Мы в Telegram
Добавить новость
ru24.net
World News in Tajik
Февраль
2023

Новости за 28.02.2023

Дар Хоҷаи Аъло биное месозанд, ки солҳо боз набуд. ВИДЕО

Ozodi.org 

Дар деҳаи марзии Хоҷаи Аъло (Исфара) ба зудӣ нахустин кӯдакистонро мекушоянд. Сохтмонаш дар чорчӯби тарҳи CASA-1000 анҷом мешавад. Ин деҳа аз чанд тараф бо маҳаллаҳои Қирғизистон часпида, саҳнаи даргириҳо низ шудааст. То ҳоло дар инҷо чунин муассиса барои кӯдакон набуд.

“Нони хӯрдан надорем, дар ҳавои хунук мондем”

Ozodi.org 

Автобусе, ки 70 муҳоҷири тоҷикро аз вилояти Хатлон ба Русия мебурд, дар наздикии вилояти Самара дармондааст. Ин дар ҳолест, ки ваъда шуда буд, муҳоҷирон дар чор рӯз ба Маскав расонда мешаванд. Дар роҳ автобус борҳо вайрон шудааст.

Раиси вилояти Сурхондарёро баъди барканорӣ боз мансаб гирифт

Ozodi.org 

Тура Боболов, раиси вилояти Сурхондарёи Узбекистон дар охири моҳи декабри соли 2022 баъд аз танқиди президент аз мақом ронда шуда буд. Ба вай дар Палатаи савдову саноати Узбекистон вазифаи нав додаанд.

Дар марз бо Қирғизистон кӯдакистон месозанд

Ozodi.org 

Дар деҳаи марзии Хоҷаи Аъло (Исфара) ба зудӣ нахустин кӯдакистонро мекушоянд. Сохтмонаш дар чорчӯби тарҳи CASA-1000 анҷом мешавад. Ин деҳа аз чанд тараф бо маҳаллаҳои Қирғизистон часпида, саҳнаи даргириҳо низ шудааст. То ҳоло дар инҷо чунин муассиса барои кӯдакон набуд.

Блинкен бо вазирони 5 кишвари Осиёи Марказӣ вохӯрд. ВИДЕО

Ozodi.org 

Энтони Блинкен, котиби давлатии Амрико, рӯзи 28-уми феврал дар шаҳри Остона ва дар чаҳорчӯби "C5+1" бо вазирони корҳои хориҷии панҷ кишвари Осиёи Марказӣ вохӯрд. Дар нишаст ба тақвияти ҳамкориҳои иқтисодӣ, энержӣ, муҳити зист ва амният таваҷҷуҳ шудааст.



Ахбори Озодӣ аз 28-уми феврали соли 2023

Ozodi.org 

Мулоқоти Энтони Блинкен бо вазирони корҳои хориҷии кишварҳои Осиёи Марказӣ дар Остона, сарнавишти муҳоҷирони бандмонда дар роҳ ба Русия, санҷиши биноҳо дар Душанбе ва сохтмони аввалин кӯдакистон дар деҳаи дурдасти Исфара.

Санҷиши биноҳои баландошёна дар Душанбе

Ozodi.org 

Як гуруҳ аз мутахассисон ба санҷиши биноҳои навбунёду баландошёнаро дар Душанбе ва ду шаҳри дигари Тоҷикистон сар кардаанд, ки оё ба заминларза тобоваранд ё не. Санҷиш то нимаи моҳи март идома хоҳад кард. Кумисюнро пас аз заминларзаи харобиовар дар Туркия таъсис доданд.

Ҷопон чанд мансабдору ширкати русиро "сахт" гирифт

Ozodi.org 

Дар рӯйхати нави таҳримҳо аз ҷумла муовини вазири мудофиаи Русия Виктор Горемикин, роҳбари ширкати "Калашников" Алан Лушников, хешовандони Рамазон Қодиров, раҳбари Чеченистон ва афроди дигар дохил шудаанд.

