Мы в Telegram
Добавить новость
ru24.net
World News in Tajik
Февраль
2023

Новости за 08.02.2023

Биноҳои нави Душанбе ба зилзила тоб меоранд?

Ozodi.org 

Заминларзае, ки дар Туркияву Сурия садҳо биноро ба хок яксон кард, баҳси ба заминларза тобовар будани баландошёнаҳои Душанберо ба бор овард. Сокинон шикоят доранд, ки баландошёнаҳо бесифат сохта шудаанд ва шояд ба заминларза тоб наоранд. Мақомот мегӯянд, ба заминларзаи 9-дараҷаӣ тоб меоранд.

Маскун дар хонаи шавҳари собиқ, аммо бе об ва бе барқ. ВИДЕО

Ozodi.org 

Бештар аз 1000 зани тоҷик соли гузашта дар хонаҳои шавҳарони собиқи худ маскун шудаанд. Инҳо заноне ҳастанд, ки талоқ гирифтаанд, вале додгоҳ қисме аз моликияти шавҳарро ба онҳо дода. Зиндагӣ дар канори шавҳари собиқ барои занҳои тоҷик чӣ гуна аст ва роҳи ҳал дар куҷост?

Маскун дар хонаи шавҳари собиқ, бе обу бе барқ

Ozodi.org 

Бештар аз 1000 зани тоҷик соли гузашта дар хонаҳои шавҳарони собиқи худ маскун шудаанд. Инҳо заноне ҳастанд, ки талоқ гирифтаанд, вале дар додгоҳ қисме аз моликияти шавҳарро ба онҳо додаанд. Зиндагӣ дар канори шавҳари собиқ барои занҳои тоҷик чӣ гуна аст ва роҳи ҳал дар куҷост?

Шарти намоиши сурудҳоро дар телевизион гуфтанд

Ozodi.org 

Раҳбарияти Кумитаи телевизион ва радиои Тоҷикистон иддао дорад, ки барои роҳ ёфтани сарояндаҳои маъруф ба телевизионҳои давлатӣ монеае вуҷуд надорад. Бархе овозхонҳои шинохта бар инанд, ки онҳоро дар телевизионҳои кишвар нишон намедиҳанд ва ин амали мақомот барояшон муаммо боқӣ мондааст.

Маргу зиндагӣ. Пайомадҳои заминларза дар Туркия ва Сурия

Ozodi.org 

Заминларзаи сахте, ки рӯзи 6-уми феврали имсол Туркия ва Сурияро такон дод, ҷони ҳазорҳо нафарро рабуд. Ҳазорҳо каси дигар дар зери харобаҳо мондаанд. Амалиёти наҷот ва ҷустуҷӯйи одамон дар ду кишвар идома дорад. Аксҳо баёнгари ҳоланд.



Роҳи маҳви фасод дар Тоҷикистон кадом аст?

Ozodi.org 

Созмони Transparency International (Шаффофияти Байнулмилал) дар гузорише гуфт, "коррупсия дар Тоҷикистон расм шудааст" ва "мақомот ислоҳоти бунёдӣ намегузаронанд". Барномаи "Гапи Озод" дар ин бора аст.

Тоҷикистон ба Афғонистон чӣ қадар барқ дод?

Ozodi.org 

Ин оморро Радиои Озодӣ дар як санади расмии Хадамоти гумруки Тоҷикистон ёфт. Бар он, Тоҷикистон давоми сол ба Афғонистон тақрибан 1,7 миллиард киловат соат барқ додааст. Ҳар киловат соат бо нархи миёнаи 4,3-сентӣ.

Қазоқистон ба Туркия 1 миллион доллар медиҳад

Ozodi.org 

Қосимҷомарт Тоқаев, президенти Қазоқистон, ба ҳукуматаш дастур дод, ки ҳамчун кумаки фаврӣ ба Туркия 1 миллион доллар фиристанд. Дар ин бора мақомоти Қазоқистон 8-уми феврал хабар доданд.

"Пул диҳанд, минбар медиҳем." Баҳси "рӯйхати сиёҳ" дар ТВ-ҳои Тоҷикистон

Ozodi.org 

Масъулони Кумитаи телевизион ва радиои Тоҷикистон мегӯянд, барои намоиш додани ин ё он шахс дар ТВ-ҳои давлатӣ "рӯйхати сиёҳ" вуҷуд надорад. Баъзе аз овозхонҳои шинохта ҳамвора шикоят доранд, ки онҳоро ба телевизионҳои кишвар роҳ намедиҳанд.

Новости России
Москва

Шапки женские на Wildberries — скидки от 398 руб. (на новые оттенки)


Футболбозони навраси тоҷик бозиро дар Минск бо Беларус мусовӣ карданд

Ozodi.org 

Дастаи мунтахаби наврасони футболи Тоҷикистон (U-17) бо роҳбарии сармураббӣ Раҳматулло Фузайлов бозии дуюмашро дар мусобиқаи байналмилалии «Ҷоми рушд-2023» дар Минск бо тими Беларус (U-16) бо ҳисоби мусовии 2:2 анҷом дод.

Даргузашти ҳунарманди шинохта Чилахон Холов

Ozodi.org 

Ҳунарманди шоистаи Тоҷикистон Чилахон Холов пас аз бемории тӯлонӣ шаби гузашта дар шаҳри Душанбе даргузашт. Дар ин бораи дӯстони ӯ дар шабакаҳои иҷтимоӣ хабар доданд. Маросими ҷанозаи ӯ имрӯз, 8-уми феврал дар маҳаллаи Пахтакори ноҳияи Синои пойтахт доир мешавад. Ин овозхони шинохта аз чанд моҳ ба ин тараф аз беморӣ ранҷ мебурд. Чиллахон Холовро тақрибан як сол пеш ҷарроҳии гурда ҳам карда буданд. Ин овозхони шинохта дар поёни солҳои 80 аз тариқи гурӯҳи "Ганҷина" ба саҳнаи бузург омад ва бештар сурудҳои мардумиро мехонд. Читать дальше...

Узбекистону Қирғизистон гуфтугӯи аломатгузории марзро оғоз карданд

Ozodi.org 

Мақомоти Қирғизистон ва Узбекистон баъди ба поён расидани раванди таъйини хатти марзҳои давлатии ду кишвар ба аломатгузории он пардохтанд. Бино ба иттилои хабаргузории узбекии "Газета.уз", нахустин мулоқоти гуруҳҳои кории ду кишвар барои аломатгузории марзҳо аллакай баргузор шуда, қарор аст, рӯзҳои наздик мулоқоти дувум низ барпо шавад. Муовини вазири умури хориҷии Узбекистон Баҳромҷон Алоев ҳам рӯзи сешанбе гуфт, ки гуруҳҳои кории ду кишвар оид ба аломатгузории марз гуфтугӯро оғоз карданд. ... Читать дальше...


Спорт в России и мире

Новости спорта


Новости тенниса
WTA

Линетт сыграет против Соболенко во втором круге турнира WTA в Мадриде






В Петербурге начали запускать фонтаны

Депутат Барсуков провел заседание комитета по самоуправлению в Серебряных Прудах

Стало известно, где в России самые дорогие загородные дома

Сотрудники Коломенского отдела вневедомственной охраны ГУ Росгвардии Московской области написали «Диктант Победы»