Мы в Telegram
Добавить новость
ru24.net
World News in Tajik
Февраль
2023

Новости за 17.02.2023

Русия шароити кору зиндагии муҳоҷиронро сахттар мекунад

Ozodi.org 

Русия тасмими сахттар кардани шароити будубоши муҳоҷиронро дорад. Ба навиштаи матбуоти маҳаллӣ, Вазорати корҳои дохилии Русия мехоҳад, шароити будубоши муҳоҷирон дар ин кишварро сахттар кунад. Пешниҳод шудааст, ки муҳоҷирон аз кишварҳои шӯравии собиқ бе раводид дар як сол танҳо се моҳ ҳақи зиндагӣ дар Русияро дошта бошанд. Пештар муҳоҷирон агар дар се моҳ аз ҳудуди Русия берун шуда, дубора ворид мешуданд, ҳаққи идомаи кору зиндагӣ пайдо мекарданд Гузашта аз ин, мақомоти рус ният доранд, боҷӣ муҳоҷирати ҷорӣ кунанд. Читать дальше...

Тими миллии футболи Тоҷикистон бо Иморот ва Кувайт бозии дӯстона мекунад

Ozodi.org 

Дастаи мунтахаби миллии футболи Тоҷикистон бо роҳбарии сармураббӣ Петр Сегрт, мутахассиси хорватӣ, дар даҳаи ахири моҳи март ду бозии дӯстона баргузор мекунад.    Ба иттилои Федератсияи футболи Тоҷикистон, мунтахаби кишвар 25-уми март дар шаҳри Дубай бо тими миллии Имороти Муттаҳидаи Араб бозии дӯстона анҷом медиҳад. Баъдан 28-уми март тими миллии Тоҷикистон дар шаҳри Ал-Кувайт бо мунтахаби Кувайт рақобат мекунад. Ин бозиҳои дӯстона барои мунтахаби миллии Тоҷикистон яке аз марҳилаҳои омодагӣ ба қисми ниҳоии Ҷоми Осиё... Читать дальше...

Рӯзи гузашта дар Тоҷикистон 69 ҳолати тармафароӣ сабт шудааст

Ozodi.org 

Дар як шабонарӯзи гузашта дар Тоҷикистон 69 ҳодисаи фаромадани тарма сабт гардидааст, ки 44 ҳолат дар вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ба амал омадааст. Рӯзи 16- уми феврал дар шоҳроҳи Душанбе-Чаноқ 11 тарма ва дар қаламрави ноҳияҳои Нуробод 14 ҳодисаи тармафароӣ сабт шудааст. Кумитаи ҳолатҳои фавқуллода мегӯяд, бо сабаби ин офати табиӣ ҳаракати нақлиёт дар роҳҳои Душанбе – Хоруғ, Хоруғ- Ишкошим-Мурғоб ва Душанбе- Чаноқ имконнопазир шудааст. Корҳо оид ба рафъи оқибатҳои тармафароӣ идома доранд. Читать дальше...

Қирғизистон: Баррасии ду даъвои Радиои Озодӣ ба таъхир афтод

Ozodi.org 

Додгоҳе дар шаҳри Бишкеки Қирғизистон рӯзи 17 феврал шикояти Радиои Озодиро нисбат ба вазорати фарҳанг, иттилоот, варзиш ва сиёсати ҷавонони Қирғизистонро ба баррасӣ гирифт. Бахши қирғизии Радиои Озодӣ аз баста шудани сомонаҳояш ба додгоҳ шикоят бурда буд. Судя ба котиботи додгоҳ дастур дод, ки барои муайян кардани вазъи ҳуқуқии телевизиони "Настоящее время" ба вазорати адлияи он кишвар муроҷиат кунад. Гузориши мавриди баҳси вазорати фарҳанг бо бахши қирғизии Радиои Озодӣ - "Азаттик" дар телевизиони "Настоящее время" нашр шуда буд. Читать дальше...

Тоҷикистон ба зарардидагони Сурия кумак мефиристад

Ozodi.org 

Тоҷикистон дар рӯзҳои наздик ба мардуми аз заминларзаи осебдидаи Сурия кӯмаки башардӯстона мефиристад. Сироҷиддин Муҳриддин, вазири корҳои хориҷӣ 17-уми феврал зимни нишасти хабарӣ гуфт, кӯмаки Тоҷикистон ба Сурия аз маводи хӯрокворӣ, лавозимоти рӯзгор ва маводи беҳдоштӣ иборат хоҳад буд.   Мақомот гуфтанд, ҳаҷми кӯмаки башардӯстонаи Тоҷикистон ба Сурия дар умум 50 тонна хоҳад буд.   Вазири корҳои хориҷӣ дар посух ба суоли хабарнигорон гуфт, барои фиристодани наҷотдиҳандагон ба Сурия аз мақомоти ин кишвар ягон дархости расмӣ нагирифтаанд.

Додситонӣ ҳам гуфт, дар бораи Абдуллоҳи Шамсиддин хабар надоранд. Паc ӯ куҷост?

