Мы в Telegram
Добавить новость
ru24.net
World News in Tajik
Февраль
2023

Новости за 23.02.2023

Ҳинд аз Чин мегузарад?

Ozodi.org 

Қарор аст имсол аҳолии Ҳинд аз аҳолии Чин зиёдтар шавад. Аҳолии Чин пиру камтар мешавад, вале аксар сокинони Ҳинд ҷавонанд. Ба қавли мутахассисон аҳолии ҷавон барои Ҳинд имкони пешрафти зиёд медиҳад, ба шарте ки нерӯи ҷавони кориро дуруст истифода барад.

Сафир наҷотбахшони тоҷикро қаҳрамон номид

Ozodi.org 

Гурӯҳи наҷотбахшони тоҷик, ки барои кӯмак дар баратарафсозии оқибатҳои зилзилаи маргбор ба Туркия рафта буданд, ба ватан баргаштанд. Имдодгарон, ки шаби 21-уми феврал баргаштанд, нақл карданд, ки корашон сахту хатарнок буд, аммо вазифаи худро иҷро карданд.

Дар Қирғизистон категорияи 546 ҳектар заминро тағйир додаанд

Ozodi.org 

Муовини вазири кишоварзии Қирғизистон Мурат Раматов 22-юми феврал дар порлумони он кишвар гуфт, дар доираи афви замин, ки соли гузашта эълом шуда буд, категорияи 546 ҳектар замин тағйир дода шудааст.

Дар Тоҷикистон аз он рӯ мегардонанд, дар Маҷористон рӯ меоранд. ВИДЕО

Ozodi.org 

Дар ҳар гӯшаи ҷаҳон, аз ҷумла Тоҷикистон, хонаҳои гилин ва ё коҳгилӣ нишонае аз фақру қашшоқӣ ба ҳисоб мераванд. Ҳоло дар Маҷористон (Венгрия), яке аз кишварҳои Аврупои пешрафта, сохтмони ин навъи хонаҳо зиёд шудааст, зеро онҳоро камхарҷ ва баръакси хонаҳои бетонӣ муносиб барои муҳити зист медонанд.

Хонаҳои коҳгилӣ ба Аврупо бармегарданд. Чаро?

Ozodi.org 

Дар ҳар гӯшаи ҷаҳон, аз ҷумла Тоҷикистон хонаҳои гилин ё коҳгилӣ нишонае аз фақру қашшоқӣ ба ҳисоб мераванд. Ҳоло дар Маҷористон, яке аз кишварҳои Аврупои пешрафта, сохтмони ин навъи хонаҳо андак-андак зиёд шудааст, зеро онҳоро камхарҷ ва баръакси хонаҳои бетонӣ барои муҳити зист муносиб медонанд.



Зане дар Қирғизистон мехоҳад, фарзандонашро бо номи вай шиносанд

Ozodi.org 

Додгоҳи конститутсионии Қирғизистон дархости фаъоли шаҳрвандӣ Олтин Капаловаро ба баррасӣ гирифт, ки пештар Додгоҳи олӣ нагузошта буд, вай ба фарзандонаш ба ҷои номи падар номи худашро диҳад.

Омодагии варзишгарони тоҷик ба "Tashkent Grand Slam 2023"

Ozodi.org 

Дар мусобиқаи байналмилалии ҷудо “Tashkent Grand Slam 2023”, ки рӯзҳои 3-5-уми март дар пойтахти Узбекистон – Тошканд - баргузор мешавад, Тоҷикистонро 13 варзишгар (11 мард ва 2 зан) намояндагӣ хоҳад кард.

Русия сохтмони лӯлаи газро ба Чин тавассути Қазоқистон баррасӣ дорад

Ozodi.org 

Русия сохтмони лӯлаи газро ба Чин тавассути Қазоқистон баррасӣ дорад. Дар ин бора рӯзи 22 феврал вазири энержии Қазоқистон Болат Акчулаков хабар дод. Айни замон ширкати қазоқистонии QazaqGaz ва ширкати энержии Русия "Газпром" масъалаи коркарди пешакии асосноксозии техникиву иқтисодии тарҳи мазкурро барои омӯзиши маҷмуи масъалаҳои сохтмони лӯлаи байналхалқии Русия-Қазоқистон-Чин баррасӣ доранд. Вазир аз муҳлати коркарди асосноксозии иқтисодиву техникӣ ва дигар ҷиҳатҳои лӯлаи мазкур хабар надод. Читать дальше...