Санҷиши баландошёнаҳо дар Тоҷикистон пас аз зилзилаи маргбори Туркия. ВИДЕО

Ozodi.org 

Як гуруҳи мутахассисон санҷиши биноҳои навбунёду баландошёнаро дар Душанбе ва ду шаҳри дигари Тоҷикистонро сар кардаанд, ки оё ба заминларза тобоваранд ё не. Санҷиш то нимаи моҳи март идома хоҳад кард. Кумисюнро пас аз заминларзаи харобиовар дар Туркия таъсис доданд.

Темур Умаров: "Мумкин аст, мисли Раҳмон аз Русия таваҷҷуҳ бихоҳанд, вале аз ҷанг нагӯянд"

Ozodi.org 

Энтони Блинкен, котиби давлатии Амрико, бо сафари расмӣ дар Қазоқистон аст. Ӯ дар чаҳорчӯби С5+1 бо вазирони корҳои хориҷии кишварҳои Осиёи Марказӣ, аз ҷумла Тоҷикистон, мулоқот мекунад. Сафари нахустини Блинкен ба минтақа, ки аз ҳампаймони муҳими Русия аст, суолу тахминҳои зиёдеро ба бор оварда.

Месси беҳтарин футболбози соли 2022 аз рӯи фарзияи FIFA дониста шуд

Ozodi.org 

Федератсияи байналмилалии футбол (FIFA) ҳамлагари бошгоҳи “ПСЖ”-и Фаронса ва мунтахаби Аргентина Лионел Мессиро беҳтарин футболбози ҷаҳон дар соли  2022 эълон кард. Ба ғайр аз Месси барои ин унвон ҳамдастааш аз бошгоҳи "ПСЖ", ҳамлагари мунтахаби Фаронса Килиан Мбаппе, инчунин ҳамлагари "Реал"-и Мадрид ва тими миллии Фаронса Карим Бензема муддаӣ буданд. Месси дар Ҷоми ҷаҳонии футбол-2022 дар Қатар дар ҳайати тими миллии Аргентина қаҳрамони ҷаҳон шуд. Дарвоқеъ, ин ҳамлагари 35-сола, ки дар муддати... Читать дальше...

Вокуниши вазорат ба эътирози муҳоҷирон, аммо тавсиф аз ширкати сохтмонӣ

Ozodi.org 

Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон ба қазияи эътирози муҳоҷирони тоҷику узбек ба напардохтани маошашон аз сӯи як ширкати русӣ вокуниш кард. Ҳафтаи гузашта садҳо муҳоҷири тоҷику узбек аз он норозигӣ карданд, ки се моҳ боз наметавонанд маоши худро дарёфт кунанд.

Дар Қирғизистон як мард барои латтукӯби фарзанди яксолааш ҳабс шудааст

Ozodi.org 

Додгоҳи ноҳияи Свердлови шаҳри Бишкек мардеро, ки дар латтукӯби ҳамсар ва фарзанди яксолаи худ гумонбар мешавад, ҳабс кард. Дар хадамоти матбуотии додгоҳ гуфтанд, ки гумонбар то 26-уми апрели имсол дар ҳабс мемонад. Қаблан пулиси Свердлов хабар дода буд, ки як зан 25 феврал аз болои шавҳари худ шикоят кардааст. Ба гуфтаи зан, шавҳараш ӯ ва кудаки яксолаашро шадидан латтукӯб карда, ба онҳо осеби ҷисмонӣ расонидааст. Зидди мард бо банди "шиканҷа" парванда боз шудааст. Ба ӯ аз 50 то 100 ҳазор сом ҷарима ё то се соли зиндон таҳдид мекунад. Читать дальше...


Спорт в России и мире

Новости спорта


Новости тенниса
WTA

Мирра Андреева замыкает год // 16-летняя российская теннисистка успешно стартовала на крупном турнире WTA в Мадриде






Более 1,2 тысячи горожан получили квартиры по реновации для людей с ОВЗ

Тайна Благодатного огня: откуда берется и почему не обжигает

Эксперты дали советы по выбору идеального района для семейной жизни в Москве

Рубль на открытии торгов Московской биржи вырос к доллару