Мы в Telegram
Добавить новость
ru24.net
World News in Tajik
Февраль
2023

Новости за 20.02.2023

Ҷаҳон аз пандемияи COVID-19 "дарс" нагирифт?

Ozodi.org 

Як муассисаи бузурги имдодӣ дар ҷаҳон мегӯяд, агар пандемияи дигаре ба мисли COVID-19 такрор шавад, дигарбора кишварҳои ҷаҳонро ғофилгир мекунаду сабаби мусибат мегардад. Федератсияи Байнулмилалии Ҳилоли Аҳмар ва Салиби Сурх гуфт, кишварҳои ҷаҳон аз пандемияи COVID-19 дарс нагирифтанд.

"Дар масҷиди мо намоз мехонанд." Марзи Тоҷикистону Қирғизистон боз мешавад? ВИДЕО

Ozodi.org 

Намояндагони чанд идораи давлатӣ дар шимоли Тоҷикистон аз эҳтимоли боз шудани гузаргоҳҳои сарҳадӣ бо Қирғизистон хабар доданд. Асосан ин нуктаро раҳбарони мақомоти интизомӣ дар суҳбат бо рӯзноманигорон охири ҳафтаи гузашта баён доштанд. Сарҳади ду кишвар тақрибан ду сол боз бастааст.

Мақомот мегӯянд, шояд марз бо Қирғизистон боз шавад

Ozodi.org 

Мақомоти вилояти Суғд аз эҳтимоли ба зудӣ боз шудани гузаргоҳҳои марзии байни Тоҷикистону Қирғизистон хабар доданд. Онҳо ҳафтаи гузашта зимни нишастҳои хабарӣ гуфтанд, ки суҳбатҳо бо мақомоти қирғиз дар ин бора ҳосили хуб додааст.

Шарҳи чанд парвандаи муҳим дар Додгоҳи олӣ

Ozodi.org 

Шермуҳаммади Шоҳиён, раиси Додгоҳи олии Тоҷикистон, чанд парвандаи муҳим, аз ҷумла дар бораи боздошту ҳукми додрасҳо, эътирозгарон дар Бадахшон ва хабарнигорони тоҷикро шарҳ дод.



Нигаронӣ аз афзоиши сурхакон дар Тоҷикистон

Ozodi.org 

Вазири тандурустии Тоҷикистон аз афзоиши бемории сурхакон дар соли 2022 ибрози ташвиш кард. Садҳо кӯдак гирифтор шудаанд. Ҷамолиддин Абдуллозода гуфт, дар соли 2021 ҳамагӣ даҳ мавриди сирояти сурхакон дар кишвар сабт шуда буд.

Беш аз 28 ҳазор соҳибкор дар Тоҷикистон корро бас кардаанд. Чаро? ВИДЕО

Ozodi.org 

Беш аз 28 ҳазор соҳибкор дар Тоҷикистон корро бас кардаанд. Соҳибкорон санҷиши зиёд ва гаронии андоз (молиёт)-ро аз сабабҳои асосӣ медонанд. Намояндагони Кумитаи давлатии сармоягузорӣ вазъро ба "набудани маърифати молиявӣ" пайванд доданд.

Медали нуқраи давандаи тоҷик дар мусобиқаи байналмилалӣ дар Қазоқистон

Ozodi.org 

Фаворис Музрапов, варзишгари тоҷик, дар мусобиқаи байналмилалӣ оид ба варзиши сабук барои дарёфти ҷоизаҳои қаҳрамони олимпӣ Олга Рипакова, ки 18-уми феврал дар шаҳри Уст-Каменогорски Қазоқистон баргузор шуд, медали нуқра ба даст овард.

Алиев: "Бахшҳое аз низом"-и Эрон дар ҳамла ба сафорат даст доштанд. Теҳрон: Аз пешдоварӣ дурӣ шавад

Ozodi.org 

Илҳом Алиев, раиси ҷумҳури Озарбойҷон рӯзи шанбеи 18-уми феврал ниҳодҳои вобаста ба ҳукумати Эронро ба даст доштан дар ҳамлаи мусаллаҳона ба сафорати ин кишвар дар Теҳрон муттаҳам кард.

Отамбоев мулоқоти ҳамаи президентҳои собиқ бо Содир Ҷабборовро шарҳ дод

Ozodi.org 

Алмосбек Отамбоев, президенти пешини Қирғизистон мулоқоти ҳамаи президентҳои пешинро бо президенти кунунии он кишвар Содир Ҷабборов шарҳ дод. Шаҳри Отамбоев дар "Фейсбук" нашр шуд. Отамбоев гуфт, ибтидо ӯро танҳо ба мулоқоти президент Содир Ҷабборов ва раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Қирғизистон Қамчибек Тошиев даъват карда буданд. "Ман ҳам ҷонибдори сулҳу ваҳдат дар кишвар ҳастам. Дар ин бора ҳам суҳбат кардам. Ва ман ҳадафҳои неки президент Ҷабборовро қадр мекунам. Аммо дар охири мулоқот вазъе пеш омад... Читать дальше...

Дар Алмато "номзадҳои мустақил" гирдиҳамоӣ карданд

Ozodi.org 

Рӯзи якшанбеи 19-уми феврал дар боғи ба номи Гандии шаҳри Алматои Қазоқистон фаъолон, номзадҳои мустақил ба мақоми вакилӣ "маъракаи таблиғотӣ" ташкил карданд. Гуруҳе, ки худро "номзадҳои мустақил" номиданд, гуфт, ба порлумон бояд одамони дар воқеъ озод шомил шаванд, на касоне, ки "танҳо тугма пахш карданро медонанд". Барои ин, ба гуфтаи онҳо, бояд нозирони мустақил интихоботро назорат кунанд. Ин гирдиҳамоиро мақомоти шаҳри Алмато иҷоза дода буданд ва дар он ҳудуди 50 кас иштирок кард. Ҷамъомад ҳудуди як соат идома кард. Читать дальше...

Дар Бишкек як касро бо гумони қатли се узви як оила боздошт карданд

Ozodi.org 

Дар шаҳри Бишкеки Қирғизистон як касро бо гумони қатли се узви як оила боздошт карданд. Ба иттилои вазорати корҳои дохилии Қирғизистон, боздоштшуда марди соли таваллудаш 1986, сокини вилояти Бодканди он кишвар аст. Дар пайи ин ҳодиса бо моддаи "Куштор" парвандаи ҷиноӣ боз шудааст. Расонаҳо менависанд, боздоштшуда корманди пешини Кумитаи давлатии амнияти миллии Қирғизистон аст. Ин куштор шаби 16 ба 17 феврали соли ҷорӣ дар минтақаи 5-уми шаҳри Бишкек рух додааст. Дар ин ҳодиса як модар бо ду кӯдаки ноболиғаш кушта шудааст.


Спорт в России и мире

Новости спорта


Новости тенниса
WTA

Мария стала соперницей Азаренко на турнире WTA в Мадриде






Выставка «Россия» на ВДНХ – личное впечатление

Эксперты назвали 11 бюджетных способов покрасить яйца на Пасху без химии

«Второй рассвет счастья»: каким знакам зодиака повезет в любви в мае

Рубль на открытии торгов Московской биржи вырос к доллару