Мы в Telegram
Добавить новость
ru24.net
World News in Tajik
Февраль
2023

Новости за 24.02.2023

Қатъи нашри "Маърифат" дар Кӯлоб баҳсбарангез шуд

Ozodi.org 

Масъулони колеҷи омӯзгории Кӯлоб мегӯянд. Вазорати фарҳанг ба онҳо ҳушдор додааст, ки то сабти дубора аз чопи нашрияи ин муасисаи таълимӣ худдорӣ кунанд. Нашрияи "Маърифат" чор соли пеш таъсис ёфта буд ва дар он навиштаҳои омӯзгорону донишҷӯён нашр мешуд.

Амрико ба Тоҷикистон чаҳор мошини низомӣ дод

Ozodi.org 

Мошин ва қисмҳои эҳтиётиро ба маблағи беш аз 471 ҳазор доллар рӯзи 17-уми феврал супурданд. Дар маросим атташеи низомии Амрико дар Тоҷикистон, Бриттани Стюарт, иштирок дошт.

Кишоварзони Хатлонро бо абзори нав "мусаллаҳ" карданд

Ozodi.org 

Дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ даҳҳо кишоварз ба истифода аз усулҳои нави кишт шуруъ кардаанд, ки иҷоза медиҳад, дар зимистон ҳам мардум сабзаҷоте дошта бошанд, ки дар тобистон фурӯхта мешаванд. Ба кишоварзон бо васоили нави зироатпарварӣ USAID - Оҷонси Рушди Байналмилалии Амрико кумак кардааст.

"Тоҷикстандарт" дар Кӯлоб мутобиқ ба "стандарт" шуд

Ozodi.org 

Масъулини идораи "Тоҷикстандарт" дар Кӯлоб аз Ҳукумати кишвар хостаанд, барои санҷиши маҳсулоти сохтмонӣ дар ин минтақа озмоишгоҳе бунёд кунад. Ҳоло онҳо имкони тафтиши чунин маҳсулотро надоранд.



Қуръакашии мусобиқоти қаҳрамонии Тоҷикистон миёни дастаҳои лигаи олӣ  доир шуд

Ozodi.org 

Дар мусобиқоти имсола, ки бори 32-юм доир мегардад, даҳ даста – «Истиқлол», КМВА (ҳарду аз Душанбе), «Равшан» (Кӯлоб), «Хуҷанд», «Эсхата» (ҳарду аз Хуҷанд), «Хатлон» (Бохтар), «Файзканд» (Восеъ), «Регар-ТадАЗ» (Турсунзода), «Ҳосилот» (Фархор) ва «Кӯктош» (Рӯдакӣ) – иштирок мекунанд. Ба иттилои Лигаи футболи Тоҷикистон, мусобиқот бо иштироки даҳ даста дар ду давра сурат мегирад. Сипас, дар марҳилаи дуюм дастаҳо ба ду гурӯҳ тақсим мешаванд. Панҷ дастаи беҳтарин аз рӯи натиҷагирии марҳилаи аввал дар... Читать дальше...

Талоқ дар Тоҷикистон "гаронтар" шуд. ВИДЕО

Ozodi.org 

Дар Тоҷикистон, ки ҷудошавии оилаҳо боис ба нигаронӣ шудааст, боҷи давлатиро барои қатъи ақди никоҳ 7 баробар боло бурданд. Акнун ҳар касе, ки мехоҳад аз шавҳар ё занаш ҷудо шавад, бояд ба давлат қариб 500 сомонӣ супорад. Пештар ин маблағ 68 сомонӣ буд. Оё ин метавонад ҷуфтҳоро аз ҷудоӣ боздорад?

Талоқ дар Тоҷикистон "гаронтар" шуд

Ozodi.org 

Дар Тоҷикистон, ки масъулин аз афзоиши ҷудошавии оилаҳо изҳори нигаронӣ мекунанд, боҷи давлатӣ барои қатъи ақди никоҳро 7 баробар боло бурдаанд. Акнун ҳар касе, ки мехоҳад аз шавҳар ё ҳамсараш ҷудо шавад, бояд ба давлат қариб 500 сомонӣ супорад. Аммо оё ин метавонад ҷуфтҳоро аз роҳи ҷудоӣ гардонад?

Размикори тоҷик ба аввалин рақобаташ дар UFC омода мешавад

Ozodi.org 

Нурулло Алиев, размикори тоҷик дар муҳорибаҳои омехта (ММА), аввалин рақобаташро дар мусобиқоти UFC Vegas 70 дар вазни сабук шаби 26-уми феврал дар шаҳри Лас-Вегаси иёлати Невадаи ИМА баргузор мекунад.

Автобуси ҳомили муҳоҷирони Узбекистон дар Оренбург чапа шудааст

Ozodi.org 

Автобусе, ки дар масири "Нижний Новгород-Узбекистон ҳаракат мекард, дар шоҳроҳи Оренбург-Қазон, дар наздикиҳои истгоҳи "Татарская Каргала" чапа шудааст. Тибқи иттилои пулиси Оренбург, ронанда аз уҳдаи ҳаракат набаромадааст ва дар натиҷа автобус чапа шудааст. Дар дохили он 29 мусофир бо шумули кудакон қарор дошт. "Дар натиҷаи садама касе осеб надидааст. Ҳамаи мусофирон аз муойинаи табибон гузаштанд", - омадааст дар иттилоияи пулис.

Пулиси Қазоқистон ҳамла ба рӯзноманигорони мустақилро шарҳ дод

Ozodi.org 

Муовини аввали вазири умури дохилии Қазоқистон Марат Кожаев гуфт, фармоишӣ номидани ҳамла ба як қатор рӯзноманигорони мустақил дар арафаи интихоботи пеш аз муҳлати порлумонии ин кишвар, ки қарор аст, 19 октябр баргузор шавад, пешдоварӣ мебошад. "Тақрибан ҳамаи омилони ҳамла ба рӯзноманигорон, ба ҷуз ҳолати дирӯз, ки то ҳол шикоят нашудааст, дастгир гаштаанд. Ҳоло тафтишот идома дорад. Ангезаҳои ин ҷинояткориҳо ва бо фармони кӣ анҷом шудани онҳоро тафтишот муайян мекунад. Дар ҳоли ҳозир фармоишӣ номидани онҳо пешдоварӣ аст"... Читать дальше...


Спорт в России и мире

Новости спорта


Новости тенниса
Анастасия Потапова

Потапова всухую обыграла Шнайдер в 1-м круге турнира в Мадриде






Минцифры разработало новые требования к иностранцам при покупке sim-карт

Академия креативных индустрий АРН запускает школу декораторов

В Москве с 14 мая начнут отключать горячую воду для плановых работ на сетях

В России появился надежный кроссовер дешевле китайских