркардаи маъмурият бармеояд, нерӯгоҳи “Сангтӯда-1” бо камтар аз нисф ва ё 42,2 дарсади иқтидораш кор мекунад. Нисфи зиёде аз тавоноии ин нерӯгоҳ истифода намешавад, дар ҳоле, ки сокинони Тоҷикистон аз камбуди нерӯи барқ ҳатто дар тобистон ранҷ мебаранд. Ҳафтае қабл сокинони ноҳияҳои Суғди Тоҷикистон қатъ шудани интиқоли нерӯи барқ ба хонаҳояшон шикоят карда буданд.  

Сохтмони нерӯгоҳи “Сангтӯда-1” соли 2006 бо сармоягузории Русия оғоз ёфта, соли 2009 ба анҷом расид. Қудрати нерӯгоҳ 670 мегават дар як солро ташкил медиҳад.    Айни замон тақрибан 75 дарсади саҳмияҳои нерӯгоҳи "Сангтӯда-1" дар дасти ширкатҳои давлатии Русия -- "Росатом" ва "Интер РАО ЕЭС" ва 25 дарсади дигар дар ихтиёри Тоҷикистон қарор дорад.




Moscow.media
Частные объявления сегодня





Rss.plus




Спорт в России и мире

Новости спорта


Новости тенниса
WTA

Азаренко вышла в четвертьфинал турнира WTA-1000 в Риме






Московский "Спартак" не выигрывает трофеи с 2022 года

МЖД изменила расписание поездов из-за ремонта на станциях

Жаловалась на головную боль. В Балашихе пятиклассница умерла от инсульта

Биолог Глазков объяснил, почему не стоит трогать гуляющих на улице утят