"Аз инқилоб ва ошӯб мегуфтанд". 7 сол зиндон "барои норозигӣ аз сиёсати ҳукумати Тоҷикистон"
Бар асоси ҳукми Додгоҳи ҳарбӣ, ки моҳи майи имсол эълон ва танҳо 28-уми июл тавассути сомонаи Додситонии кул расонаӣ шуд, Абдусаттор Мирзоев ба ҷонибдорӣ аз ҳизби дар Тоҷикистон мамнӯи наҳзати исломӣ ва "тамос бо Муҳаммадиқболи Садриддин ва Ҳусейн Ашӯров" гунаҳкор шудааст.