Ozodi.org 

Додситонии кулли Тоҷикистон ҳам мегӯяд, дар бораи боздошти Абдуллоҳи Шамсиддин, писари Шамсиддин Саидов, яке аз фаъолони мухолифини тоҷик, хабар надорад. Пештар Рамазон Раҳимзода, Вазири умури дохилии Тоҷикистон низ дар нишасти хабарии ниҳоди зери раҳбарияш гуфта буд, ки дар бораи ихроҷ ва боздошти Абдуллоҳи Шамсиддин маълумот надоранд. Абдуллоҳи Шамсиддин рӯзи 18-уми январи имсол аз Олмон ба Тоҷикистон ихроҷ шуд, вале наздиконаш мегӯянд, дар бораи макони будубоши ӯ хабар надоранд. Юсуф Раҳмон... Читать дальше...



Оҷонсӣ шарҳ дод, ки чаро раиси Рашт бозпурсӣ ва раҳбари дастгоҳаш боздошт шуданд

Ozodi.org 

Оҷонсии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия боздошти раиси дастгоҳи ноҳияи Рашт ва бозпурсии раиси ҳукумати ин ноҳияро шарҳ дод. Хабари бозпурсӣ ва боздошти Раҳимҷон Набизода (Муқимӣ) раиси ноҳияи Рашт ва раҳбари дастгоҳи ин ноҳия Холмуҳаммад Ортиқов, рӯзи 23-юми январ расонаӣ шуд. Насриддин Низомзода, сардори Раёсати тафтишотии Оҷонси назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия рӯзи 17-уми феврал дар нишасти хабарӣ гуфт, нисбати Холмуҳаммад Ортиқов, раҳбари дастгоҳи ноҳияи Рашт барои "қаллобӣ" парванда боз шудааст. Читать дальше...

Юсуф Раҳмон оташ задани мошини додситони Восеъро "қасдгирӣ" номид

Ozodi.org 

Додситонии кулли Тоҷикистон оташ задани мошини додситони ноҳияи Восеъро "амали қасдгирӣ" номид ва гуфт, ки тафтиши қазия идома дорад. Шаби 12 ба 13-уми феврал мошини хидматии Ҷумъаназар Сайидаҳамадзода, додситони Восеъ дар маҳаллаи Шамсиддин Шоҳини Кӯлоб оташ гирифт. Мақомот қаблан гуфтанд, ки як сокини 50-солаи Кӯлобро бо гумони оташ задани мошини ӯ боздошт намудаанд. Юсуф Раҳмон, Додситони кулли Тоҷикистон рӯзи 17-уми феврал зимни нишасти хабарӣ аз фарди боздоштшуда ном набурд, аммо гуфт, ки ӯ собиқ нотариуси ноҳияи Восеъ будааст. Читать дальше...

Мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон бо Сурия ду бозии дӯстона мекунад

Ozodi.org 

Дастаи мунтахаби футболи ҷавонони то 20-солаи Тоҷикистон бо роҳбарии  сармураббӣ Олег Кубарев, мутахассиси беларусӣ, дар доираи омодагӣ ба марҳилаи ниҳоии Ҷоми Осиё-2023 бо тими Сурия (U-20) ду бозии дӯстона анҷом медиҳад. Ба иттилои Федератсияи футболи Тоҷикистон, бозиҳои дӯстона миёни дастаҳои мунтахаби ҷавонони то 20-солаи Тоҷикистон ва Сурия рӯзҳои 21-ум ва 24-уми феврал дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Ҳисор баргузор мешаванд. Ҳарду бозӣ соати 16:00 оғоз меёбад. Ёдовар мешавем, қаблан дастаи... Читать дальше...

Сеул Куриёи Шимолиро расман "душман" эълом кард

Ozodi.org 

Куриёи Ҷанубӣ дар барномаи нави дифоии худ аз Куриёи Шимолӣ ба ҳайси "душман" ном гирифтааст. Ин дар давоми шаш соли ахир дар пайи сард шудани муносибатҳои ду кишвар бори нахуст аст. "Куриёи Шимолӣ аз бомбҳои ҳастаии худ даст намекашад ва барои мо таҳдиди доимии низомӣ дорад. Бинобар ин, ҳукумат ва артиши Куриёи Шимолӣ душмани мо аст", - омадааст дар барномаи низомии Куриёи Шимолӣ барои ду соли оянда. Ҳамчунин гуфта шуда, ки барномаи ҳастаии Куриёи Шимолӣ ва иғвогарии он ба амнияти Куриёи Ҷанубӣ "таҳдиди ҷиддӣ" дорад. Читать дальше...


Спорт в России и мире

Новости спорта


Новости тенниса
WTA

WTA озвучила Елене Рыбакиной условия для становления второй ракеткой мира






В Чурапчинском районе вынесен приговор члену ОПГ за покушение на сбыт наркотиков

Объем закупок на портале поставщиков в первом квартале 2024 года превысил 24 млрд руб.

Победительницей Всероссийского конкурса красоты стала Светлана Сологуб из Магнитогорска

Рубль утром растет к доллару