Дар Тошканд сохтмончиёнро барои занозании гуруҳӣ ҳабс карданд

Ozodi.org 

Ба иттилои расонаҳои маҳаллӣ, рӯзи 20-уми феврал дар ноҳияи Яккасарои шаҳри Тошканди Узбекистон 30 сохтмончӣ занозанӣ кардаанд. Ҳамаи сохтмончиён дар як ширкати сохтмонӣ дар ноҳияи мазкур кор мекунанд. Занонзанӣ баъди он шуруъ шудааст, ки сохтмончиёни аз ноҳияи Ҷиззах ба шаҳри Тошканд омада, миёни ҳам ҷанҷол кардаанд. Пулиси шаҳри Тошканд мегӯяд, дар ин занозанӣ касе ҷароҳати ҷиддӣ набардоштааст. 28 тан аз шумори иштирокдорони занозанӣ боздошт шудааст. Бо қарори додгоҳи ноҳияи Яккасаройи... Читать дальше...

"Гоҳе то нимаи шаб кор мекардем". Наҷотбахшони тоҷик аз Туркия баргаштанд. 12 АКС

Ozodi.org 

Дастаи панҷоҳнафараи наҷотдиҳандагони Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи Тоҷикистон, ки рӯзи 9-уми феврал барои кӯмак ба осебдидагони заминларза ба Туркия рафта буданд, шаби гузашта ба ватан баргаштанд.

КМВА ва "Регар-ТадАЗ" дар финали Ҷоми ФФТ-2023 бозӣ мекунанд

Ozodi.org 

Дастаҳои КМВА (Клуби марказии варзишии артиш)-и Душанбе ва «Регар-ТадАЗ»-и Турсунзода ба финали Ҷоми ФФТ (Федератсияи футболи Тоҷикистон)-2023 роҳ ёфтанд. Бозиҳои даври ниманиҳоии Ҷоми ФФТ-2023 рӯзи чоршанбеи 22-юми феврал дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Ҳисор баргузор шуданд. Дар бозии аввали нимфиналӣ КМВА бар дастаи «Панҷшер»-и ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ бо ҳисоби 2:1 пирӯз шуд. Бозии дигари ниманиҳоӣ миёни дастаҳои «Регар-ТадАЗ» ва «Равшан»-и Кӯлоб бо ғалабаи футболбозони шаҳри Турсунзода бо ҳисоби 5:3 хотима ёфт. Читать дальше...

Зилзилаи 6,8-дараҷаӣ Тоҷикистонро такон дод

Ozodi.org 

Субҳи панҷшанбеи 23-юми феврал заминларзаи шадид қаламрави Тоҷикистонро такон дод. Зилзила соати 5:40 дақиқаи вақти маҳаллӣ рух дод ва дар Душанбе замин ба муддати тақрибан 20-25 сония ларзид ва сокинони минтақаҳои дигари Тоҷикистон низ шиддати зилзиларо ҳис кардаанд. Зилзила дар Чин, Афғонистон, Покистон, Қирғизистон ва Узбекистон ҳам ҳис шудааст. Ба гуфтаи Маркази зилзилашиносии Амрико, маркази зилзила дар 47-километрии Аличури Мурғоб, воқеъ дар шарқи Тоҷикистон, мебошад. Қувваи зилзила дар маркази он 6,8 дараҷа будааст. Читать дальше...


Спорт в России и мире

Новости спорта


Новости тенниса
Арина Соболенко

Арина Соболенко призналась в том, что не любит женский теннис






В ДК «Головково» Наро-Фоминского округа прошел турнир по шахматам

Комик Евгений Чебатков вышел в свет с женой-актрисой

Синоптик Ильин: дождь в Москве прекратится к вечеру

Синоптик Тишковец: на столицу в субботу прольется 30% от месячной нормы осадков