Мы в Telegram
Добавить новость
ru24.net
World News in Tajik
Февраль
2023

Новости за 09.02.2023

"Девору боми хона ба болоямон афтод" ВИДЕО

Ozodi.org 

Идлиби Сурияро, ки дар сарҳад бо Туркия ҷойгир аст ва солҳо боз ҷабри ҷангро мекашад, заминларзаи шадиди 6-уми феврал дар вазъияте баде гузоштааст. Маъмурони идораҳои имдодӣ мегӯянд, минтақа ба кумакҳои фаврии байнулмилалӣ эҳтиёҷ дорад.

Чаро 11 000 донишҷӯи тоҷик ба донишгоҳ нарафтанд?

Ozodi.org 

Дар Тоҷикистон баъзе аз донишгоҳҳо муҳтоҷи донишҷӯ шуданд. Соли гузашта бештар аз даҳ ҳазор хатмкунандаи мактаб ва довталаби идомаи таҳсил бо вуҷуди супурдани имтиҳону муваффақ шудан ба донишгоҳҳо наомаданд. Чаро? Пули таҳсил надоштаанд, ё чизи дигар?

Кумитаи забон ба номгузории фурӯшгоҳҳо эрод дорад

Ozodi.org 

Кумитаи забон ва истилоҳоти Тоҷикистон пешниҳод кардааст, ки барои пешгирӣ аз хато дар номи ширкатҳо соҳибкорон пеш аз сабти номи ниҳоди худ аз ташхиси забоншиносӣ гузаранд. Пешниҳоди мазкур баҳсҳоро дар бораи эҷоди монеаи дигар дар роҳи соҳибкорӣ барангехтааст.

Заминларза Идлиби ҷангзадаро вайронтар кард

Ozodi.org 

Теъдоди қурбониёни заминларзаҳои мудҳиши рӯзи 6-уми феврал дар Туркия ва Сурия аз 19 ҳазор нафар гузашт. Талоши наҷоти афроде, ки зери биноҳои фурурехта мондаанд, идома дорад, вале айни замон шикоят аз таъхир дар кумакрасонӣ низ зиёд аст. Мардуми Сурияи ҷангзада дар ин байн азоби бештар мекашанд.



Зиндонии пешини Шинҷон тавонист, ба назди хонаводааш равад

Ozodi.org 

Сарсенбек Акбар, қазоқтаборе аз минтақаи худмухтори Шинҷон ва шавҳари яке аз эътирозгарони назди консулгарии Чин дар шаҳри Алмато Гулнур Косдаулет баъди шаш сол тавонист, ба назди хонаводааш ба Қазоқистон равад.

Вазорат хост, баррасии бастани "Озодӣ"-ро ба таъхир гузоранд

Ozodi.org 

Вазорати фарҳанг, иттилоот, варзиш ва сиёсати ҷавонони Қирғизистон аз Додгоҳи шаҳри Бишкек хостааст, баррасии баҳси ин ниҳодро бо бахши қирғизии Радиои Озодӣ ба таъхир гузорад. Вазорат ҳамчунин гузаронидани ташхиси забоншиносиро дархост кардааст.

Пул ё қонуни артиш. Чаро таваҷҷуҳ ба донишгоҳҳои Тоҷикистон кам шуд?

Ozodi.org 

Ҳудуди 60 ҳазор кас соли гузашта ба донишгоҳҳои Тоҷикистон дохил шуда, бештар аз 11 нафар ба дарс ҳозир нашудаанд. Дар Маркази миллии тестӣ сабабро напардохтани пули шартнома гуфтанд. Дигарон қонуни хидмат дар артишро далел меоранд.

Ширкати панҷ варзишгари тоҷик дар қаҳрамонии Осиё

Ozodi.org 

Варзишгарони тоҷик дар мусобиқоти 10-уми қаҳрамонии Осиё оид ба варзиши сабук дар иншооти сарпӯшида, ки рӯзҳои 10-12-уми феврал дар пойтахти Қазоқистон - шаҳри Остона - баргузор мешавад, ширкат хоҳанд кард.

Новости России
Москва

Жёсткие экологические требования решат инновационные энерготехнологии


Теъдоди қурбониёни зилзила аз 15 ҳазор нафар гузашт

Ozodi.org 

Идораи ҳолатҳои фавқулодаи Туркия эълон кард, ки шумораи қурбониёни зилзила дар ин кишвар ба 12 ҳазору 391 кас ва теъдоди захмиҳо ба 62 ҳазору 914 нафар расид. Дар Сурия аз кашфи 3042 ҷасад аз зери вайронаҳо хабар доданд. Шумори захмиҳои зилзила дар Сурия 5635 тан эълон шуд.

Соли гузашти аз кони "Қумтор" 17,3 тона тило истихроҷ шудааст

Ozodi.org 

Дар соли 2022 аз кони "Қумтор" дар Қирғизистон 17,3 тона тило истихроҷ шудааст. Дар ин бора Алмос Бариктабасов, роҳбари ширкати "Кумтор Голд Компани" хабар дод. Бариктабасов гуфт, ки ширкат дар соли гузашта 32,1 млрд сом андоз пардохтааст, ки ин нишондод нисбат ба соли 2021 6,6 дарсад бештар аст. Қаблан ширкати канадагии Centerra Gold Inc. тавассути ширкати фаръии "Қумтор Голд Компани" ба коркарди кони тилои Қумтори Қирғизистон машғул буд. Дар ин кон солона то 15-17 тона тило истихроҷ мешуд. Читать дальше...

Узбекистон ба Туркманистон 20 мошини "Ёрии таъҷилӣ" тақдим кард

Ozodi.org 

Туркманистон ҳамчун кӯмаки дӯстона ба Узбекистон гази моеъ ирсол кард. Узбекистон дар посух ба Туркманистон мошинҳои муосири "ёрии таъҷилӣ" фиристод. Ин доду гирифт ба муносибати 30-солагии робитаҳои дипломатии ду кишвар сурат гирифтааст. Узбекистон дар посух ба дарёфти гази моеъ, ба Туркманистон 20 мошини "ёрии таъҷилӣ"-и навъи "Volkswagen Caddy" ирсол кардааст.


Спорт в России и мире

Новости спорта


Новости тенниса
WTA

Как Рыбакиной стать второй ракеткой мира: расклад от WTA






Санаторное отделение НИКИ детства приняло 223 пациента с февраля

Ефимов: в Перове возвели девятый дом в рамках программы реновации

Врач Тяжельников рассказал о допустимой порции шашлыка